Йозеф Сикела: «Тоҷикистон бо захираҳои бузурги табиӣ метавонад минтақаро бо энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намояд»

Март 18, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 18.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар ҷараёни сафари намояндагони Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ ба Тоҷикистон ба маблағи қариб 40 миллион евро лоиҳаҳо ба имзо расонида шуданд, ки ба такмили шабакаҳои барқии Тоҷикистон, пешбурди таҷрибаҳои устувори кишоварзӣ ва саноатӣ дар соҳаи пахтакорӣ равона шуда,  ҳамчунин ба содироти нассоҷии хушсифати тоҷик мусоидат менамоянд. Чунин иброз намуд Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ Йозеф Сикела.

«Тавассути ин лоиҳаҳо мо якҷоя барои ояндаи ҷамоатҳои маҳаллӣ сармоягузорӣ намуда, устувории иқтисодӣ ва экологиро болотар мебардорем. Ин лоиҳаҳо танҳо бахше аз тамоми ҳамкории Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мебошанд. Инчунин дар нақша дорем, ки дар оянда дар бисёр лоиҳаҳои бузурги дигар, ки ба тамоми минтақа таъсири мусбат мерасонанд, низ якҷоя фаъолият намоем», — иброз намуд ӯ.

Ба андешаи Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба ҳамкории байналмилалӣ, ҳамкорӣ беҳтарин равиш аст, ки бо таҷрибаи ғанӣ онро дарк намуда, дар Иттиҳоди Аврупо тавассути «Team Europe» (Тими Аврупо) фаъолият менамоянд. «Ин маънои онро дорад, ки мо таҷрибаи беҳтарини ширкатҳои худро, ки аз ҷониби ниҳодҳои Иттиҳоди Аврупо ва бонкҳои аврупоии рушд дастгирӣ мешаванд, бо мақсади таъмини таъсири ҳадди аксар ва устувории тамоми лоиҳа ворид менамоем», — иброз намуд ӯ.

Лоиҳаҳои асосие, ки якҷоя бо Тоҷикистон татбиқ мешаванд- сохтмони Неругоҳи барқи обии «Себзор» ва такмили шабакаҳои барқии вилояти Хатлон мебошанд. Ин лоиҳаҳо барои қонеъ намудани ниёзи амнияти энергетикии Тоҷикистон, бахусус бо назардошти иқтидори бузурги гидроэнергетикии мамлакат муҳим мебошанд.

«Ин лоиҳаҳо уҳдадории моро оид ба ҷалби сармоягузорӣ ба энергияи барқароршаванда тасдиқ менамоянд. Ин такмилдиҳӣ на танҳо талафоти неруи барқро коҳиш медиҳад, балки ба амалияи устувори энергетикӣ, ки метавонад барои минтақа ҳамчун намуна хизмат кунанд, замина мегузорад», -афзуд Йозеф Сикела.

Ба назари ӯ, гузариши энергетикӣ дар Тоҷикистон, пеш аз ҳама, ба ҷомеаи маҳаллӣ ва соҳибкорон нафъ расонида,  сатҳи хизматрасониро дар мамлакат баланд мебардорад. Бо вуҷуди ин, он ба тамоми минтақа таъсири мусбат мерасонад. Гузариш ҳамкории фаромарзиро тавассути таъмини неруи барқи кофӣ давоми сол, ҳатто ҳангоми боло шудани талабот ва таъминоти суст, масалан дар мавриди хушксолӣ тақвият хоҳад дод. Он ҳамчунин имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз содироти неруи барқ баҳра барад.

«Ин ба Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки дар ҷараёни сафари худ барои таъкиди аҳамияти лоиҳа ва умуман истеҳсоли устувори неруи барқ онро дидам, низ дахл дорад. Вале ҳамкории мутақобили судманди мо танҳо аз соҳаи энергетика иборат нест. Дар давраи солҳои 2021-2027 мо барои ҳамкории дуҷониба бо Тоҷикистон 142 миллион евро фароҳам овардем. Мавриди диққати мо се самти афзалиятнок, аз ҷумла  иқтисоди фарогири «сабз» ва рақамӣ, рушди инсонӣ ва  идоракунии захираҳои табиӣ қарор мегиранд»,- таъкид намуд ҳамсуҳбати мо.

Йозеф Сикела изҳори итминон намуд, ки чунин фаъолият мебарем, то Тоҷикистон ба ҳадди аксар аз лоиҳаҳои минтақавие низ баҳра барад, ки дар доираи ташаббуси мо «Team Europe» амалӣ мегарданд. Аз ҷумла, ин ҳамбастагии рақамӣ аст, ки ба беҳтар кардани дастрасии интернет дар саросари минтақа равона шудааст. Ин долони нақлиётии Транс-Каспий аст, ки муддати сафарро байни Иттиҳоди Аврупо ва Осиё ба таври назаррас кӯтоҳ месозад. Ин ҳамкории минтақавӣ оид ба захираҳои об ва энергетика мебошад, ки устувориро ба тағйирёбии иқлим дар минтақа дастгирӣ менамояд. Ва инчунин истеҳсоли устувори ашёи хом муҳим аст.

 

Йозеф Сикела ҳамзамон вобаста ба самти маориф низ саҳми худро баён намуда, таъкид дошт, ки 10 миллион евро ба Хазинаи давлат равон карда шуд,  ки он ба татбиқи «Стратегияи миллии рушди маорифи Тоҷикистон то соли 2030» мусоидат менамояд. «Бо таваҷҷуҳ ба баланд бардоштани сифати таълиму омӯзиши касбӣ мо имконияти мардумро вусъат медиҳем ва дар рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат саҳм мегузорем.

«Дар хотимаи сафари худ ба Тоҷикистон мехоҳам бигӯям: Иттиҳоди Аврупо дар ин ҷо ҳамчун шарике қарор дорад, ки Тоҷикистонро дар роҳи рушди устувор, устувории иқтисодӣ ва пешрафти иҷтимоӣ дастгирӣ менамояд. Мо якҷоя метавонем ояндае бунёд намоем, ки барои шаҳрвандони Тоҷикистон имконияти бештар ва сифати беҳтари зиндагӣ фароҳам орад.

Сафари ман азми моро ба таҳкими минбаъдаи шарикии мо дар саросари Осиёи Марказӣ таъкид менамояд. Тоҷикистон бо захираҳои бузурги табиӣ ва аҳолии ҷавонаш омода аст, ки пешсафи рушди устувор гардад ва минтақаро бо энергияи аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин карда, ба ҳамкории одилонаи минтақавӣ мусоидат намояд.

Дар ин самт мо метавонем кумак намоем. Стратегияи «Global Gateway» ба пешбурди ҳамбастагии устувор дар соҳаҳои муҳим, аз қабили энергетика, захираҳои об, тағйирёбии иқлим, рақамисозӣ ва маориф нигаронида шудааст», — гуфт Йозеф Сикела.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»/Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон

Март 18, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Мутахассисони соҳаи энергетикаи Қирғизистон бо Неругоҳи барқи обии «Роғун» шинос шуданд
Ҳайати вакилони Парлумони Иттиҳоди Аврупо ба бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» баҳои баланд дод
Лоиҳаҳои сохтмони НБО-и «Роғун» ва таҷдиди НБО-и «Норак» бо ҳайати Бонки ҷаҳонӣ баррасӣ гардид
«РОҒУН» — БУЗУРГТАРИН ДАСТОВАРДИ СОҲИБИСТИҚЛОЛӢ. Ин неругоҳ барои Тоҷикистон аҳаммияти ҳаётӣ ва сарнавиштсоз дорад
Бо пурра ба истифода додани неругоҳи «Роғун» дар Тоҷикистон истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» роботи махсуси кафшерӣ ба истифода дода шуд
Беш аз 15 ҳазор оилаҳои дар минтақаи зериобшавандаи НБО «Роғун» қарордошта бо манзили доимии зист ва қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин гардиданд
Суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар вохӯрӣ бо бунёдгарони НБО «Роғун»
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар ду агрегати аввалини НБО «Роғун» то имрӯз 9,1 миллиард киловатт-соат неруи барқ истеҳсол карда шудааст»
Дар Неругоҳи барқи обии «Роғун» беш аз 18 ҳазор коргарон ва кормандони муҳандисию техникӣ фаъолият доранд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо кормандони НБО «Роғун» ва фаъолони шаҳри Роғун мулоқот намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар НБО «Роғун» бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар нақби сохтмонии қабати чорум шинос шуданд