НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2024 шахсони ҳуқуқию воқеӣ ба маблағи беш аз 43 миллион сомонӣ суғурта шуданд

Февраль 3, 2025 14:40

ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли 2024 ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» 43 миллиону 960 ҳазор сомонӣ маблағ ворид гардид, ки нисбат ба нақшаи пешбинигардида 7 миллиону 822 ҳазор сомонӣ зиёд буда, иҷрои нақшаи солона 121,6% таъмин карда шуд. Дар ин хусус имрӯз, 3 феврал директори корхона Шуҳрат Мақсудзода зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон иттилоъ дод.

Аз маблағҳои суғуртавӣ корхона ба шахсони ҳуқуқию воқеии ба молу амвол ва ҳаёту саломатиашон зараррасида дар ҳаҷми 3 миллиону 375 ҳазору 300 сомонӣ маблағи суғуртавӣ пардохт намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар ин сол «Тоҷиксуғурта» бо шахсони ҳуқуқию воқеӣ дар маҷмуъ 356 ҳазору 721 шартномаи суғуртавӣ ба имзо расонид.

Аз шумораи умумии шартномаҳои басташуда 16 ҳазору 739 адад ба маблағи 3 миллиону 564 ҳазор сомонӣ суғуртаи ҳатмӣ ва 339 ҳазору 922 адад ба маблағи 40 миллиону 396 ҳазор сомонӣ суғуртаи ихтиёрӣ мебошад.

Директори Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» зимни нишаст аз он изҳори нигаронӣ намуд, ки аҳли ҷомеа ҳоло ҳам нисбат ба суғурта шудан беаҳамиятӣ зоҳир менамояд. Ҳарчанд гурӯҳҳои корӣ дар байни ҷомеа корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд, аммо то ҳол аксари онҳо аз чӣ сабаб бошад, ки ба суғуртакунӣ боварӣ надоранд.

«Дар ин замина барои баланд бардоштани маърифати аҳолӣ нисбат ба суғуртакунӣ имрӯзҳо дар аксар минтақаҳои ҷумҳурӣ аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон, ки дар гурӯҳи кории он кормандони корхонаи мо низ ҳастанд, машғулият гузаронида мешавад. Дар ин машғулият мутахассисон саводнокии молиявӣ, мақсад ва моҳияти суғуртакуниро шарҳу тавзеҳ медиҳанд»,- гуфт Шуҳрат Мақсудзода.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 3, 2025 14:40

Хабарҳои дигари ин бахш

«СУҒД — ЧОРРОҲАИ РОҲИ БУЗУРГИ АБРЕШИМ». Дар Суғд форуми сеюми байналмилалӣ доир мегардад
ИМРӮЗ — РӮЗИ УМУМИҶАҲОНИИ САЛОМАТӢ. Шоҳсутуни асосии саломатӣ варзиш, ғизои хуб ва хоб аст
«ЯКҶОЯ БА СӮИ САЛОМАТӢ…». Ба сокинони шаҳри Душанбе хизмати ройгони тиббӣ расонида шуд
Дар Коллеҷи информатика ва техникаи компютерии шаҳри Душанбе озмоишгоҳи физика ифтитоҳ шуд
Бахшида ба Рӯзи кормандони мақомоти иҷро ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
КАДБОНУИ БЕҲТАРИН. Дар Хуҷанд даври шаҳрии ин озмуни ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар Тоҷикистон «Ҳафтаи саломатӣ ва ҳуқуқи инсон» баргузор мегардад
Дар ноҳияи Ёвон бинои нави Суди ноҳия ба истифода дода шуд
Дар шаҳру ноҳияҳои Суғд Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон идома дорад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар самти ҳуқуқи инсон тақвият меёбад
СОЛИ ТАҚВИЯТУ ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИВУ ХУДОГОҲИИ МИЛЛӢ. Доир ба масоили ҳувияти миллӣ ва амнияти давлат ҳамоиши илмӣ баргузор шуд
Оид ба татбиқи нақшаи амали Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон конференсия доир шуд