Ҷаласаи Гурӯҳи кории SPECA оид ба содагардонии расмиёти савдо доир гардид

Март 17, 2025 09:46

ДУШАНБЕ, 17.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. 14 март дар шаҳри Ашқободи Туркманистон ҷаласаи бистуми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ (SPECA) оид ба содагардонии расмиёти савдо баргузор гардид. Онро муовини Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон Аҳлиддин Нуриддинзода ба тариқи маҷозӣ раисӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ хабар доданд.

Ҷаласа бо ташаббуси Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид барои Аврупо (UNECE) ва Комиссияи иқтисодӣ ва иҷтимоии Созмони Милали Муттаҳид барои Осиё ва Уқёнуси Ором (ESCAP) доир шуда, дар он ҳайатҳои расмӣ аз давлатҳои аъзои СПЕКА, созмонҳои байналмилалӣ ва шарикони рушд иштирок намуданд.

Дар ҷаласа Аҳлиддин Нуриддинзода иброз намуд, ки таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мамлакати мо талош дорад, ки ҳамкории минтақавиро таҳким бахшида, раванди савдо ва иқтисоди рақамиро ба сатҳи нав барорад. Тоҷикистон ҳамчун давлати пешсаф дар таҳияи механизмҳои муосири тиҷоратӣ ва татбиқи технологияҳои рақамӣ на танҳо ба рушди иқтисоди худ мусоидат менамояд, балки дар ҳалли мушкилоти умумиминтақавӣ низ нақши калидӣ мегузорад.

Дар ҷаласа масъалаҳои калидии ҳамкории кишварҳои SPECA дар раванди узвият ва иштироки фаъол дар Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС), пешрафт дар татбиқи Стратегияи SPECA оид ба содагардонии расмиёти савдо, амалӣ гардонидани Принсипҳои тиҷорати устувор, бартарафсозии монеаҳои ғайритарифӣ ва густариши рақамикунонии савдо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Намояндагони давлатҳои аъзои SPECA раванди татбиқи Стратегияи SPECA оид ба содагардонии расмиёти савдо ва Харитаи роҳи онро муҳокима намуда, ҳамзамон дурнамои ҳамкории иқтисодии минтақаро муайян карданд. Ҳамкории кишварҳои СПЕКА дар раванди узвият ва татбиқи Созишномаи содагардонии расмиёти савдои Созмони Умумиҷаҳонии Савдо яке аз бахшҳои муҳими ҷаласа буд.

Таҳлили монеаҳои ғайритарифӣ ва роҳҳои содагардонии расмиёти тиҷоратӣ дар шароити тағйирёбии муҳити ҷаҳонӣ низ мавриди муҳокима қарор гирифт. Бо назардошти мушкилоти мавҷуда Тоҷикистон пешниҳод намуд, ки дар доираи SPECA механизмҳои муассири бартарафсозии монеаҳои ғайритарифӣ ва мутобиқсозии низоми савдо бо стандартҳои байналмилалӣ таҳия ва татбиқ карда шаванд.

Дар идомаи ҷаласаи бистуми Гурӯҳи кории Барномаи махсуси Созмони Милали Муттаҳид барои иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ (SPECA) оид ба содагардонии расмиёти савдо намояндагони кишварҳои аъзои SPECA ва шарикони рушд нақшаҳои ояндаи ҳамкориро тасдиқ намуда, барои идомаи чорабиниҳои муштарак изҳори омодагӣ намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки натиҷаҳои ин ҷаласа асоси нави рушди ҳамкории тиҷоратӣ ва ҳамгироии рақамӣ дар минтақаи SPECA-ро гузошта, Тоҷикистон омода аст дар самти пешбурди ин ташаббусҳо нақши пешбарандаашро боз ҳам тақвият диҳад.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 17, 2025 09:46

Хабарҳои дигари ин бахш

Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад