Ҷашни Наврӯз ҳикмати бузурги фалсафаи зиндагӣ ва сарнавишти мардуми тоҷик аст

Март 24, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 24.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Боиси ифтихор аст, ки ҷашни бостонии миллати моНаврӯзи оламафрӯз   чандин сол аст,  ки байналмилалӣ  гашта, дар аксари давлатҳои  ҷаҳон бо шукуҳи хосса таҷлил мегардад. Дар мавриди таҷлили Наврӯз чун ҷашни ҳамагонӣ узви вобастаи  Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, доктори илмҳои сиёсӣ, профессор Муҳаммад Абдураҳмон чунин ибрози назар намуд:

— Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки «Наврӯз баёнгари тафаккури  таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон, ҷаҳонбинию ҷаҳоншиносии  миллатамон буда, давоми мавҷудияташ арзишҳои фарҳангию миллии  моро  дар таркиби худ ҳифз намудааст».

Воқеан, Наврӯзи хуҷастапай ҳикмат, фалсафа ва  бузургтарин  арзиши фарҳангие аст, ки дар сарнавишти тоҷикон  мисли  муаммо дар худ асрори нуҳуфта дорад. Умри ҷашни «Наврӯз» таърихи хеле қадимӣ дошта, ба ташаккули умри миллати мо пайваста аст. Барои ошкор намудани моҳияту зуҳуроти он мардум ба бедории табиат, гармию нармӣ, шодию сурур, озодагию латофат ва шафоати он боварӣ дошта, бақои  миллати  тоҷик ва дигар ақвоми ориёитаборро  ба он вобаста медонанд.

Маълум аст, ки бо ибтикори Пешвои миллат муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ва  ҷонибдории  Сарони давлатҳои ҳавзаи Наврӯз  Ассамблеяи  Созмони Милали Муттаҳид  соли 2010 қарор қабул намуд, ки иди  Наврӯз ҷашни байналмилалӣ эълон  карда шавад. Аз ҳамон  рӯз инҷониб  ҷашне, ки  бо забони  мардуми мо  «Наврӯз»  муаррифӣ мешавад, дар аксар  мамлакатҳои ҷаҳон  таҷлил мегардад. Ин аст, ки дар Тоҷикистон дар арафаи баргузории  Наврӯзи хуҷастапай Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  бо зиёиёни мамлакат мулоқотҳои  ҷашнӣ  баргузор менамоянд. Ҷашни Наврӯз ҳамасола дар ҳар гӯшаву канори Тоҷикистон бо шаҳомати бузург баргузор мешавад, ки боиси   ифтихору  эҳтироми ҳамагон аст.

Ҳикмати  Наврӯз- ин  бо ҳам омадани  инсонҳо, озодагӣ, ягонагӣ, дӯстӣ  ва  таҳаммулпазирӣ мебошад, ки дар бораи таърихи пайдоиши он ривояту афсона ва сурудаҳои хеле  зиёде  гуфта шудаанд. Ин ҷашни  пуршукуҳ  аз замони  Пешдодиёну   Ҳахоманишиён то  Саффориёну  Сомониён шукуҳманд гардида буд. Ҳатто Берунӣ  дар бораи Наврӯзи  замони Сосониён  мегӯяд, ки «…ва ойини Сосониён  дар ин айём  чунин буд, ки  подшоҳ ба рӯзи Наврӯз шуруъ мекард ва мардумро эълон менамуд, ки  ба эшон некӣ кунад».

Таъриху васфи чашни «Наврӯз» дар «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ, «Осор –ул-боқия»-и Берунӣ, «Наврӯзнома»-и Умари  Хайём ва дигар шоиру бузургони илму маърифати тоҷику форс бо одоб ва расму русуми муфассал  то имрӯз идома  дорад.

Баъзан  мо  аз ривоятҳои  гуногуни таърихӣ, устура ва нақлҳо  дар бораи  ҷашни  Садаю  Наврӯз то афсонаи пайдо шудани море дар  пеши роҳи шоҳи сулолаи Пешдодиён –Ҳушанг ва ҳаво додани санге ба сӯи он ва пайдо шудани оташу гармию рӯшноӣ  чандин асрҳо боз эътиқод дорем. Шояд чунин устураҳо фарзияе бошанд, ки ба  заминаи  ҷашну анъанаҳои  гузаштагонамон  асос гузошта,  фалсафаи  дарки  моҳияти онҳоро  падид оранд. Яъне ин  арҷгузорӣ ба бедории табиат ва рӯзи нав мардумро бедору хушнуд менамояд. Масалан,  Ҳаким Умари Хайём  чунин андеша доштааст, ки  «Ҳар кӣ Наврӯз ҷашн кунад  ва ба хуррамӣ пайвандад, то Наврӯзи дигар умр дар шодӣ  ва хуррамӣ  гузорад».

Дар замони  пайдо ва  паҳн шудани дини ислом низ баъзе андешаҳои  мухталиф  нисбат ба Наврӯз пайдо шуда буданд. Аммо  ҷаззобияту бузургии Наврӯз  ҳамаи онҳоро зери таъсири худ гузошта, ба ягон дину мазҳаб худро вобаста накардааст. Наврӯз рӯзи  бахшидани гуноҳҳои ҳамдигар, рӯзи  дехқон, рӯзи паҳлавонон, рӯзи умеду орзуҳои зиндагӣ ва ҷашни худшиносии  миллӣ мебошад.

