«САД РАНГИ ЧАКАН». Ин фестивал бо мақсади муаррифии фарҳангу ҳунари бостонии халқи тоҷик баргузор мешавад

Февраль 18, 2025 17:00

ДУШАНБЕ, 18.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» соли 7-ум аст, ки дар мамлакат бо ибтикори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ташвиқу тарғиби анъанаҳои неки ниёгон, муаррифии фарҳангу ҳунари волои халқи тоҷик, тарроҳону ҳунармандон ва чакандӯзону наққошон баргузор мегардад.

Фестивали ҷумҳуриявии «Сад ранги чакан» ба баланд бардоштани эҳсоси ватандӯстию хештаншиносӣ, арҷ гузоштан ба таъриху тамаддун, фарҳангу адабиёт, расму ойинҳои миллию мардумӣ ва ба ин васила муаррифии санъату ҳунари волои халқи тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Имрӯз, 18 феврал даври дуюми ин фестивал дар сатҳи вилоят ва минтақаҳо бо ҷалби чакандӯзон, гулдӯзон, тарроҳон ва занони ҳунарманд оғоз гардид, ки то 28 феврал идома меёбад.

Сардори Раёсати рушди оилаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сабоҳат Рустам дар суҳбат бо мо иброз дошт, ки «фестивал бо фарогирии тамоми манотиқи Тоҷикистон дар 3 давр баргузор мешавад. Даври якум бо муайян намудани беҳтарин чакандӯз, сӯзанидӯз, тарроҳ дар сатҳи маҳаллаю деҳа ва шаҳраку ҷамоат, даври дуюм дар сатҳи вилоятҳою минтақаҳо ва даври сеюм дар сатҳи ҷумҳурӣ баргузор мегардад».

«Баргузории фестивал яке аз тадбирҳои гиромидошти арзишҳои асили фарҳангӣ буда, он ба тарғибу ташвиқи либоси миллӣ, баланд бардоштани эътибори нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандони ватанӣ равона гардидааст», — изҳор дошт сардори Раёсати рушди оилаи Кумитаи кор бо занон ва оила.

Бояд гуфт, ки тавассути ин гуна фестивалу намоишҳо фаъолияти тарроҳию дӯзандагӣ, рушду тавсеаи корхонаҳои хурди дӯзандагию истеҳсолӣ, ташкили ҷойҳои нави кор, қадрдонӣ намудани меҳнати ҳунармандон, чеварон, дӯзандагон, тарроҳон, дастгирии фаъолияти ҳунармандон, чеварон, тарроҳон, сӯзанидӯзон, чакандӯзу гулдӯзон, дӯзандагон ва қаламкашу наққошон густариш дода мешавад.

«Иштирокчиёни фестивал бояд дар либос ва сӯзанидӯзиҳо паҳлуҳои то ҳанӯз ба ҳамагон норавшани анъанаҳои миллии ин ё он маҳал, санъати асили гулдӯзӣ, сӯзанидӯзӣ, тоқидӯзӣ, навъҳои гуногуни нақшу нигори миллиро кашф ва эҳё намоянд»,-гуфт Сабоҳат Рустам.

Ҳунарманд аз шаҳри Левакант Зебо Баротова зимни суҳбат бо мо иброз дошт, ки иштирок намудан дар чунин фестивал-озмунҳо аз мо, ҳунармандон масъулияти баланд талаб менамояд.

«Дар ҳар чорабиние, ки ман бо маҳсулоти омоданамудаи гулдӯзиям иштирок менамоям, пас аз он ҳатман як чизи нав меофарам, зеро аз ин намоишҳо мо ҳунари якдигарро меомӯзем», — мегӯяд Зебо Баротова.

Зебо Баротова солиёни зиёд аст, ки ҳунари гулдӯзӣ, қуроқдӯзӣ, тоқидӯзӣ ва куртадӯзии худро бо диди муосир дар намоишгоҳҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз он ба намоиш мегузорад.

«Сайёҳони дохилӣ ва хориҷие, ки ба шаҳри Левакант меоянд, ҳатман аз маҳсули дасти занони ҳунарманди шаҳр харидорӣ мекунанд. Аз ин рӯ, мо талош менамоем, ки маҳсулоти босифат истеҳсол намоем»,-иброз дошт ҳунарманд.

