ОБ ВА САЛОМАТИИ ИНСОН. Нӯшидани оби тоза умри одамро ба ҳисоби миёна 15-20 сол зиёд менамояд

Февраль 25, 2025 15:19

ДУШАНБЕ, 25.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Об баъд аз ҳаво дар ҳаёти одам нақши муассир дошта, 75 фоизи ҷисми инсон аз он иборат аст. Аз ин рӯ одам бе об зиндагӣ карда наметавонад. Бо мақсади шарҳи бештари ин мавзуъ хабарнигори АМИТ «Ховар» бо муовини Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ Соҳибназар Зоҳиров ҳамсуҳбат гардид, ки фишурдаи он мазури хонандагон мегардад.

Соҳибназар Зоҳиров иброз дошт, ки одам метавонад бе хӯрок то 40 рӯз зиндагӣ намояд, аммо бе об то 5 панҷ рӯз зиндагӣ карда наметавонад, бинобар ин об дар организми инсон нақши муҳим дорад. Аз организми ҳар инсон дар як рӯз аз 2 то 5 литр об хориҷ мешавад ва зарур меояд, ки ҳар нафар дар як шабонарӯз бояд аз 2 то 5 литр об нӯшад. Инчунин 95 фоизи мағзи сари одам ба об вобастагӣ дорад.

Одамон барои зист ба маконҳои наздик ба манбаъҳои обӣ афзалият медоданд

«Аз замонҳои қадим ҳангоми интихоби ҷои истиқомат, одамон ба минтақаҳое афзалият медоданд, ки дар наздикии манбаъҳои обӣ, аз ҷумла дарё, кӯл, баҳр ва уқёнус ҷойгир бошанд. Азхудкунии қитъаи замин барои бунёди хона аз муайян кардани ҷойи обҳои зеризаминӣ барои сохтмони чоҳ оғоз меёбад, зеро ҳар шахс ба оби тозаю босифат ниёз дорад. Саломатии инсон бевосита аз муҳити зист ва захираҳои об вобаста аст. Муносибати эҳтиёткорона ба захираҳои об ба мо имкон медиҳад, ки захираҳои обиро самаранок истифода барем»,-мегӯяд ҳамсуҳбати мо.

Таркиби сабзавот аз об ғанӣ аст

Об асоси зиндагии инсон буда, ҷисми одам тавре сохта шудааст, ки бо гузашти умр намиро аз даст медиҳад. Аз кӯдакӣ сар карда, индекси таркиби об 85 фоизи тамоми баданро ташкил медиҳад. Бо баланд рафтани синну сол коэффитсиенти таркиби об коҳиш ёфта, дар бадани одамони калонсол сатҳи намӣ то 50 фоиз кам мешавад. Таркиби аксари сабзавот аз об асос ёфтааст, аз ҷумла дар бодиринг 96 фоиз, помидор- 95 фоиз, себ- 85 фоиз, картошка- 76 фоиз ва аз ҳама бештар фаровонии об дар тарбуз мушоҳида гашта, 97 фоизашро об ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, истеъмоли чунин навъи сабзавот дар баробари об барои саломатии одамон манфиат дорад.

Меъёри истифодаи об барои як нафар дар як шабонарӯз 250-300 литр аст

Муовини Сардори Хадамоти назорати давлатии санитарию эпидемиологии ҷумҳурӣ Соҳибназар Зоҳиров мегӯяд, ки одам барои истифода давоми умри худ ба об ниёз дорад, аз ҷумла дар бартараф кардани ташнагӣ, омода намудани хӯрок, шустушӯ, оббозӣ ва ғайра. Меъёри истифодаи об барои гигиенаи шахсӣ, аз ҷумла шустушӯ, кори хона, оббозӣ барои як шахс дар як шабонарӯз 250 то 300 литрро ташкил медиҳад. Давоми як сол ин омор тақрибан аз 30 то 60 тоннаро ташкил медиҳад. Ҳар рӯз мо миқдори зиёди обро тавассути арақ, нафаскашӣ, пешоб ва дигар системаҳои ихроҷӣ аз организм хориҷ менамоем. Аз ин рӯ, инсон набояд худро дар нӯшидани об маҳдуд намояд.

Дар як рӯз аз 2 то 5 литр оби тозаи филтршуда бояд нӯшем

Барои захира намудани об дар организм ҳар яки моро зарур аст, ки ҳар рӯз аз 2 то 5 литр оби тозаи филтршуда ва газдорнашуда бинӯшем. Кам-кам ва зуд-зуд нӯшидани об ба ҷисми инсон бештар манфиат дорад.

Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, обро ҳатман пеш аз хӯрок ва на дертар аз 1 соат пас аз хӯрок нӯшидан зарур аст. Дар ҳолати нарасидани об дар ҷисм одам ба бемориҳо гирифтор мешавад. Инчунин ҳангоми корҳои ҷисмонӣ ва дигар бемориҳо бояд организм бо об таъмин бошад.

Зи ҷӯйе, ки хӯрдӣ аз он оби пок…

Об ягона унсуре аст, ки тамоми ифлосиҳоро тоза менамояд. Ҳар шахс бояд доим кӯшиш намояд, ки оби тоза ва хушсифат истифода намояд.

Дар сатҳи ҷаҳон миллионҳо нафар одамон ба оби тозаю хушсифат дастрасӣ надоранд ва азият мекашанд. Ҳангоми муносибати нодуруст бо об, хусусан ифлос намудани манбаъҳои обӣ, партофтани ҳар гуна партовҳо ба соҳили дарёҳо, кӯлҳо, ҷӯйборҳо, каналҳо ва дигар манбаъҳои обӣ ин ҳолат боиси сар задани бемориҳои сироятӣ мегардад. Аз ин рӯ, пок ва дар ҳолати хуби тозагӣ нигоҳ доштани манбаъҳои обӣ на танҳо вазифаи кормандони идораю ниҳодҳои марбута, балки рисолати ҳар фарди ҷомеа мебошад.

