ДАРАХТ БИНШОН! Дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон дар 5 гектар ниҳоли тут шинонида шуд

Март 17, 2025 14:38

ЁВОН, 17.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Барномаи кабудизоркунии табиати Тоҷикистон то соли 2040» дар Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурхи ноҳияи Ёвон  дар 5 гектар ниҳоли тут шинонида шуд. Дар ин хусус ба хабарнигори   АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд аз  Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон иттилоъ доданд.

Ин тадбир имкон медиҳад, ки  «Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар амал татбиқ шуда, ин соҳаи барои иқтисоди миллӣ манфиатнок ба пешравиҳо ноил гардад.

Ҳамчунин иҷрокунандаи вазифаи Раиси ноҳияи Ёвон  Икромиддин Вализода дар  Ҷамоати деҳоти Ситораи Сурх бо иштироки деҳқонони асил кишти картошкаро оғоз намуда, бо вазъи кишти маҳсулоти полезӣ ва пиёз шинос шуд.

Аз ҳисоби бекор кардани кишти замини юнучқа ва дар он ташкил намудани зироати техникии пахта то 60-65 фоизи заминҳо  васеъ карда шуд.

Дар ноҳияи Ёвон ҷараёни кишти баҳорӣ тибқи нақша идома дошта, масъулин барои таъмини ҳосили фаровон ва бартараф намудани мушкилот тадбирҳои судманд меандешанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Ёвон

Март 17, 2025 14:38

Хабарҳои дигари ин бахш

«КИШВАРИ САБЗ». Дар шафати роҳи мошингарди Конибодом –Хуҷанд 2700 бех ниҳол шинонида мешавад
Энергетикҳо дар маҳаллаи Лучоби Боло 1500 бех ниҳоли дарахтони мевадиҳанда шинониданд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар Роғун, Ваҳдат ва Файзобод беш аз 2 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ороишӣ шинонида шуд
Бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон ва аъзои ҲХДТ дар Варзоб беш аз 700 бех ниҳол шинонида шуд
Ҳифзи растаниҳои нодир вазифаи ҳар як шаҳрванд мебошад
Дар шаҳри Турсунзода зиёда аз 22 ҳазор бех ниҳол ва 300 ҳазор дона гулҳои гуногун шинонида мешаванд
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар Ҳисор беш аз 20 ҳазор бех ниҳоли дарахтони ҳамешасабз шинонида мешавад
Дар шаҳри Ваҳдат бо иштироки муовини Сарвазири Тоҷикистон маъракаи ниҳолшинонӣ доир гардид
Дар минтақаи Ховарон дар беш аз 7 гектар боғи мевадиҳанда бунёд мегардад
ДАРАХТ БИНШОН! Дар шафати роҳҳои мошингарди Ванҷ беш аз 2000 бех ниҳол шинонида шуд
ДАРАХТ БИНШОН! Дар минтақаи Лоҳури ноҳияи Рӯдакӣ 700 бех ниҳоли гуногун шинонида шуд
«КИШВАРИ САБЗ». Кормандони Хадамоти гумрук дар ноҳияи Варзоб беш аз 17 ҳазор бех ниҳол шинониданд