Тавре ба ҳамагон маълум аст, чакандӯзӣ навъе аз гулпартоӣ, нақшу нигор ва тасвирҳои рамзнок бо риштаҳои ранга дар матои пахтагин ва абрешимӣ мебошад. Ҳар нақши дар болои матоъ дӯхташуда ном дорад, аз ҷумла косагул, гули анор, барги бед, бодомак, моҳу ситора, офтоб ва ғайра.

«Истифодаи рангубор дар ҳунари чакандӯзӣ ба табиати макони зисти ҳунарманди он вобастагӣ дорад. Мо кӯшиш мекунем, ки бо истифодаи риштаҳои гуногунранг тароват ва зебоии маҳалли худро рӯи матоъ оро диҳем»,-гуфт ҳунарманд аз шаҳри Левакант.

Ҳунармандон иброз медоранд, ки ҳангоме ки занону духтарони тоҷик дар баҳорон либосҳои миллӣ, аз ҷумла чакан ва атласу адрас ба бар менамоянд, ба атроф ҳусни тоза зам менамоянд. Ба назар чунин мерасад, ки маҳз ҳамин фасли баҳор сабаби пайдоиши атласу чакан гардида бошад, зеро гулҳои чакан ба гулҳои дарахти себу олуча, гулҳои садбаргу ёсуману лолаҳои садранг шабоҳати зиёд доранд.

Тавре Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2024 дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат иброз доштанд: «Ҳар миллат бинобар собиқаи фарҳангии худ дар либоспӯшӣ рафтору анъанаҳои махсус дорад, ки арзишҳои моддию маънавии гузаштаи онро инъикос менамояд ва ҳар миллат аз рӯйи забон, фарҳанг ва шаклу тарзи либоспӯшияш шинохта мешавад… Занону модарони тоҷик тарзи хоси либосҳои миллии худро доштанд ва онро ба мо мерос гузоштаанд, ки ҳар кадоме аз онҳо дар баробари зебоиву рангорангӣ меъёрҳои ахлоқию эътиқодии мардуми бостонии моро инъикос мекард».

Ёдовар мешавем, ки бо иқдоми наҷиби дурбинонаю ояндасози Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои баланд бардоштани мақому манзалати нақшу нигор, сӯзанидӯзию гулдӯзии матоъҳои миллӣ, намоиш додани ҳунари волои тарроҳону ҳунармандон дар ҷаласаи 13-уми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО дар шаҳри Порт-Луиси Ҷумҳурии Маврикий номинаи «Чакан, ҳунари гулдӯзӣ» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ин созмон расман ба рӯйхати Мероси фарҳанги ғайримоддии башарият ворид гардид, ки ҷойизи ифтихори мардуми сарбаланду фарҳангсолори тоҷик мебошад.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 18, 2025 17:00

Хабарҳои дигари ин бахш

МУЖДАИ НАВРӮЗӢ. «Ёддоштҳо»-и устод Айнӣ барои ҳамзабонони эронӣ ба нашр расид
Бахшида ба Соли фарҳанги китобхонӣ дар вилояти Хатлон китоби «Наврӯзномаи Хатлон» ба табъ расид
Ҳунари балети Тоҷикистон дар Париж муаррифӣ мегардад
Дабири кулли Созмони ҳамкории иқтисодӣ дар Осорхонаи миллӣ намоиши анъанавии «Аз Наврӯз то Наврӯз»-ро тамошо намуд
Иқдоми ҷумҳуриявии «Тоҷикона мепӯшем» ба пешгирии тақлид ба фарҳанги бегона мусоидат менамояд
Най асбоби мусиқии қадимии тоҷикон аст, ки савти онро рамзи баҳору Наврӯз медонанд
Аз 1 апрел даври аввали Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» оғоз мегардад
Гузоштани тоқӣ дар сар яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯз аст
Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад
«ТОҶИКИСТОН ВАТАНИ НАВРӮЗ АСТ». Дар вилояти Хатлон ҷашни Наврӯз бо анъанаҳои хос таҷлил мегардад
НАВРӮЗИ БАДАХШОН. Дар сафеднамоӣ ва наққошии хона тамоми аъзои хонавода иштирок менамоянд
Наврӯзи ҷаҳонӣ – ҷашне, ки башариятро ба сулҳу ваҳдат даъват намуда, ихтилофот ва бегонагиҳои байни халқҳоро решакан месозад