«E-license». Иқдоми нав ба сӯи рақамикунонӣ дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Тоҷикистон

Март 27, 2025 13:25

ДУШАНБЕ, 27.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон раванди иҷозатномадиҳӣ ба тариқи платформаи «e-license» амалӣ карда шуд. Он бо мақсади иҷрои супоришҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  оид ба амалӣ намудани технологияҳои муосир ва баланд бардоштани самаранокии хизматрасонии давлатӣ, инчунин стратегияи рақамикунонӣ амалӣ мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар доданд.  

Ин платформа раванди гирифтани иҷозатномаҳоро барои истифодабарандагони манбаъҳои ионофар сода, шаффоф ва осон мегардонад. Бо истифода аз «e-license»  ҳуҷҷатгузорӣ ва муроҷиатҳо ба таври электронӣ (онлайн) амалӣ гардида, зарурати ҳузури ҷисмонӣ аз байн меравад ва  вақт сарфа мешавад. Ин иқдом қисми талошҳои давлат барои рушди ҳукумати электронӣ ва беҳтар кардани фазои сармоягузорӣ дар мамлакат аст, ки дар паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид гардидааст.

Дар  доираи сиёсати рақамикунонӣ ташаббусҳое, чун таъсиси низомҳои электронии хизматрасонӣ ба соҳаи иҷозатномадиҳӣ   ва афзоиши дастрасии хизматрасониҳо ба шаҳрвандон мусоидат менамоянд. Инчунин ин иқдом ба «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» мувофиқ буда, яке аз ҳадафҳои асосии он муосирсозӣ ва рақамикунонии идораҳои давлатӣ, аз ҷумла муассисаҳои илмии он мебошад.

«Бо ин иқдом мо на танҳо супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  иҷро менамоем, балки барои ояндаи дурахшон ва ҷалби сармоягузорон ба  Тоҷикистон   саҳм мегузорем»,-иброз намуд мудири шуъбаи таҳияи санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ ва иҷозатномадиҳии Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии   Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Аниса Наҷмиддинова.

Воқеан «e-license» на танҳо ба осон кардани раванди гирифтани иҷозатномадиҳӣ барои мардум мусоидат менамояд, балки дар таҳкими давлати муосир ва ҷалби ҷаҳониён ба ин сарзамин замина мегузорад.

АКС: Агентии амнияти химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон

Март 27, 2025 13:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад