Дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи Модар занону духтарони фаъол ҳавасманд гардонида шуданд
ДУШАНБЕ, 05.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов бо мақсади гиромидошти Рӯзи Модар барномаи идона доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишкада хабар доданд.
Иштирокдорон пеш аз оғози барномаи идона намоишгоҳи дастовардҳои донишкадаро, ки дар он комёбиҳои варзишгардухтарони муассиса ба намоиш гузошта шуба буд, тамошо намуданд.
Зимни ифтитоҳи ҳамоиши идона ректори донишкада Амир Иброҳимзода иброз намуд, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳу ғамхориҳои давлату Ҳукумат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани мақоми занон дар ҷомеа ба беҳтар гардидани шароити зисту фаъолияти онҳо мусоидат намуд.
Таъкид шуд, ки имрӯз дар пешрафти тамоми соҳаҳо нақши занону духтарони тоҷик арзишманд аст. Аз ҷумла, имрӯз дар Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон теъдоди зиёди занону духтарон ба сифати омӯзгор ва мураббӣ нозукиҳои касбро ба муҳассилин меомӯзанд. Дар ин баробар, сафи занон дар вазифаҳои роҳбарикунанда, шурӯъ аз маъмурияти донишкада дар садорати факултету кафедраҳо ва сохторҳои дигари муассиса сол ба сол меафзояд.
Дар ҳамоиши идона як қатор занону духтарони фаъол бо “Сипоснома”-и донишкада қадрдонӣ шуданд.
АКС: Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ба номи Саймуъмин Раҳимов








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 42 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Агентии хоҷагии ҷангал, Палатаи савдо ва саноат ва КВД «Тоҷиксуғурта» нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар ширкатҳои сохтмонии ҶСК Неругоҳи барқи обии «Роғун» 1120 нафар бо ҷойи кор таъмин гардиданд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Ба истироҳатгоҳи «Ҳамсафар» зиёда аз 300 кӯдак ҷалб мешавад
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 43 дараҷа гарм мешавад
ТАЪТИЛИ ТОБИСТОНА. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон маҳфилҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд
Дар Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ дар соҳаи роҳу нақлиёт ба маблағи беш аз 1,1 миллиард доллар амалӣ мегардад
ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ОИД БА ТАҲКИМИ СУЛҲ. Амнияту субот омили асосии рушди устувори давлатҳо ва зиндагии шоистаи инсоният ба ҳисоб меравад






