ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 2 феврал, якшанбе, 33-юмин рӯзи соли 2025 аст

Дар ин рӯзи соли 1924 Федератсияи байналмилалии варзиши лижаронӣ таъсис ёфт.
***
Соли 1970 дар Мюнхен аввалин маротиба ҷарроҳии аз як нафар ба нафари дигар гузаронидани ҳуҷайраи асаб анҷом дода шуд.
***
2 феврали соли 1992 байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон муносибатҳои дипломатӣ барқарор шуданд.
***
2 феврали соли 2003 дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гандбол дастаи Хорватия дастаи Олмонро бо ҳисоби 34-31 мағлуб намуда, чемпиони ҷаҳон шуд.
***
Дар ин рӯзи соли 2016 дар Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии саноат» баррасӣ шуд.
***
2 феврали соли 2017 Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 25-солагии барқароршавии робитаҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷопон ба Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ барқияи табрикӣ ирсол намуданд.
***
Соли 2017 дар Душанбе масъалаҳои ҳамкории судманд ва гуногунҷанбаи Тоҷикистон ва Венгрия муҳокима гардиданд.
***
2 феврали соли 2021 зимни сафари корӣ дар шаҳри Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар минтақаи саноатии шимолу шарқӣ ба фаъолияти корхонаи нави истеҳсоли маҳсулоти ордӣ ва коркарди нон оғоз бахшиданд.
***
Дар ин рӯзи соли 2022 эстафетаи машъали Бозиҳои зимистонаи соли 2022 дар Пекин оғоз гардид. Маросими тантанавӣ дар боғи олимпӣ, воқеъ дар шимоли пойтахти Чин баргузор гардид.
2 ФЕВРАЛ:
Дар Озарбойҷон – Рӯзи ҷавонон.