ОИЛА ВА ҶАМЪИЯТ. Барои донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон даври омӯзишӣ баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 09.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 феврал дар доираи татбиқи «Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2030» дар Донишгоҳи давлатии тиҷорати Тоҷикистон байни омӯзгорон ва донишҷуён таҳти унвони «Оила ва ҷамъият» даврӣ омӯзишӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар доданд.
Ин омӯзиш бо мақсади дар амал татбиқ намудани сиёсати давлатӣ оид ба ҳуқуқи оила, баланд бардоштани сатҳи маданияти ҳуқуқии ҷавонон, устуворӣ ва нақши оила, бунёди оилаи солим, парваридани ҳисси масъулиятшиносӣ дар ниҳоди никоҳшавандагон, тараннуми арзишҳои олии оила, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ваатандӯстию худшиносӣ, пешгирии омилҳои номатлуб ва хушунати оилавӣ гузаронида шуд.
Иброз гардид, ки оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият аст. Оилаи солим маскани тавлид, тарбия ва нашъунамои насли оянда ва ҳаёти ҳар як аъзои оила аст. Дар фарҳанги куҳанбунёди тоҷикон одоби баланди бунёд намудани оила ва риояи одоби оиладорӣ, эҳтироми калонсолон дар оила ва ҳифзи кӯдакон арзишҳои миллӣ маҳсуб меёбад.
Ташаккул ва рушди оила дар тамаддуни инсонӣ ҳамчун ниҳоди таъминкунандаи афзоиши аҳолӣ, василаи муошират, муносибати иҷтимоӣ ва фазоест, ки арзишҳои умумиинсонӣ, аз қабили муҳаббат, ҳамдигарфаҳмӣ, садоқат, ҳамзистӣ ва таҳаммулпазирӣ дар он ташаккул ёфтааст.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд: «оилаи солим як омили муҳими пойдории давлат ва маҳз фарзандони соҳибмаълумот, бомаърифат ва оқилу зирак ба қадри падару модар, миллат ва ватани азизашон расида, номбардорони сазовори давлати соҳибистиқлоли хеш мегарданд».
Мутобиқи моддаи 33 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, оила таҳти ҳимоя ва ғамхории давлату ҳукумат қарор дорад. Давлат ба масъалаҳои ҳуқуқиву иҷтимоии марбут ба солимӣ ва пойдории оила таваҷҷуҳ зоҳир намуда, ғамхорӣ ба модару кӯдак, таъмини шароити зарурӣ барои таълиму тарбияи фарзандон, кафолати иҷтимоӣ ҳангоми бекорӣ ва пиронсолӣ, хизматрасониҳои зарурии тиббиро ба уҳда мегирад.
Дар Тоҷикистон Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ҳифзи ҳуқуқҳои кӯдак», «Барномаи давлатии пешгирии зӯроварӣ дар оила», «Барномаи давлатии рушди оила дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои аъзои оила, фароҳам овардани имконият ва таҳкими муносибатҳои оилавӣ қабул шудаанд.
АКС: Раёсати кор бо занон ва оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе








ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
Бахшида ба Рӯзи Президент дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ҳамоиш доир шуд
Барномаи «Низоми арзёбии донистани забони тоҷикӣ барои шаҳрвандони хориҷӣ» муаррифӣ гардид
Ҳаками озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» Шодӣ Раҷабзод: «Сатҳи омодагӣ, донишу маърифат ва ҷаҳонбинии довталабон сол то сол беҳтар мегардад»
«ИЛМ — ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». 59 иштирокчии даври ниҳоии озмун қадрдонӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
ШИНОХТИ ШАХСИЯТҲОИ АДАБӢ ВА ТАЪРИХӢ ДАР ЗАМИНАИ ИСТИҚЛОЛ. Бо чунин унвон конференсияи ҷумҳуриявӣ доир гардид
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сохтмони иншооти соҳаи маориф ва саноат идома дорад
«ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ». Бо иштироки 562 довталаб даври ниҳоии озмун ифтитоҳ ёфт
Ҷаласаи ситоди даври чоруми Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид






