Кишоварзони шаҳри Панҷакент ба кишти барвақтии картошка оғоз намуданд
ДУШАНБЕ, 16.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Ворӯ»-и Ҷамоати деҳоти Ворӯи шаҳри Панҷакент бо истифода аз рӯзҳои офтобӣ нахустин шуда, дар шаҳр ба кишти барвақтии картошка оғоз намуданд.
Тавре аз Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, аъзои хоҷагии деҳқонӣ соли равон дар 85 гектар заминҳои ҳамвори мавзеи Рукнобод ва қитъаҳои кишти кӯҳсор картошка кишт менамоянд.
Кишоварзони Ҷамоати деҳоти Ворӯ тасмим гирифтаанд, ки соли равон дар 280 гектар картошка шинонанд.
Инчунин дар хоҷагии деҳқонӣ ва инфиродии Ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент дар 535 гектар кишти картошка, ки қисми асосии он барвақтӣ аст, пешбинӣ шуда, кишоварзон машғули кишт мебошанд.
Аз ҷумла, кишоварзони хоҷагии деҳқонии «Меҳнатобод» дар 32 гектар ба кишти барвақтии картошка шуруъ намуданд.
Кишоварзони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Панҷакент дар рӯёнидани ҳосили фаровон аз картошкаи барвақтӣ таҷрибаи ғанӣ дошта, аз рӯзҳои офтобӣ босамар истифода менамоянд.
Онҳо баъди ҷамъоварии ҳосили картошкаи барвақтӣ дигар намуди сабзавот, аз ҷумла сабзӣ, карам, турбу шалғам кишт карда, даромадро аз ҳар ҳиссаи замин зиёд менамоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Панҷакент








Корхонаи коркарди пахтаи ноҳияи Фархор баъд аз таъмир ба истифода дода шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАХТА. Як килограмм нахи пахта дар бозори ҷаҳонӣ ба 16 килограмм гандум баробар аст
«БАРНОМАИ РУШДИ САЙЁҲИИ ДОХИЛӢ». Дар Тоҷикистон беш аз 400 захираи сайёҳӣ, 1000 дара, 1000 кӯл ва мавзеъҳои дигари ҷолиб мавҷуд аст
Дурнамои рушди соҳаи сохтмони Тоҷикистон дар форуми байналмилалӣ дар Екатеринбург муаррифӣ гардид
Лоиҳаи «Дастрасӣ ба бозорҳо ва мутобиқшавӣ барои чорводорӣ» татбиқ мегардад
Дар Конфронси C5+1 SI дастовардҳои Тоҷикистон дар самти рушди зеҳни сунъӣ муаррифӣ шуданд
Коршиносони БОР соҳаи нақлиёт ва логистикаро яке аз муҳаррикони рушди иқтисодиёт арзёбӣ менамоянд
Байни Тоҷикистон ва палатаҳои савдою саноати кишварҳои ИДМ густариши робитаҳои тиҷоратӣ баррасӣ гардид
Барои фурӯши неруи барқ тавассути истгоҳҳои пуркунии воситаҳои нақлиёти барқӣ талаботи нав амалӣ гардид
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд
Истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар самти рушди ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда баррасӣ шуд






