Дар шаҳри Турсунзода Ҷашни байналмилали Наврӯзро бо шукуҳ таҷлил намуданд
ДУШАНБЕ, 26.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз оғози соли нав ва ибтидои тақвими нав буда, ба ҷашни баробаршавии шабу рӯз, инъикоскунандаи фалсафаи баробарии инсоният дар рӯи Замин табдил ёфтааст. Ин ҷашни аҷдодии мо шукуҳу шаҳомати беназир дошта, дар худ рамзи меҳрофарӣ, равшангароӣ, зебоидӯстӣ, ҳамнавоӣ бо табиату Замин, неруи тоза ва қавӣ пайдо намудан, ободкорию накӯкориро инъикос ва таҷассум намудааст. Бинобар ин ягон боду газанди рӯзгору зарбаҳои таърих натавонист Наврӯз ва арзишҳои муқаддаси онро аз байн барад. Ин матлаб зимни тантанаҳои нарвӯзӣ дар шаҳри Турсунзода баён гардид.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Трусунзода иттилоъ доданд, дар Ҷамоати деҳоти Қаратоғ бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, дастархони наврӯзӣ, ки иборат аз ҳафтсину ҳафтшин, хӯрокҳои миллӣ, гӯшаи мероси ниёгон, гӯшаи кишоварзон, гӯшаи варзишгарон ва дигар анъанаҳои наврӯзӣ иборат буд, ташкил гардид.
Дар ҷашни наврӯзии Ҷамоати деҳоти Қаратоғ иброз шуд, ки дар сарзамини куҳанбунёди мо, аз ҷумла шаҳри Турсунзода анъанаҳо ниёгон ва сунатҳои ин ҷашн ҳифз гардида, то ба имрӯз доир карда мешаванд. Мақоми Наврӯз дар фарҳанги тоҷик ва ҳамзамон дар тамаддуни ҷаҳонӣ арзишманд мебошад.
«Омӯзиш ва шинохти ҷашни Наврӯз, мақому мартаба ва идеяҳои арзишманди он то ҳол манзалаташонро гум накардаанд, балки боз асолату назокати наву рангин касб намуда, барои бедор намудани худшиносию хештаншиносии миллӣ ва арҷ гузоштан ба гузаштаамон барои наслҳои оянда хеле муҳим мебошанд. Ин ҷашн аз ҳамаи мо тақозо менамояд, ки пос доштану эҳтироми мероси аҷдодиамонро муқаддас шуморему ба наслҳои баъдӣ ба ёдгор бимонем», -такъкид шуд дар ҷашни наврӯзӣ.
АКС. Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Трусунзода








Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Рашт бо тантанаю шаҳомати хосса таҷлил гардид
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хадамоти гумруки Тоҷикистон ботантана таҷлил гардид
Дар Нуробод ҷашни Наврӯз бо барномаҳои фарҳангӣ, варзишӣ ва ободкориҳо таҷлил карда шуд
Дар Мактаб-интернати ҷумҳуриявӣ барои кӯдакони ятим дар ноҳияи Ёвон Иди Наврӯз таҷлил карда шуд
Сокинони ноҳияи Лахш Наврӯзи байналмилалиро бо шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рашт карнавали наврӯзӣ доир шуд
Китобҳои «Эмомалӣ Раҳмон — Ҷамшеди рӯзгори мо» ва «Наврӯз аз Рӯдакӣ то имрӯз» муаррифӣ гардиданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Дар деҳаи Рошорви водии Бартанг ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд






