IRS: Роҳи Душанбе-Чанок бинобар мавҷуд будани хавфи тармафароӣ муваққатан баста шудааст

Март 3, 2025 08:54

ДУШАНБЕ, 03.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи бориши пуршиддату давомдори барф дар роҳи Душанбе-Чанок 13 тармаи хурду калон фаромад. Бинобар то ҳол мавҷуд будани хавфи тармафароӣ ҳаракати нақлиёт дар ин масир муваққатан маҳдуд карда шудааст. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Ба иттилои манбаъ, шаби гузашта бо кумаки кормандони филиал 7 мошин аз тарма раҳо гардид. Хушбахтона,  талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудааст. Баландии барф дар баъзе қитъаҳои ин роҳ ба 60 сантиметр расидааст.

Тавре иттилоъ дода шуд, дар фосилаи маҳдуд будани ҳаркати роҳи нақлиёт кормандони Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оқибатҳои тармафароиро пурра бартараф ва роҳро бо маводи зиддилағзиш коркард менамоянд.

Баробари рафъ гардидани монеаҳо аз кушода шудани роҳ иттилоъ медиҳем.

АКС: Филиали «Инновейтив Роуд Солюшнз ЛТД» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 3, 2025 08:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Филиппин Форуми байналмилалии тандурустӣ баргузор гардид
Дар ноҳияи Рӯшон оид ба истифодаи сарфакоронаи неруи барқ вохӯрӣ доир гардид
Аз 9 то 13 июл дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво то 5 дараҷа паст мешавад
Байни Тоҷикистон ва Қирғизистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи иҷтимоӣ ба имзо расид
ИМРӮЗ — РӮЗИ МАЪЮБОН. Дар Тоҷикистон заминаи ҳуқуқии ҳифзи иҷтимоии маъюбон фароҳам оварда шудааст
Пагоҳ дар баъзе аз кӯчаҳои Душанбе ҳаракати воситаҳои нақлиёт муваққатан қатъ мегардад
Дар Душанбе вобаста ба ҳимояи ҳуқуқи инсон дар шароити рақамикунонӣ ҳамоиш баргузор шуд
Гурӯҳи корӣ бо рафти корҳои сохтмонии манзилҳои аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияҳои Рашт ва Тоҷикобод шинос гардид
Дар Тоҷикистон доир ба пардохти кумакҳои унвонии иҷтимоӣ давраи омӯзишӣ ҷараён дорад
Гармии шадиди ҳаво боиси авҷи кадом бемориҳо мегардад?
Басти дуюми истироҳатгоҳи «Файзи истиқлол» дар ноҳияи Варзоб оғоз гардид
Чӣ тавр худро аз гармии тобистон муҳофизат кунем? Донистани роҳҳои дурусти он муҳим аст