Дар Душанбе бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиши тантанавӣ доир шуд

Март 11, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 11.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аҳамияти воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи манфиатҳои миллӣ ва дуруст ташаккул додани мафкураи ҷамъиятӣ, алалхусус муборизаҳои иттилоотӣ бениҳоят муҳим мебошад. Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма инъикосгари таҳаввулоти азими иқтисодию иҷтимоӣ, таҳкими сулҳу ваҳдат, ҳифзи манофеи миллӣ буда, барои сари вақт ба аҳолӣ расонидани ахбори зарурӣ оид ба cамтҳои гуногуни мамлакат ва ҳалли мушкилоти мавҷуда нақши барҷаста ва муассир доранд. Ин матлабро имрӯз Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдулло Раҳмонзода зимни ифтитоҳи ҳамоиши тантанавӣ бахшида ба 113-солагии Рӯзи матбуоти тоҷик, ки дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ доир шуд, баён намуд. Дар ин хусус хабарнигори АМИТ «Ховар» иттилоъ медиҳад.

Пеш аз оғози ҳамоиш намоиши китоб доир гардид, ки иштирокдорони он бо китобҳои тозанашри нависандагону шоирони тоҷик шинос шуданд.

Рӯзи матбуоти тоҷик аз ҷумлаи падидаҳои даврони соҳибистиқлолии мамлакат буда, ҳамасола ин сана ҳамчун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад.

Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён иброз намуд, ки мардуми тоҷик дар даврони давлатдории навин роҳи тараққиёти хешро муайян намуда, бунёди давлати соҳибихтиёр ва демократиро интихоб намуд. Дар замони мо ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёдро бе иштироки фаъоли воситаҳои ахбори умум тасаввур кардан ғайриимкон аст. Бинобар ин матбуоти даврӣ яке аз пояҳои асосии ҷомеаи демократӣ ва ҳуқукбунёд ба шумор меравад.


Дар ҳамоиш гуфта шуд, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2012 бахшида ба 100-солагии матбуоти тоҷик дар толори Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ иброз доштанд, ки «имрӯз беш аз пеш маълум мегардад, ки нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳаёти ҷомеаи муосир чӣ гуна бузург аст. Дар ҳақиқат матбуот ва воситаҳои ахбори омма ба ташаккули афкори ҷомеа таъсири муқтадир ва муассир мерасонанд».

Дар идомаи ҷамъомади тантанавӣ ба як зумра рӯзноманигорон ва расонаҳои иттилоотӣ ҷоизаю унвон ва Ифтихорномаю сипосномаҳо тақдим карда шуданд. Ҳамзамон хабарнигорони АМИТ «Ховар»- Шаҳлои Садриддин бо унвони «Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Фирӯза Давлатзода бо Ифтихорнома сарфароз гардонида шуданд.


Дар ин рӯз бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик як зумра фаъолон дар бахши матбуот, телевизион, радио ва таҳқиқоти илмӣ ба Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ дар соли 2025 сарфароз гардонида шуданд.

Дар айни замон дар мамлакати мо барои рушди воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва шароити мусоиди фаъолият фароҳам оварда шуда, такмили онҳо мунтазам идома меёбад. Фаъолияти воситаҳои ахбори омма асосан тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи фаъолияти ноширӣ ва полиграфӣ», «Дар бораи телевизион ва радиошунавонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи дастрасӣ ба иттилоот», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи ҳуқуқи муллиф ва ҳуқуқҳои вобаста ба он», «Дар бораи нусхаи ҳатмии ҳуҷҷатҳо», «Тартиби баҳисобгирии давлатии фаъолияти ноширӣ, корхонаҳои полиграфӣ ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд (Низомномаи Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон).

Моддаи 30-и Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар кас озодии сухан, матбуот ва ҳуқуқи истифодаи воситаҳои ахбори оммаро кафолат медиҳад.

Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 11, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Тарофаи мобилӣ – мувофиқи талаботи шахсии шумо
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
12 феврал дар вазоратҳои корҳои дохилӣ, адлия, Суди Олӣ ва Хадамоти гумрук нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии пешгирии экстремизми хушунатомез дар шаҳри Турсунзода ҳамоиш баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии занон ва духтарон дар соҳаи илм конфронси байналмилалӣ доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Дар шаҳри Бӯстон трансформатори муосир насб гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон факултети зеҳни сунъӣ ва технологияҳои нав таъсис дода шуд
11 феврал дар якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Соли 2025 дар ноҳияи Шаҳринав 947 нафар бо ҷойи кор таъмин гардид