УСУЛИ ГИДРОПОНИКӢ. Дар Тоҷикистон тавассути ин усул чорво пайваста бо хӯроки сабз таъмин мегардад

Февраль 27, 2025 15:52

ДУШАНБЕ, 27.02.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хӯроки сабзи чорво бо усули гидропоникӣ зиёд ва таъмин карда мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Хӯроки сабзи чорво дар ҳамаи фасли сол ба истеҳсоли гӯшти хушсифат ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мусоидат менамояд. Хӯроки сабз барои чорво дар айни замон дар мамлакат аз гандум омода мегардад.

Тавре дар суҳбат ба АМИТ «Ховар» хоҷагидори ботаҷриба аз вилояти Хатлон Дилшод Аминов иттилоъ дод, ин навъи хӯрок чорворо сергӯшт ва сершир менамояд. Аз ҷиҳати ғизонокӣ хӯроки сабз аз витаминҳо бой буда, он бо усули гидропоникӣ дар муддати кӯтоҳ омода карда мешавад. Яъне аз 1 килограмм дона давоми 7 рӯз 6 килограмм хӯроки сабз омода мегардад. Ин хӯрок бе истифодаи маводи химиявию нуриҳои минералӣ тайёр шуда, донаҳо ба таври табиӣ сабзонида мешаванд.

Гуфта шуд, ки ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ ба тариқи дастгоҳҳои гармкунанда (кондитсионер) гарм нигоҳ дошта мешавад. Ҳарорат бояд аз 15 то 17 дараҷа гармиро ташкил диҳад. Он ба таври автоматӣ дар як ҳарорат нигоҳ дошта мешавад. Танҳо дар як рӯз ду маротиба ба гандуме, ки бе хок дар зарфҳои махсус нигоҳ дошта мешавад, об пошидан зарур аст.

Ба иттилоои ҳамсуҳбати мо, чунин гармхонаҳои гидропоникиро дар ҳамаи гӯшаю канори мамлакат ташкил намудан мумкин аст. Зеро дар ҳамаи фасли сол мо метавонем чорворо ба сабзавоти тоза ва табиӣ таъмин намоем.

Дилшод Аминов мегӯяд, ки дар оянда нақша доранд шумораи чунин гармхонаҳоро зиёд намоянд.

Тавре қаблан иттилоъ додем, 26 марти соли 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ба фаъолияти гармхонаи замонавии Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «ММК Агро» оғози расмӣ бахшиданд.

Ин гармхона ба ду қисм: гидропоникӣ ва органикӣ ҷудо гардидааст. Дар қисмати гидропоника, ки як гектари гармхонаро ташкил медиҳад, бодирингу помидор парвариш мешавад. Парваришу нигоҳубини тухмиҳо ба таври автоматӣ иҷро гардида, барои таъмини сифати хуби маҳсулот ва бардоштани ҳосили баланд 13 намуди элементҳо ба тариқи обёрии қатрагӣ ба растанӣ расонида мешаванд. Ҳолати муътадили ҳарорати гармхонаи гидропоникӣ аз тариқи системаи буғӣ ва ба таври автоматӣ тамоми мавсими сол нигоҳ дошта мешавад. Барои иҷрои ин амалҳо дар гармхона ду деги калонҳаҷм низ насб гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки растаниҳо ба тариқи гидропоникӣ дар об, хок ва намӣ (танҳо сабзонидани дон) парвариш карда мешаванд.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Февраль 27, 2025 15:52

Хабарҳои дигари ин бахш

Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Фархор шинос шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар муколамаи сатҳи баланд доир ба татбиқи тарҳи минтақавии «CASA-1000» иштирок намуд
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба нақши матбуот дар ташаккули ҳувияти миллӣ ҳамоиш доир гардид
Татбиқи лоиҳаи таҷдиди роҳи мошингарди Душанбе-Кулма баррасӣ гардид
«ITB Berlin 2026». Дар доираи намоишгоҳ ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон беш аз 20 шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд
Дар минтақаи ҷангалпарварии ноҳияи Рӯдакӣ зиёда аз 30 ҳазор бех ниҳол шинонида шуд
Дар водиҳои Тоҷикистон кишти картошка идома дорад
Дар шоҳроҳи Роғун — Нуробод зиёда аз 900 бех ниҳоли олуча ва дарахтони сояафкан шинонида шуд
«Стратегияи рушди саноат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мавриди амал қарор дорад
НИСОИ БУЛУНКӮЛ. Муаррифии фаъолияти зане, ки роҳбарии Истгоҳи ҳавосанҷиро дар ноҳияи Мурғоб бар уҳда дорад
КИШТИ БАҲОРӢ. Моҳи март дар Тоҷикистон кишти сабзавот оғоз мегардад
Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Ашт бо раванди бунёди неругоҳи барқи офтобӣ шинос шуд