Дар шаҳри Левакант пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими кишту кор омода мебошанд

Март 16, 2025 11:00

ДУШАНБЕ, 16.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Леваканти вилояти Хатлон пойгоҳҳои обкашӣ ба мавсими кишту кор пурра омода мебошанд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант иттилоъ доданд.

Таъмини оби ошомиданӣ ва полезӣ дар минтақаҳои камоб яке аз масъалаҳои муҳим ба шумор рафта, масъулини шаҳри Левакант ба он диққати аввалиндараҷа медиҳанд.

Раиси шаҳри Левакант Мастура Муминзода бо пойгоҳи насосҳои обкаши деҳаи Оқгазаи Ҷамоати деҳоти «Гулистон» шинос гардид. Ҷамоати деҳоти «Гулистон» аз ҷамоатҳои калонтарини шаҳр буда, сокинон бештар ба кишоварзӣ машғул мебошанд. Дар ҳолати  норасоии об мумкин аст ҳосили деҳқонон талаф ёбад.

Таъкид гардид, ки талаботи аҳолӣ сол аз сол ба маҳсулоти кишоварзӣ зиёд мегардад. Таъмини амнияти озуқаворӣ танҳо бо истифодаи оқилона ва дурусти заминҳо ва баланд бардоштани ҳосилнокии он амалӣ мегардад. Барои гирифтани ҳосилнокии баланд иҷрои корҳои агротехникӣ хеле зарур мебошад. Аз ин рӯ таъмини оби полезӣ ва сари вақт бо намӣ таъмин намудани маҳсулоти кишоварзӣ яке аз омилҳои фаровонҳосилӣ мебошад.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Левакант

Март 16, 2025 11:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар ноҳияҳои Тоҷикобод ва Лахш оид ба пешгирии амалҳои коррупсионӣ вохӯриҳо баргузор шуданд
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Вакили Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи Комиссияи доимии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои ИДМ иштирок намуд
Тоҷикистон ва Қатар ҳамкориро дар самти фаъолияти хайриявӣ ва башардӯстона тақвият медиҳанд
Форум оид ба алоқаи мобилии насли панҷум– 5G баргузор шуд
БА ТАВАҶҶУҲИ МОЛРАСОНОНУ ПУДРАТЧИЁН!!!
СТРАТЕГИЯИ РУШДИ ИҚТИСОДИ «САБЗ». Дар доираи амали он беш аз 500 ҳазор ҳисобкунаки электронии барқ насб гардидааст
Ҷаласаи навбатии Шурои ҷамъиятиву машваратӣ доир ба фаъолияти гумрукӣ баргузор шуд
Cафири Тоҷикистон бо Вазири нафти Кувайт вохӯрӣ намуд
Амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон