НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Зиёда аз 1600 гектар замин ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид
ДУШАНБЕ, 06.01.2025 /АМИТ «Ховар/. Кумита барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда ва азхудкунии заминҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд. Ин аст, ки давоми соли 2024 майдони 1652 гектар, ки 1598 гектараш обӣ мебошад, ба гардиши кишоварзӣ ворид гардид. Дар ин хусус имрӯз зимни нишасти матбуотӣ Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода иброз намуд.
Аз ҷумла, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби дигар заминҳои дар кишоварзӣ истифоданашаванда 5 гектар, дар вилояти Суғд 817 гектар, дар вилояти Хатлон 793 гектар ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ 37 гектар ба гардиши кишоварзӣ ворид карда шуданд.
Ориф Хоҷазода афзуд, ки ин нишондиҳандаҳо қонеъкунанда нестанд. Зеро то ҳол дар ҷумҳурӣ 19 ҳазору 718 гектар заминҳои партов ва 4923 гектар заминҳои аз гардиши кишоварзӣ берунмонда мавҷуд ҳастанд, ки барои ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани онҳо Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор чораҷӯӣ менамояд.
Соли 2024 ба Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ 129 парвандаи заминсозӣ оид ба додани қитъаҳои замин, ки бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад, аз кумитаҳои идораи замини шаҳру ноҳияҳо барои экспертизаи ҳуҷҷатҳо ва мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ворид гардид. Аз онҳо баъд аз ташхиси техникӣ бинобар сабаби ҷой доштани камбудиҳо 30 парвандаи заминсозӣ бозпас гардонида шуд, 65 парванда ва 12 лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мувофиқакунӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор доранд.
Ҳоло 71 парвандаи заминсозӣ дар ҳолати мувофиқакунонӣ бо вазорату идораҳои дахлдори ҷумҳурӣ қарор дорад.
Дар давраи ҳисоботӣ оид ба гирифтан ва додани қитъаи замин 45 қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардид.
Дар нишаст иброз гардид, ки дар ин давра корхонаю муассисаҳои системаи Кумитаи давлатӣ ба маблағи 167 миллиону 128 ҳазор сомонӣ корҳои топографию геодезӣ, харитасозӣ ва бақайдгирии молумулки ғайриманқулро иҷро намуданд. Аз он 48,9 миллион сомонӣ ба буҷет пардохт шуда, маблағи боқимонда барои пардохти маош ва дигар хароҷот сарф гардид.
Раъно НУСРАТУЛЛО,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ 8,5 фоиз афзоиш ёфтааст
Корхонаи воҳиди давлатии «Почтаи Тоҷикистон» фаъолияташро дар шакли муосир ба роҳ мондааст
Дар Тоҷикистон 1028 гармхонаи доимамалкунанда мавҷуд аст
Дар ноҳияи Ҷайҳун ҷамъоварии сабзӣ идома дорад
МАВСИМИ ХУРМО ФАРО РАСИД. Аз истеъмоли ин мева барои саломатӣ истифода бояд бурд
Барои кишти соли 2027 беш аз 218 ҳазор тонна картошкаи тухмӣ захира мегардад
Дар нуҳ моҳи соли 2026 беш аз 15 ҳазор аъзои иттифоқи касаба ба солимгардонӣ фаро гирифта шуданд
Рушди низоми миллии зондкунии фосилавии Замин дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Дар Тоҷикистон вазъи мелиоративии беш аз 91 ҳазор гектар замин беҳтар гардонида мешавад
БЕХАТАРИИ КӮДАКОНРО ДАР РОҲҲО ЗЕҲНИ СУНЪӢ ТАЪМИН МЕСОЗАД. Байни Тоҷикистон ва Корея санади ҳамкорӣ ба имзо расид
Роҳи мошингарди Ваҳдат – Роғун дар муҳлати якуним сол сохта, ба истифода дода мешавад
МОРАТОРИЙ БА ҲАМА НАМУДИ САНҶИШҲОИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ СОҲИБКОРИИ ХУРДУ МИЁНА. Андешаҳо дар ин мавзуъ