Тавре шоир фармудааст:

Зи ҷӯйе, ки хӯрдӣ аз он оби пок,
Набояд фикандан дар он сангу хок.

Нӯшидани оби тоза умри одамро дароз менамояд

Соҳибназар Зоҳиров мегӯяд, ки “инсон давоми тамоми умр бояд реҷаи нӯшокиро нигоҳ дорад. Барои пешгирии чунин аломатҳои ногувор, ба монанди зуд хасташавӣ, сустӣ, асабоният, баланд шудани фишори хун ва дигар нишондиҳандаҳо ҳар яки моро зарур аст, ки бештар об нӯшем. Ба дараҷаи зарурӣ расонидани истеъмоли оби тоза умри одамро ба ҳисоби миёна 15—20 сол зиёд мекунад. Об ба барқароршавии пурраи бофтаҳо ва тамоми равандҳои функсионалии бадан мусоидат менамояд. Инчунин об кори узвҳои ҳозимаро беҳтар намуда, дар азхудкунии унсурҳои муҳими аз ғизо гирифташуда фаъолона иштирок менамояд.

Ҳамин тариқ, ба суръатбахшии мубодилаи моддаҳо ва барқарор кардани функсияҳои системаи иммунӣ мусоидат менамояд. Бо шарофати истифодаи оби тозаю хушсифат зуд шифо ёфтан ва ҷавон шудани тамоми бадан ва ба эътидол овардани вазн дар организми инсон ба амал меояд”.

Ташнагиро пинҳон накунед! Пеш аз хӯрок хӯрдан ҳатман об нӯшед!

Бадани инсон аз ду манбаъ- об ва карбогидратҳо неру мегирад. Об ба осонӣ аз организм коркарду хориҷ карда мешавад ва бо худ партовҳо ва токсинҳоро мегирад. Қисми зиёдатии карбогидратҳо дар организми инсон ба захираҳои чарбу табдил меёбанд, ки аз онҳо халос шудан хеле душвор аст. Эҳсоси гуруснагӣ ва ташнагӣ ҳамзамон ҳангоми кам шудани сатҳи қуввати бадани инсон ба вуҷуд меояд. Шахсе, ки ин сигналҳоро омехта мекунад, кӯшиш менамояд, ки яке аз онҳоро қонеъ намояд, ин ҳам бошад аксар вақт гуруснагиро.

Ташнагӣ аксар вақт ҳамчун иштиҳо пинҳон карда мешавад. Дар аввалин аломати гуруснагӣ барои хӯрдан шитоб кардан лозим нест. Аввалан, ба шумо зарур аст, ки захираи оби баданатонро пур кунед ва ба ин васила ба он барои поксозӣ ва барқароршавӣ кумак намоед ва низоми ҳозимаро барои хӯроки навбатӣ омода кунед.

Об барои азхудкунии ғизо дар организм аҳамият дорад

Оби ошомиданӣ хосияти поккунандагӣ, шифобахшӣ, барқароркунандагӣ ва навсозӣ дорад. Об бояд пурра поку тоза ва сифати баланд дошта бошад,- мегӯяд ҳамсуҳбати мо,- зеро тамоми нӯшокиҳо, аз қабили чой, қаҳва, афшура ва амсоли он аз ҷониби организм на ҳамчун об, балки чун ғизо қабул карда мешаванд.

Об инчунин барои азхудкунии ғизо дар организм аҳамияти аввалиндараҷа дорад ва онро бо энергияи зарурӣ бой менамояд. Пас аз он зарраҳои ғизо, ки ба микроэлементҳо тақсим мешаванд, тамоми маводи ғизоӣ дар баробари энергияро ба тамоми бадан интиқол медиҳанд. Бе об маҳсулоти хӯрокворӣ арзиши ғизоӣ ё энергетикӣ надорад, зеро онҳо танҳо ҳазм намешаванд. Бе иштироки хун, ки 90 фоизаш об аст, моддаҳои ғизоӣ мустақилона ба узвҳо ва бофтаҳои бадани инсон интиқол дода намешаванд.

Хулоса, об манбаи ҳаёт, гарави саломатии ҳар инсон ва дар маҷмуъ кулли мавҷудоти олам аст.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 25, 2025 15:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Риёз байни Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон ва Маркази имдоди Малик Салмон созишнома ба имзо расид
Чӣ тавр метавон интернети хонагиро бо нархи муфид пайваст намуд
Имсол дар хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент дар 3900 гектар картошка кишт карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Вобаста ба фаъолияти китобхонаҳо дар шароити ҷаҳонишавии технологияҳои муосир ҳамоиш баргузор шуд
«КИТОБ БАРОИ МУҲОФИЗОНИ ВАТАН». Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба сарбозон 1000 китоб тақдим намуд
Дар Парки инноватсионии саноатию технологии Дарвоз нӯшоба аз хуч ва чой бо таъми шафтолу истеҳсол мегардад
Дар Минск ҷаласаи навбатии Шурои намояндагони доимии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор мешавад
Африқои Ҷанубӣ бо бузургтарин қатъи неруи барқ дучор шудааст
«КАДБОНУИ БЕҲТАРИН». Дар Кӯлоб даври шаҳрии озмун ҷамъбаст гардид
Ёрии ҳамаҷонибаи дастаи мутахассисони Acıbadem ҳангоми бемориҳои гуногуни асаб
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад