Фаронса имзои Шартнома байни Тоҷикистон ва Қирғизистонро оид ба сарҳади давлатӣ истиқбол менамояд
ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Фаронса имзои созишномаи ниҳоӣ дар бораи аломатгузории марзи байни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар Бишкек истиқбол менамояд. Дар ин хусус дар изҳороти сухангӯйи Вазорати Аврупо ва корҳои хориҷии Фаронса гуфта шудааст.
«Ин Шартнома, ки раванди тӯлониро ба анҷом расид, як нишонаи муҳим барои сулҳу субот ва идомаи ҳамкории минтақавии панҷ кишвари Осиёи Марказӣ мебошад. Кушодани сарҳадҳо ин қадами муҳим дар роҳи таҳкими мубодилаи мардум ва иқтисодӣ мебошад.
Дар ин раванди ба эътидол овардани равобити кишварҳои Осиёи Марказӣ, Фаронса мехоҳад аз нишасти сеҷонибаи президентони Тоҷикистон, Узбакистон ва Қирғизистон, ки рӯзи 31 март дар Хуҷанд ба нақша гирифта шудааст ҷонибдорӣ ва истиқбол намояд»,- таъкид гардидааст дар изҳорот.
Ёдовар мешавем, ки 13 март аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳо Сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Садир Жапаров зери Изҳороти муштарак доир ба таҳкими минбаъдаи дӯстӣ ва ҳамсоягии наку ва Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи сарҳади давлатӣ имзо гузоштанд.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Дар Берлин консерти ансамбли «Моҳирон» дар доираи фестивали байналмилалии Young Euro Classic баргузор гардид
Ҳамкории Тоҷикистону Кувайт дар соҳаи ҳуқуқи инсон баррасӣ шуд
Дар Кувайт ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ дар самти консулӣ байни Тоҷикистон ва Давлати Кувайт баррасӣ гардид
Дар Вена масъалаҳои таҳкими ҳамкории илмӣ-фарҳангии Тоҷикистон ва Австрия баррасӣ гардиданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Дар Анқара машваратҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркия баргузор шуданд
Масоили ҳамкорӣ дар соҳаи моликияти зеҳнӣ байни Тоҷикистон ва Корея баррасӣ гардид
Дар Теҳрон ҳамкории дуҷониба байни Тоҷикистон ва Эрон баррасӣ шуд
Сафири Тоҷикистон бо Вазири давлатии вазорати федералии корҳои хориҷии Олмон оид ба корҳои Аврупо мулоқот намуд
Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқтидори саноатии вилояти Брест шинос гардид
Дар Қоҳира масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар самти таблиғи фарҳанги сулҳ баррасӣ шуданд
Дар Брест ҷаласаи 19-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Беларус баргузор гардид






