Дидгоҳи Президенти Тоҷикистон оид ба меъёрҳои густариши худшиносии миллӣ

Март 20, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 20.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ташаккули давлати соҳибистиқлол ва рушду нумуи он бе такомули шахсият – омили ҷамъият ва дар иттиҳод бо дигар аъзои ҷомеа манбаи асосии ҳокимияти давлатӣ имконнопазир аст. Ин фикрро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар қолаби ҷумлаи пурмуҳтавое фаро гирифта, гуфтаанд: «Ташаккули давлатдории навин ва рушди ҳамаҷонибаи он бо эҳёи маънавӣ ва худшиносии миллӣ пайванди ногусастанӣ дорад».

Роҳу усули муайян намудани меъёрҳои худшиносии миллӣ дар фаъолияти пурсамар ва ибтикороти доманадори Сарвари давлат мавқеи хоссаеро доро аст. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон масъалаи густариш бахшидан ба худшиносии миллиро ба унвони масъалаи бунёдии давлатдорӣ қарор дода, бо роҳи омӯзиш ва таҳқиқи сабабҳо ва омилҳои рукуди ин шакли тафаккури ҷамъиятӣ фикру ақидаҳои пурарзиш баён намудаанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бар онанд, ки худшиносии миллӣ тарбиятпазир буда, бо роҳи таълиму парвариши нек ва бо бедор намудани эҳсоси ифтихори таърихӣ ва ғурури солими миллӣ ба он суръат бахшидан мумкин аст.

Сарвари давлат худшиносиро дар таълимоти худ ҳамчун омили дарк намудани мақому манзалати инсонӣ, ҷустуҷӯйи ҳақиқату адолат ва озодиву истиқлол маънидод менамоянд ва нишон медиҳанд, ки маҳз эҳсоси худшиносии миллӣ халқи тоҷикро дар марҳалаҳои гуногуни таърихи дуру дароз ва пурфоҷеааш ба талошу муборизаҳо барои истиқлолу озодӣ раҳнамун сохтааст. Таъкид менамоянд, ки бедории сиёсӣ ва худшиносии мардум буд, ки ҷумҳурии мо дар муддати кӯтоҳи таърихӣ дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ қадамҳои устувор гузошт.

Нуктаи маълум ин аст, ки дар ҷамъияти инсонӣ афроди ҷомеа дар зинаи баробари такомули иҷтимоӣ қарор надоранд. Ин гуногунии мафкуравӣ вобаста ба шароити таърихӣ ва равандҳои сиёсию иҷтимоии сохтори ҷамъиятие аст, ки одамон вориди он ҳастанд. Масалан, дар давронҳои гузашта, то он замоне, ки усули фаъолияти дастҷамъие, чун демократия мавҷуд набуд, ҳадди аксари аҳли ҷамъият нисбат ба давлат ва сиёсат бетафовут буданд. Бадеҳист, ки тағйир ёфтани меъёрҳо ва арзишҳои нави давлатдорӣ ба якборагӣ дар мафкураи одамон роҳ намеёбад.

Бо назардошти чунин воқеият, ки аз ҳақиқати раднопазири зиндагии ҷомеа аст, Роҳбари давлат ба сатҳи зарурӣ бардоштани тафаккури худшиносӣ ва ташаккули инсони фаъоли шоистаи давлатдории навинро нахуст ба дӯши давлат ва сипас ба зиммаи равшанфикрони миллат, онҳое, ки бештар баёнгари ормонҳои милливу фарҳангӣ ҳастанд, мегузоранд. Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  итминони қавӣ доранд, ки зиёиён метавонанд идеяи ваҳдати миллиро дар зеҳну шуури мардум ҷой намуда, халқро барои якдигарфаҳмӣ омода созанд.

