Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 11.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 15 то 20 март дар шаҳрҳои Душанбе, Панҷакент, Истаравшан, Хуҷанд ва ноҳияи Айнӣ Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Фестивали ҷаҳонии ҷавонон «Navruz Youth World Festival» бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш баргузор гардида, ҳадаф аз он муттаҳид намудани ҷавонони давлатҳои гуногун дар руҳияи дӯстӣ, мубодилаи фарҳангӣ ва рушди устувор мебошад.
Наврӯз — яке аз қадимтарин идҳое аст, ки аз ҷониби халқҳои Осиёи Марказӣ, Шарқи Миёнаю Наздик ва Қафқоз ҷашн гирифта мешавад. Ин ид омадани баҳор, навсозии табиат ва оғози соли нави хуршедиро таҷассум менамояд. Анъанаҳои ҷашни Наврӯз- ин омодасозии хӯрокҳои идона, баргузории ҷашнҳои оммавӣ, мусобиқаҳои варзишӣ, намоишҳои театрӣ ва амалиёти хайриявӣ мебошанд.
Наврӯз ҳамзамон замони таҳкими дӯстӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва ягонагии миллатҳо мебошад.
АКС: АМИТ «Ховар»