Агар Ҳаким Умари Хайём дар замони хеш «Наврӯзнома»-ро ҳамчун номаи меҳр ва баёнгари хотираи таърихии мардуми мо навишта бошад, пас мо бо ибтикор ва роҳнамоии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолии ҷумҳуриамон ҳамчун меросбари ниёгонамон ба дастовардҳои  бузурге  ноил гардидаем, ки  боиси ифтихори имрӯзу фардои миллату давлат ва  ҳамзабонони мо  мебошанд:

Ин, дар мадди аввал, бунёди  «Кохи  Наврӯз» — ин шоҳкории аср -Кохи бегазанди аҷибу беназире аст, ки бо ҳидоятҳои  Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойтахти  мамлакатамон- шаҳри Душанбе қомат афрохтааст. «Кохи  Наврӯз» зеботарин шоҳкории арзишманди наврӯзӣ ба ҳисоб меравад, ки маҳсули меҳнати дасти  ҳунармандони тоҷик аст. Ҳамчун пажуҳишгар замоне андешае доштам, ки «Кохи  Наврӯз» бояд  ба худ афсона ё фалсафае  барои бунёд шудан дошта бошад. Яъне мафкураи  пайдоиш, сохтмон  ва ба  кӣ  бояд бахшида  шавад  ва чаро  чунин сохта шудааст? Аммо  имрӯз ба хулосае  омадам, ки  худи  номи «Кохи  Наврӯз» баёнгар ва муаррифи Наврӯзи  хуҷастапай аст. «Кохи Наврӯз» ва нақшу нигори наврӯзии он мисли китоби «Наврӯзнома»-и Хайём муаммое аст, ки барои кушодани гиреҳи он бояд аз таъриху фалсафаи Наврӯз  огоҳ бошем.

Дуюм,  бунёди  «Наврӯзгоҳ» дар канори «Кохи Наврӯз»-и пойтахтамон- шаҳри Душанбе бо риояи ҳикмату меъмории    давлатдории ниёгон ва сохтмони толору майдонҳои гуногуни   аспсаворию пойгоҳдорӣ ва паҳлавонию бозиҳои варзишӣ. Аслан, «Наврӯзгоҳ» ин макони  ба ҳам омадани  мардуми мамлакат ва меҳмонони  иди  Наврӯз мебошад, ки  дар он ҷо сайри  гулҳои баҳорӣ ва  пешниҳоди  таомҳои  наврӯзӣ, суманак, далда, омоч ва дигар хӯрокҳои баҳорӣ доир мегардад. «Наврӯзгоҳ» низ  мисли ҷашни Наврӯз  муаммое аст, ки асоснок намудани пайвандҳои таърихии он розҳои  зиёде дорад. Дар замони  соҳибистиқлолӣ бунёди «Наврӯзгоҳ» навгоние аст, ки дубора Наврӯзи моро эҳё менамояд.

Сеюм, эҳё ва бунёди дубораи  пироҳан  ва тоқии  чакан, ки  рамзи дурахши  ҷашни  Наврӯз  ва шоҳасари  дасти занони тоҷик аст ва бо  рангҳои хуршедӣ табиати мардуми ориёинажодро муаррифӣ менамоянд. Дубора  эҳё ва поянда намудани  ин арзиши наврӯзӣ дар замони соҳибистиқлолӣ, пеш аз ҳама, бо дастгирӣ ва роҳнамоии  Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобастаю пайваста  мебошад. Фалсафа ва ҳикмати  чакан  ҳусни  Наврӯз, зуҳури  қудрати илоҳӣ дар матоъ, суннату зебоии ориёӣ бо тасвири хуршед аст, ки  рангу бӯи қавмпарастӣ надорад. Аз ин рӯ, чаканро зеби дунёи Наврӯз ва рангорангии тафаккури  инсон меноманд, ки эҳё гардидани он дар давлати миллии мо таҷассуми  фарҳангсолории  мардуми мо мебошад.

Мавриди тазаккур аст, ки ҷашни «Наврӯз» ҳикмати бузургу  фалсафаи  зиндагӣ  ва  сарнавишти  мардуми  мо аст, ки   ҳастии моро тақвият бахшида, ҳамеша некию саодатмандӣ ва барору муваффақият меорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Палатаи ҳисоб бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз ҳамоиши тантанавӣ баргузор шуд
РАМЗҲОИ ЗООМОРФӢ ДАР РАСМУ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ. Лаклак аввалин муждарасони баҳор ба шумор меравад
Дар Неругоҳи барқи обии «Норак» Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу ҷалоли хосса таҷлил карда шуд
Дар Вазорати нақлиёт аз дастовардҳои роҳсозон аз Наврӯз то Наврӯз ёдовар шуданд
Гузоштани тоқӣ дар сар яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯз аст
«РАСМИ ХУБИ ТОҶИКОНРО ГУМ МАКУН!». Миллати тоҷик имрӯз дар ҳавои муҳаббату дӯстӣ ва амнияти миллӣ сарбаландона зиндагӣ дорад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ озмуни шаҳрии «Дастархонороӣ» баргузор гардид
Оростани хони наврӯзӣ бо рамзҳои «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» нишони файзу баракат ва фардои дурахшон ҳисобида мешавад
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯзро бо намоиши оинҳои қадимӣ таҷлил намуданд
Роҳиоҳанчиёни тоҷик Ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо суннатҳои наврӯзӣ истиқбол гирифтанд
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сиёҳалафро барои муолиҷаи бемориҳои рӯда ва захми меъда истифода мебаранд
Наврӯз аз маҳбубтарин ҷашнҳои таърихӣ ва фарҳангии миллати тоҷик мебошад