МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Сиёҳалафро барои муолиҷаи бемориҳои рӯда ва захми меъда истифода мебаранд

Март 24, 2025 11:30

ДУШАНБЕ, 24.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо фаро расидани фасли баҳор дар Тоҷикистон ҳазорон намуди гиёҳҳои шифобахш мерӯянд. Аз ҷумла, чукрӣ, торон, шибит, рошак, қоқу, каравчак ва дигар намудҳои растаниҳои барои саломатӣ муфид дар мамлакати мо зиёд месабзанд. Ба таври зарурӣ истеъмол намудани ин растаниҳо дар организм ба сифати маводи зиддисироятӣ ё антибиотик хизмат мерасонад.

Гиёҳҳо барои нигоҳ доштани саломатӣ кумак мерасонанд. Дар фасли баҳор бисёриҳо кӯшиш менамоянд, ки растаниҳои шифобахшро ҷамъоварӣ намоянд, онҳоро тару тоза бихӯранд ё хушк кунанд.  Ба назари мутахассисон, алаф дар кӯҳсор ҳар қадар дар баландиҳо сабзад, ҳамон қадар фоиданок аст.

Дар хусуси фоидаи сиёҳалаф ҳар сокини мамлакати мо огоҳ аст. Аз он бештар хӯрокҳои баҳорӣ тайёр карда мешавад ва соҳибхоназанон  онро боз хушк карда, нигоҳ медоранд.

Сиёҳалафро аз дигар растаниҳо фарқ кардан душвор нест. Агар онро чида гиред, нӯги поя аз миқдори зиёди йод зуд сурх мешавад. Йод дар хӯроке, ки аз ин гиёҳ тайёр карда мешавад, ранги бунафшро мегирад. Дар Тоҷикистон онро бо чакка мехӯранд.

Хӯрокҳое, ки аз гиёҳҳои кӯҳӣ, бахусус сиёҳалаф тайёр карда мешаванд, ба кӯдакони хурдсол хеле маъқул мебошанд. Хӯрок ва хӯришҳои аз растаниҳои кӯҳӣ омодашуда ба нигоҳ доштани саломатӣ ва пурра намудани норасоии витаминҳо дар бадан мусоидат менамоянд. Баъзе гиёҳҳо инчунин барои рафъи дарди сар ва дарди меъда кумак мерасонанд.

Сиёҳалаф аз витамини С, каротин ва фитонсид бой аст. Дар таркиби он миқдори зиёди намакҳои минералӣ, оҳан, марганетс, калий, руҳ ва йод мавҷуд аст. Он дорои фитонсидҳои хеле фаъол, сахароза, кислотаи аскорбин (витамини С), бета-каротин (провитамини А) ва витаминҳои РР, В1, В2 мебошад.

Сиёҳалафро дар муолиҷаи бемориҳои меъдаю рӯда, бахусус захми меъда ва гастрит бо туршии баланд истифода бурдан мумкин аст. Барги ин навъи пиёз иштиҳоро ба вуҷуд оварда, ба ҷаббидани ғизо мусоидат мекунад. Одамони гирифтори бемориҳои сипаршакл танҳо сиёҳалафро бояд ба парҳези худ дохил намоянд.

Рибофлавин, ки як қисми он аст, кори ғадуди сипаршаклро назорат менамояд.

Умуман, ин растании нодир бо миқдори зиёди антибиотикҳои табиии фаъол фарқ намуда, ба мустаҳкам намудани системаи масуният кумак мерасонад.

Қариб ҳамаи гиёҳҳоро барои омоданамоии хӯрок истифода бурдан мумкин аст. Онҳо барои кори дил, меъда, майна, ҷигар ва дигар узвҳо муфид мебошанд.

Дар хотир бояд дошт, ки алаф дар замин мерӯяд, он бояд бодиққат шуста шавад, то пасмондаҳои хок тоза шаванд.

Барои нағз тоза кардани алаф онро як соат дар оби шӯр тар карда, баъд тамоми хоки боқимондаро шуста, қоидаҳои санитариро таъмин намудан зарур аст.

Дар Тоҷикистон гиёҳҳоро ба миқдори зиёд ба хӯрокҳои ҳаррӯза илова мекунанд, зеро онҳо болаззат ва фоиданок мебошанд. Аз онҳо отала, оши бурида, умоч, самбӯса ва дигар хӯрокҳо тайёр кардан мумкин аст.

Истеъмоли гиёҳҳои баҳорӣ барои саломатии инсон хеле фоиданок аст. Хӯрокҳои гиёҳиро дар ҳар вақти рӯз бе тарси зиёд шудани вазн истеъмол кардан мумкин аст. Гиёҳҳо инчунин аз ҷиҳати молиявӣ дастрас мебошанд.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ
«Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2025 11:30

Хабарҳои дигари ин бахш

АЗ ДАРТМУТ ТО ДУШАНБЕ. Зеҳни сунъӣ нисбат ба қоидаҳое, ки истифодаи онро танзим менамоянд, ба маротиб тезтар рушд мекунад
ҲАМНАФАСИ МАРДУМ, ҲАМҚАДАМИ ТАЪРИХ. Андешае дар ҳошияи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар Бохтар бахшида ба Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ конференсияи ҳизбӣ баргузор шуд
ПЕШВОИ МИЛЛАТ ВА ТАҲКИМИ ПОЯҲОИ РУШДИ ИҚТИСОДИИ ТОҶИКИСТОН. Дар ҳошияи таҷлили Рӯзи Президент
ЗЕҲНИ СУНЪӢ — ИМКОНИЯТ, МАСЪУЛИЯТ ВА ОЯНДАИ ИНСОН. Он ба ҷузъи муҳими ҳаёти инсон табдил ёфтааст
Дар Душанбе Форуми байналмилалии тандурустӣ-2026 баргузор гардид
ИҶЛОСИЯИ XVI ШУРОИ ОЛӢ ВА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ. Таҳлили ҳуқуқии мафҳумҳои конститутсионӣ ва таърихии давлатдорӣ
ДАР МЕҲВАРИ СУЛҲ, ВАҲДАТ ВА СОЗАНДАГӢ. Мулоҳизаҳо оид ба рисолати таърихии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ташаббусҳои Тоҷикистон дар соҳаи зеҳни сунъӣ дар Шанхай муаррифӣ карда шуданд
РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ ТОҶИКИСТОН — РӮЗИ АРҶГУЗОРӢ БА МЕЪМОРИ СУЛҲУ ВАҲДАТИ ТОҶИКОН ДАР АРСАИ ҶАҲОНӢ. Андешаҳо дар ин маврид
Дар ноҳияи Ёвон бахшида ба Рӯзи Президент ҳамоиши сиёсӣ-фарҳангӣ доир гардид
Ба муносибати 35-солагии муносибатҳои дипломатии Тоҷикистону Чин конфронси байналмилалӣ доир шуд