Тазаккури ин нукта зарур аст, ки дар таълимоти Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон категорияҳои «ваҳдати миллӣ» ва «худшиносии миллӣ» маънои тавъам доранд, зеро иттиҳоди одамон фақат дар заминаи огоҳӣ аз мавқею мақоми шахсият ва дарки умумияти нажодиву фарҳангӣ ва таърихиву иҷтимоӣ доир мегардад. Инсон омили ҷараёни таърих аст ва таърих вақти муҷассами рушди ҷомеаи инсонӣ аст. Давронҳои гузаштаро вақте таърих меноманд, ки аз он давронҳо осори моддию маънавӣ ба ёдгор мондаанд, ки барои тамаддуни баъдина ба унвони замина арзёбӣ мешавад. Аз ин лиҳоз, инсон фақат андаруни ҷомеа, ки барои рафъи ниёзҳои ҷисмонӣ ва руҳонии худ неъматҳои моддӣ ва маънавӣ ба вуҷуд меоварад, метавонад шахсият бошад.

Барои халқи тоҷик, ки иттиҳоди иҷтимоияш аз давронҳои дури таърихӣ сарчашма мегирад, густариш додани тафаккури умумияти таърихиву фарҳангӣ ва ирқиву нажодӣ аз масъалаҳои сифатӣ аст. Яъне пешорӯйи равшанфикрони миллат на ин ки масъалаи ба вуҷуд овардани эҳсоси ҳамбастагии афроди ҷомеа, балки густариш додан ва таҳким бахшидани ваҳдати иҷтимоӣ ва ба шакли нав даровардани худшиносии миллӣ қарор дорад.

Ба шакли нав даровардани худшиносӣ тақозои шароити нави таърихист, ки аз моҳияту мундариҷаи истиқлол бармеояд. То ин даврон, ки худшиносӣ бештар дарки ҳамбастагии ирқиву нажодӣ буд, акнун бояд, ки моҳият ва маънои сиёсиро низ касб намояд.

Яъне шахсият худро на танҳо омили ҷамъияти этникӣ, балки низ ҳамчун ҷузъи фаъоли омили сиёсӣ ва сарчашмаи ҳокимияти давлатӣ бишносад.

Дар парвариш додани тафаккури сифатан нави худшиносӣ, ки маънои мутобиқат кунонидан ба арзишҳои солими тамаддуни имрӯзро дорад, омили таърихиву фарҳангӣ нақши муайянкунанда дорад. Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин нукта гуфтаанд: «Эҳёи худшиносӣ бе тафаккури таърихӣ номумкин аст. Мо роҳи худшиносӣ ва эҳёи халқамонро пазируфта, ба мероси гузашта ҳамчун манбаи зиёбахши бунёди ҷомеаи нав, ваҳдати ҷумлаи тоҷикон ва тамоми халқи Тоҷикистон эҳтиром мегузорем».

Дар пайвастагӣ бо ин андешаи баланд афзудани ин нукта заурр аст, ки «мероси гузашта» ва «тафаккури таърихӣ» бо халқе иртибот дорад, ки бархурдор аз пешинаи боифтихор ва собиқаи бошукуҳи илмию фарҳангӣ ва маънавию ахлоқӣ аст. Маҳз ҳамин заминаҳои боэътимоди таърихиву фарҳангӣ ва маънавию ахлоқиро Пешвои миллат ҳамчун меъёрҳо ва омилҳои густариш ва таҷаддуди худшиносии миллӣ муайян намудааст.

Таҷлили идҳои миллӣ ва ҷашнҳои бузургдошти ниёгони шуҳратманди тоҷик низ аз омилҳое ҳастанд, ки метавонанд, пеш аз ҳама, бо маънову муҳтавояшон ба густариш ва такомули эҳсоси умумияти милливу нажодӣ мусоидат намоянд. Фазои тантанаву шодӣ ба ҳастии иҷтимоии шахсият таъсири муъҷизаосо дорад. Зеро ҳамагон дар атрофи як ҳодиса, як чиз ва ё як шахсият фароҳам меоянд, ки ба ҳар кас ва ба ҳама тааллуқ дорад.

Дар рӯзгори даврони шуравӣ, дар солҳои ҳафтодум эҳё гардидани таҷлили ҷашни Наврӯз аз хурсандибахштарин рӯйдодҳои фарҳангӣ буд ва дар он солҳои ташнагиҳои шадид ба идҳои миллӣ чун оби ҷонбахш ба дашти лабташнаи маънавиёти халқ равон шуд. Ва Наврӯз, бешубҳа, яке аз омилҳои такондиҳанда ба шинохти миллӣ ва дарки асолати таърихӣ гардид.

