Гузоштани тоқӣ дар сар яке аз анъанаҳои ҷашни Наврӯз аст
ДУШАНБЕ, 25.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Гузоштани тоқӣ дар сар яке аз анъанаҳои миллати тоҷик аст. Тоқиҳо чун шиносномаи маҳал ҷои зисти шахсро низ муайян менамуданд. Бештари мардҳо ва занҳо дар ҷашни Наврӯз тоқиеро, ки хоси минтақаашон мебошад, ба сар менамоянд.
Ба иттилои фарҳангшиносон, тоҷикон намудҳои гуногуни тоқӣ доранд, ки дар аксар маврид бо номи маҳалли зисташон номгузорӣ шудаанд: тоқиҳои бадахшонӣ, кӯлобӣ, хуҷандӣ, ғармӣ, ҳисорӣ, дарвозӣ, вахонӣ ва ғайра. Тоқиҳои тоҷикӣ дорои нақшу нигор ва шаклҳои мухталиф мебошанд. Онҳо ба навъҳои мардона, занона ва кӯдакона тақсим шуда, аз рӯи ороиш ба маҳалҳо ҷудо мешаванд. Инчунин тоқиҳо дар шаклҳои чаҳоркунҷа ва гирд дӯхта шуда, аз лиҳози ороиш ба намудҳои чустӣ, ироқӣ, фарғонагӣ, зардӯзӣ, кӯлобӣ, раштӣ, бадахшонӣ, пӯпакдор, чакан ва бахмалӣ ҷудо мешаванд.
Тоқии чустӣ
Таърихи тоқии чустӣ аз асрҳои XY-XYI сарчашма мегирад. Садсолаҳо боз ин тоқиро аҷдодон такмил дода, то ба имрӯз расонидаанд. Тоқии чустӣ аз тоқиҳои дигар маҳалҳо бо баландӣ, содагии гулҳо ва сифатнокиаш фарқ менамояд. Занҳои тоқидӯз ҳангоми дӯхтани он матои сиёҳ ва риштаҳои сафед, гулҳо дар шакли қатраи об, шохча, гирдак, бодом ва қаламфурро истифода мебаранд. Бо гузашти айём дӯзандаҳо шаклҳои нави гулпартоиро пешниҳод кардаанд, ки тоқиҳои замонавӣ боз ҳам зебову чашмрас шудаанд.
Тоқии ироқӣ
Ҷавонони солҳои 50 ва 60-уми асри гузашта ва ҳатто хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳру навоҳии мамлакат тоқии чорбари рангаи ироқӣ ба сар карда, дар чорабиниҳои давлатӣ, фарҳангӣ ва мактабӣ иштирок мекарданд. Дӯхтани ин тоқии зебо дар шаҳри Хуҷанд эҳё шуда, ҳоло он яке аз тоқиҳои дӯстдоштаи ҷавондухтарон ва занони тоҷик ба шумор меравад.
Тоқии тоҷикии ироқӣ чоркунҷаи сатҳаш ҳамвор буда, нақшҳои чоркалид, тарҳи гулдаста ва ё буттаи гуногунранг дорад. Дар аввали асри ХХ нақшу нигор дар тоқиҳо бо номи «санам» ва «чизма» машҳур мегардад. Инчунин тоқиҳо бо намуди гули «лола» дӯхта мешуданд.
Тоқии зардӯзӣ
Нақшу нигори зардӯзӣ яке аз намудҳои санъати олии халқи тоҷик ба ҳисоб меравад. Санъати гулдӯзиҳои зардӯзӣ байни мардум ривоҷу равнақ ёфта буд. Дертар дар Хуҷанд тоқиҳои гулдӯзиҳояш зарҳалин маъмулу машҳур гардиданд. Тоқиҳо бо шаббаҳои зарҳалин дӯхта шуда, нақшу нигори гуногун доштанд, ки маҳсули дасти ҳунармандон дар берун аз доираи шаҳр низ машҳур гардида буд. Ин навъи тоқиро бештар арӯсон ба сар мекунанд.
Тоқии чакан ё кӯлобӣ
Тоқии чакан яке аз намудҳои муҳими санъати ороишии сокинони минтақаи Кӯлоб буда, дорои рамзҳои ба худ хос мебошад. Онро ҳам барои мардон ва ҳам занон омода месозанд. Имрӯз ин навъи тоқиро бештар мардон ба сар мегузоранд. Тоқии чакан дар шакли гирда (мудаввар) бо матоъҳои карбос, алоча, чити ранга ё якранг, лас, шоҳӣ, махмал ва парча дӯхта мешавад. Дар тоқии чакан 4 нишон тасвир ёфтааст: рамзи гул, Офтоб, шероз ва пупак. 4 гуле, ки дар тоқӣ тасвир ёфтааст, рамзи тахту тоҷ мебошад. Дар дохили ин тоҷ рамзи Офтоб тасвир гардидааст, ки рамзи меҳру муҳаббат ва зиндагисоз будани мардонро ифода менамояд. Қисмати поёнии тоқии чакан бо шероз оро дода шуда, дар дохили шероз тасвирҳои каҷ ва ба якдигар хеле наздик дӯхта шудаанд, ки ин маънои панҷараро дорад. Рамзи панҷара дар тоқии чакан намоди муҳофиз будани мардонро дорад. Ва дар як гӯшаи тоқии чакан пӯпаки сафед дӯхта мешавад, ки ин рамзи шодию нишот ва хурсандии мардон аст.
