ЯК РӮЗИ ҲАЁТИ САРБОЗ. Дар қисмҳои низомӣ барои хизмати ҳарбӣ шароит муҳайё мебошад

Февраль 19, 2025 13:27

ДУШАНБЕ, 19.02.2025 /АМИТ «Ховар»/. Соли равон аз таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, 32 сол сипарӣ мегардад. Ба хотири аз наздик шинос шудан бо ҳаёту фаъолияти аскарон мо ба Баталиони сулҳҷӯёнаи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки соли 2010 ташкил ёфта, ба замони рушди Артиши миллӣ рост меояд, омадем.

Ба иттилои муовини командири қисми ҳарбӣ, подполковники хизматӣ Зиёвуддин Шарифзода, Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат такягоҳи боэътимоди амнияту оромӣ буда, ба мактаби камолоти ҷисмонӣ ва ватандӯстии насли ҷавон табдил ёфтааст.

Зиёвуддин Шарифзода гуфт, ки барои хизмат дар вазифаҳои афсарию прапоршикии ин ҷузъи навтаъсиси ҳарбӣ, пеш аз ҳама, афсарони касбӣ, соҳибмалака, донандагони беш аз ду забони хориҷӣ ва техникаю технологияи замонавӣ ҷалб карда мешаванд.

«Ҳоло шароити хизмат ва таъминоти техникию лавозимоти ҳарбӣ дар ин неруи сулҳҷӯёнаи Вазорати мудофиаи мамлакат низ чун дигар ҷузъу томҳо дар сатҳи зарурӣ ташкил шуда, дар баробари машғулияти ҳамарӯза аскарон ба хондани китобҳои бадеӣ низ машғул мешаванд»,- илова намуд Зиёвуддин Шарифзода.

Сарбозони қаторӣ бародарон Ҳасан ва Ҳусейн Собировҳо, ки аз шаҳри Конибодом буда, дар ин қисми низомӣ беш аз як сол адои хизмат менамоянд, хизмат дар сафи қисмҳои низомиро қарзи фарзандӣ ва оини ҷавонмардӣ мешуморанд.

Ҳасан Собиров мегӯяд, ки «мо ҳамчун сипари боэътимоди сарзамини муқаддасамон ба хотири ҳимояи суботу оромӣ ва таъмини амнияти давлату ҷомеа ҳамеша омодаем ва ҳаргиз фаромӯш нахоҳем кард, ки фазои орому осудаи имрӯзаи мамлакат бар ивази ҷони ҳазорон нафар ҷавонмардони бонангу номуси тоҷик ва заҳмати бесобиқаи мардуми шарифи Тоҷикистон ба даст омадааст. Ин вазифаи пурмасъул ва ҳимояи Ватан имрӯз ба уҳдаи мо вогузор шудааст».

«Дар қисми низомӣ мо бо ҳамдигар чун додару бародар ва аъзои як оилаи калон ҳастему дар ҳама гуна ҳолат ба ҳамдигар дасти кумак дароз мекунем. Фикр мекунам, ки то он даме, ки фарзанд ба камол расида, хизмати Ватан-Модарро ба ҷо наорад, ҳисси ватандӯстиро эҳсос намекунад ва ба қадри падару модар намерасад. Мо бо сарбаландӣ ваъда медиҳем, ки хизмати ҳарбиро бо далерию ҳушёрӣ ва омодабошӣ барои ҳифзу ҳимояи Тоҷикистони азиз ба ҷо меорем, зеро ҳимояи Ватан аз дӯст доштани он сар мешавад», -афзуд сарбоз Ҳасан Собиров.

Бояд гуфт, ки дар матбуот ва сомонаҳои иҷтимоии мамлакат гоҳ-гоҳ шароит ва маводи хӯроквории аскарон мавриди баҳс қарор гирифта, аз ҷониби бархе афрод изҳори норозигӣ ва ташвиш карда мешавад.

