Сироҷиддин Муҳриддин бо мушовири махсуси Сарвазири Ҷопон мулоқот намуд
ДУШАНБЕ, 03.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 феврал дар шаҳри Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳайати Ҷопон таҳти роҳбарии мушовири махсуси Сарвазири Ҷопон Акихиса Нагашима мулоқот намуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, зимни суҳбат ҷонибҳо дар доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба табодули афкор намуда, ба баргузории нишасти сарони давлатҳои Муколамаи “Осиёи Марказӣ+Ҷопон” таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Мусоҳибон дурнамои тавсеаи ҳамкории дуҷонибаро дар бахшҳои иқтисод, тиҷорат, кишоварзӣ, энергетика, нақлиёт, экология, сайёҳӣ ва маориф муҳокима карданд.
Дар ин робита аҳаммияти Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва илмию техникӣ байни Тоҷикистон ва Ҷопон, ки дар пешбурди ҳамкории мутақобили судманд саҳми назаррас мегузорад, таъкид шуд.
Ҷонибҳо ҳамчунин ба ҷанбаҳои калидии равобити фарҳангӣ ва башардӯстона, аз ҷумла масъалаҳои иштироки Ҷопон дар Конфронси байналмилалии дарпешистода оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе ва ширкати Тоҷикистон дар Намоишгоҳи EXPO-2025 дар шаҳри Осака тамаркуз карданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон нусхаи эътимодномаи сафири нави Кувайтро қабул намуд
Ҳамкории Тоҷикистон ва Кувайт дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Фаронса дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони Милали Муттаҳид дар соҳаи иртибототи глобалӣ баррасӣ гардид
Густариши ҳамкории Тоҷикистон бо Чин, Қирғизистон ва Покистон баррасӣ шуд
Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкории Шанхай иштирок намуд
Масири дӯстӣ: Марҳилаи нави таърихӣ дар муносибатҳои Тоҷикистон ва Муғулистон
Сафири Тоҷикистон бо намояндагони Котиботи давлатии ИМА мулоқот намуд
САФАРИ ТАЪРИХӢ БА ҚАЛБИ ОСИЁ. Ва ё чаро Муғулистон барои Тоҷикистон муҳим аст?
Дар Москва қатъномаи СММ оид ба «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» муаррифӣ шуд
Дар Масқат масъалаи рушди ҳамкории Тоҷикистону Умон дар соҳаи тандурустӣ баррасӣ шуд