Тоқии бадахшонӣ
Тоқии ин минтақа бештар якранг буда, бештар бо ранги сурх ва сабз омода мешавад. Тоқиҳо шакли мудаввар дошта, аз матои якранги либоси дастӣ бофташуда, матоъҳои фабрикӣ (якранг), махмали (бахмали) якранги сурх, сурхча, гулобӣ, кабуд, сабз, зард, сиёҳ ва ғайраҳо дӯхта мешаванд. Ин тоқӣ аз қисмҳои мухталиф: теппа («ситора», «тора») гирда-гардиши тоқӣ (кизак), шероза (ҷияк, зеҳ, ҳошия, канора), тупак (пӯпак) иборат аст. Ин тоқиро ба ду гурӯҳ тақсим намудан мумкин аст: тоқиҳои гирдаборики тораҳамвор ва тоқиҳои баландгумбаз. Тоқиҳои баландгумбазро бо салла якҷоя мебастанд. Дар баъзе мавридҳо ин тоқиро тоқии зери салла низ меномиданд.
Тоқии вахонӣ
Тоқии вахонӣ яке аз намунаҳои нодири офаридаи ақли инсоният дар санъати гулдӯзӣ маҳсуб шуда, аз ҷиҳати сабку услуб, нақшу нигор, усулу воситаҳои офариниш, бадеият ва мураккабии дӯхт беназир буда, аз тоқии дигар минтақаҳои мамлакат бо баъзе нишонаҳои хеш фарқ мекунанд.
Яъне, гулдӯз бо ифтихор аз ориёӣ буданаш рамзи ориёиҳоро дар майдони нақшофарӣ бо маҳорати баланд ва санъаткорона сабт намудааст. Беҳуда нест, ки расми тоқии вахонӣ ҳамчун рамзи ифтихор аз санъати воло ва оламшумули миллат дар асъори миллии тоҷикии 20 сомонӣ дарҷ ёфтааст.
Вобаста ба таъриху истифодаи тоқӣ дар нигоштаҳои таърихшиносону фарҳангшиносон маълумоти васеъ дарҷ ёфтааст. Бояд гуфт, ки дар намуду шаклҳои гуногун падид омадани сарпӯшҳо на танҳо барои фарқ кардан буд, балки маъниҳои дигар низ дошт. Аз ҷумла, кулоҳ ба осмон ҳаво додан маънии пирӯзӣ, шодмонӣ, иду сур, кулоҳ ба замин задан аз чизе норозӣ шудан, аз худ қонеъ набуданро дошта, кулоҳ рӯйи зону гирифтан маънии рӯзи даргузашти касеро нишон медод. Бештари мардум бар он гумон ҳастанд, ки рӯзи мотам кулоҳ аз сар гирифтан расми мардуми Аврупо аст, аммо «Шоҳнома» муҳри тасдиқ мезанад, ки ин оини дерини тоҷикон аст.
Пас, ин тоқӣ ва кулоҳи тоҷикиеро, ки чун ҷашни Наврӯз мардумони дигар минтақаҳо низ истифода мебаранд, реша дар аҳди ниҳоят бостонӣ дорад. Аз ин рӯ, бояд онро ҳамчун ҷузъи либоси расмӣ ва чун сарвати маънавии миллат ҳифз намоем.
Таҳияи Фирӯза ДАВЛАТЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз








ПАСТ КАРДАНИ ХАВФИ ОФАТҲОИ ТАБИӢ. Соли 2025 аъзои 174 хоҷагӣ ба ҷойҳои бехатар кӯчонида шуданд
Ифлосшавии ҳавои атмосферӣ ба саломатии инсон чӣ таъсир мерасонад?
Нашриёти «Орван» китоби «Ҳазор марворид»-ро ба нашр расонид
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон маротибаи аввал озмуни ҷумҳуриявӣ баргузор мегардад
ТОҶИКИЯТ — ЗАМИНАИ ХУДШИНОСӢ. Он шаҳрвандонро ба эҳтироми ҳуқуқҳои фитрӣ даъват менамояд
ТАШАББУСҲОИ ТОҶИКИСТОН ДАР СОҲАИ ОБУ ИҚЛИМ. Аз соли 1940 то соли 2017 — дар ҳар даҳсола аз +0,1 то +0,2 дараҷа ҳарорати ҳаво баланд шудааст
«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Барои баргузории озмуни ҷумҳуриявӣ беш аз ҳашт миллион сомонӣ ҷудо мегардад
Намнокии баланди ҳаво сабаби пайдоиши туман мегардад
«МАН АВВАЛ ТОҶИКАМ, БАЪД МУСАЛМОН!». Андешаҳо оид ба таносуби арзишҳои миллӣ ва динӣ дар фарҳанги тоҷикон
МАРКАЗИ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ. Чаро бояд чунин марказ таъсис дода шавад?
Таъсиси Маркази тамаддуни ориёӣ на танҳо иқдоми сиёсию фарҳангӣ, балки даъват ба худшиносии миллӣ аст
ХУТАЛИ ҚАДИМ — ПОЙГОҲИ ЗУҲУРИ ЗАБОНИ ТОҶИКӢ. Соли 2026 дар Тоҷикистон симпозиуми байналмилалӣ доир мешавад