Зимни дидани анбори хӯроквории қисми низомӣ мушоҳида кардем, ки таъмини хӯроквории сарбозон хеле хуб ба роҳ монда шудааст. Дар анбор барои зимистонгузаронӣ намудҳои гуногуни маводи ғизоӣ, аз ҷумла, пиёз, сабзӣ, шалғам, картошка, турб, лаблабу ва каду захира шуда, сарбозон аз тарафи роҳбарият бо маҳсулоти серғизо- гӯшти гов, гӯсфанд, мурғ, ширқиём, шакар, маска, биринҷ, равған ва ҳамаи он маҳсулоте, ки барои саломатӣ зарур ҳастанд, таъмин шудаанд.

Сарбозон дар вақти адо намудани хизмат дар қисми низомии Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даврҳои кӯтоҳмуддати касбомӯзӣ ҷалб карда мешаванд, ки ба соҳибкасб гардидани онҳо мусоидат менамояд. Чунин иқдом ба сарбозон имкон медиҳад, ки пас аз хондани даврҳои кӯтоҳмуддати омӯзишӣ соҳиби ихтисосҳои ошпаз, сартарош, кандакор, кафшергарӣ, устои барқ, устои таъмини муҳаррики нақлиёт, дуредгар ва сохтмончӣ гарданд.

Ба андешаи Ҳусейн Собиров, рӯзи сарбоз аз субҳи содиқ бо машқи пагоҳирӯзӣ оғоз гардида, давоми рӯз онҳо тибқи тартиби таҳиянамудаи қисми низомӣ машғули дарсхонӣ ва азбарнамоии нозукиҳои низомӣ мешаванд.

«Мо субҳи содиқ бо шунидани садои командири қисм «Сарбозон, саф кашед!» аз ҷой бархоста, ҷойи хоби худро мураттаб ва либосҳои низомӣ ба бар карда, сурудхонон ба саҳни қисми ҳарбӣ мебароем. Чанд дақиқа машқи саҳарӣ карда, омада, дасту рӯ шуста, ба ошхона барои субҳонахӯрӣ меравем. Пас аз субҳона ҳама дар берун қатор шуда, командир бо навбат номи ҳамаро мегирад, то мутмаин шавад, ки ҳама саф кашидаанд. Баъдан мо боз сурудхонон ба синфхонаҳо рафта, дарс мехонем. Реҷаи рӯзи сарбоз тибқи тартиби муайяншуда амалӣ карда мешавад. Дар қисми низомӣ мо аз нозукиҳои истифодаи силоҳҳои оташфишон огоҳ шуда, дарси хештаншиносӣ ва ҳимояи марзу буми меҳанро аз худ мекунем. Дар вақтҳои холигӣ ба китобхонаи қисм рафта, китобҳои бадеӣ мутолиа мекунем, ки барои мо хеле писанд аст»,-мегӯяд сарбози қаторӣ.

Моҳи феврал дар ҷумҳурӣ иқдоми «Як рӯз дар қисми низомӣ бо афсарону сарбозон» доир мешавад, ки дар он ҷавонон бо чӣ гуна гузаштани як рӯзи сарбозон аз наздик шинос мешаванд.

Тавре корманди маркази матбуоти Вазорати мудофиаи мамлакат Боқӣ Шарифӣ изҳор дошт, ҳадафи аслии шинос шудани ҷавонон бо қисмҳои низомӣ, пеш аз ҳама, воқиф гардидани ҷавонон аз хизмати шабонарӯзии сарбозон ва дар дили насли наврасу ҷавон бедор намудани ҳисси худшиносии миллӣ, арҷ гузоштан ба муқаддасоти миллӣ ва ҳифзи марзу буми мамлакат мебошад.

«Вақте ки ҷавонон бо қисмҳои низомӣ шинос мешаванд, онҳо дар баробари донишандӯзӣ, инчунин арзишҳои миллиро пос медоранд. Онҳо зимни дидани хобгоҳ, толори варзишӣ, ошхона, нуқтаи тиббӣ ва дигар ҷойҳо дар бораи ҳаёти якрӯзаи сарбозон маълумот пайдо мекунанд»,-баён дошт ӯ.