Шароити Истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва бахусус буҳрони маънавие, ки дар оғози истиқлолият ба амал омад ва  нишонаҳояш дар ҷомеа дер боз ба мушоҳида мерасиданд, тақозо мекунад, ки маъно ва муҳтавои расму оинҳои миллиро дар баробари рангин гардонидани зиндагии маънавӣ дар роҳи шинохти миллӣ, идроки умумияти таърихиву фарҳангӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик ва халқҳои Тоҷикистон истифода намоем.

Аҳамияти расму оинро ҳамчун сарчашмаи муҳим барои тарбият кардани руҳияи ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ ва густариш додани худшиносӣ ба назар гирифта, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хотирнишон месозанд, ки «миллате, ки бо анъанаҳо ва оинҳои миллии хеш ифтихор надорад, наметавонад аз неъмати бебаҳои истиқлол баҳра гирад, дар бунёди давлат ва давлатдории навин саҳм гузорад».

Сарвари давлат таъкид менамоянд, ки «мо вазифадор ҳастем, ки пеш аз ҳама, боигариҳои маънавии қадимаи халқамонро ҳамчун манбаи нодиру гаронбаҳо дар тарбияи ҷавонон истифода барем».

Бузургтарин иде, ки роҳи дуру дарози таърихиро паймуда, то ба рӯзгори мо расидааст, Иди Наврӯз мебошад. Президенти ҷумҳурӣ бобати бақои ин ҷашни бостонӣ андешида, мегӯянд:

«Биёед, як лаҳза биандешем, ки чаро Наврӯз – ин оини бостонӣ аз қаъри асрҳо гузашта, то ба замони мо омада расид? Умуман ин иди деҳқон, иди киштукор ва меҳнат аст. Наврӯз оғози бедории табиат, оғози нафаси гарми хок асту мардумро ба иҷрои корҳои муфид ва созанда ташвиқ мекунад.

Ҷашни Наврӯз зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ, тафаккури гузаштагони бузурги мост ва маҳз ҳамин категорияҳои ахлоқию фалсафиро, ки ҷомеаи мо имрӯз аз ҳарвақта дида бештар ба онҳо ниёзманд аст, дар ниҳоди худ дорад.

Ин иди мубораки бостониро чун оини ниёгон бояд ба таври сазовор ҷашн гирем. Зеро бо таҷлили он дар шуури насли наврас ҳисси ватанпарастӣ, меҳри заҳмати ҳалол ва эҳсоси ҳамдигарфаҳмиву созандагӣ ҷой мегирад».

Зафар САЙИДЗОДА,
мудири шуъбаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили
Институти омӯзиши масъалаҳои давлатҳои Осиё ва Аврупои
Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон,
 доктори илмҳои таърих 

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 20, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Доналд Трамп мардуми саросари ҷаҳонро бо Ҷашни бостонии Наврӯз табрик гуфт
Ба муносибати ҷашни Наврӯз дар «Саноатсодиротбонк» ҷаласаи тантанавӣ баргузор шуд
Базми наврӯзии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар фазои мутантан доир шуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ
Тоҷикистонро дар рӯзҳои ҷашни Наврӯз чӣ гуна ҳаво интизор аст?
Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд Ҷашни байналмилалии Наврӯз ба таври тантанавӣ таҷлил мегардад
«АЗ НАВРӮЗ ТО НАВРӮЗ». Намоиши асарҳои эҷодӣ ифтитоҳ шуд
Дар Парлумон ба муносибати ҷашни Наврӯз ҳамоиш баргузор гардид
Ба ифтихори Наврӯз дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар Бонки миллии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз бошукуҳ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо риояи расму оинҳои қадимӣ таҷлил гардид
«Бӯйи Наврӯз расад аз ҳама дар…». Дар мақомоти Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ҷашни Наврӯзро таҷлил намуданд