Ватандӯстӣ эътиқод аст ва касеро маҷбуран ватандӯст намудан имкон надорад, вале арзишҳои ватандӯстиро дар тафаккури шаҳрвандон ҷой намудан ва ин арзишҳоро ба эътиқоди онҳо табдил додан имконпазир аст. Ин раванди мушкил ва ҳамешагӣ аст. Яъне, ба тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон ба тарзи бефосила, бетанаффус ва ба таври доимӣ бояд машғул шуд. Дар ин масири мушкил давлату миллате муваффақ мешавад, ки беҳтарин қувваҳои зеҳнӣ ва илмию фарҳангиашро ба ин самт равона намояд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониҳо борҳо таъкид намудаанд, ки хизмат ба Ватан-Модар бояд барои ҳар афсару сарбоз ифтихору шараф бошад ва ҳар яки моро мебояд Ватанро ҳамчун модари худ дӯст дорем ва мисли гавҳараки чашм эҳтиёт намоем.

«Мо бояд мисли ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем, Ватанамонро сидқан дӯст дорем, онро соҳибӣ кунем, ҳисси баланди миллӣ дошта бошем, аз тоҷик будани худ ифтихор намоем ва доим дар фикри фарзандони худ, хушбахтию осоиши онҳо, ободии Ватан, миллат ва давлати хеш бошем. Ман ба ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамон эътимоди комил дорам. Зеро ба иттиҳоду сарҷамъӣ, ваҳдати миллӣ, ватандӯстию ватанпарастӣ ва саъю талоши хастагинопазири ҳар фарди ҷомеа эътимоду итминон дорам»,-иброз намуданд Президенти Тоҷикистон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ.

Дар робита ба ин Зиёвуддин Шарифзода изҳор медорад, ки дар ин самт тамоми тадбирҳо андешида шуда, пайваста ба хотири баланд бардоштани омодагии ҳарбии захираҳои сафарбарӣ ҷамъомадҳои ҳарбӣ, машқҳои низомӣ доир мешаванд, ки ин барои обутоб ёфтани сарбозон муфид аст.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Февраль 19, 2025 13:27

Хабарҳои дигари ин бахш

«ВАТАНПАРВАР». Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи варзишию ҳарбӣ баргузор шуд
Ҳимояи марзу бум вазифаи ҷонии ҳар афсару сарбоз ва сокини ифтихорманди Тоҷикистон мебошад
«КОРВОНИ ДИДОР». Бахшида ба рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шоҳмансур ҳамоиши тантанавӣ доир шуд
Дар Норак даври шаҳрии озмуни вилоятии ҳарбӣ-варзишии «Ватанпарвар» ҷамъбаст шуд
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Дӯст доштани Ватанро бо хизмати содиқонаю софдилона ба он собит намоем
Афсарону сарбозон дар Осорхонаи миллӣ бо таъриху фарҳанг ва дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ шинос шуданд
Бахшида ба Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон дар Душанбе ҳамоиши бошукуҳи идона доир гардид
Дар «Кохи афсарон» бахшида ба 32-солагии таъсиси Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ: «Ман ба афсарону сарбозони далеру шуҷоъ, бонангу номуси Ватан бовар дорам ва бо онҳо ифтихор мекунам»
32-СОЛАГИИ ҚУВВАҲОИ МУСАЛЛАҲИ ТОҶИКИСТОН. Андешаҳо оид ба заминаҳои ҳуқуқии таъсис ва фаъолияти он
САДАМАҲОИ НАҚЛИЁТӢ. Бо вуҷуди кам гардидани теъдоди онҳо дар соли 2024 ин масъала ташвишовар боқӣ мемонад
АРТИШИ МИЛЛӢ — ХОТИРИ ОСУДАИ МИЛЛАТ. Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши афсарону сарбозон баргузор гардид