Наврӯз — ҷашни миллӣ ва мероси таърихии тоҷикон

Март 22, 2025 08:30

ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Наврӯз яке аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми тоҷик маҳсуб шуда, тоҷикон онро беҳтар аз ҳамаи дигар ориёитаборон таҷлил ва баргузор менамоянд. Наврӯз дар байни тоҷикон аз даврони бостон барҷой мондааст, ки ойинҳои зиёдеро дар бар мегирад. Дар эҳё ва пайдо намудани ҷойгоҳи баланди давлатӣ ва байналмилалии ҷашни Наврӯз хизмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бузург мебошад. Маҳз бо ташаббуси ин шахсияти шинохтаи сиёсию фарҳангӣ ҷашни бостонии Наврӯз на танҳо дар сатҳи давлатию байналмилалӣ, балки дар кишварҳои ҳавзаи тамаддуни Наврӯз ботантана ва ба таври расмӣ таҷлил карда мешавад, ки шинохту дарки моҳияту муҳиммияти он амиқтар мегардад.

18 феврали соли 2010 Иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қатъномаи «Рӯзи ҷаҳонии Наврӯз»-ро ба тасвиб расонид. Он маҳз бо пешниҳоди Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Дар қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид гуфта мешавад, ки ҳамасола дар тамоми ҷаҳон 21 март ҳамчун Рӯзи байналмилалии Наврӯз таҷлил мегардад. Соли 2016 бо қарори ЮНЕСКО ҷашни бостонии Наврӯз ба Феҳристи осори фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.

Бояд гуфт, ки ҷашни Наврӯз бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Феҳристи осори фарҳанги ғайримоддии умумиҷаҳонии созмони ЮНЕСКО, ки аз 28 ноябр то 2 декабри соли 2016 дар Ҷаласаи ёздаҳуми байнидавлатии ЮНЕСКО доир ба ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддӣ дар шаҳри Аддис-Абебаи Эфиопия баргузор шуд, расман сабт гардид.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба мақоми ҷашни Наврӯз чунин изҳори андеша намудаанд: «Дар фарҳанги мардуми мо ҷашни фархундаи Наврӯз ниҳоят азизу арҷманд буда, махсусан бо шарофати соҳибистиқлолӣ ба таври оммавӣ, бо иштироки хурду бузурги мардум доир мегардад.

Ин ҷашни умумимиллӣ барои халқи мо мероси таърихӣ ба шумор меравад, зеро он аз гузаштагони дурамон ба ёдгор мондааст. Боиси ифтихор аст, ки дар поку беолоиш ва бегазанд ба насли имрӯз расонидани ин суннати бисёр гиромии таърихӣ саҳми фарзандони фарзонаи миллати тоҷик беназир мебошад».

Аз ин хотир, бо байналмилалӣ шудани ҷашни Наврӯз тамоми халқҳои олам – турку тотору озариву паштуву ҳинду – ин ҷашнро, ки ному ниҳод ва аслу насаби тахту бахташ– тоҷикӣ мебошад, таҷлил менамоянд. Мардуми тоҷик аз он хушнуд ҳастанд, ки Наврӯз ҳамчун ҷашни аҷдодии тоҷикон фаромиллӣ шуда, дар саросари олам бо номи тоҷикии Наврӯз ҷашн гирифта мешавад ва тамоми башариятро гирди худ ҷамъ овардааст.

Рисолати таърихӣ ва қудрати фарҳангэҷодкунии  ниёгони тоҷикон аст, ки ҳамин падидаи табиии мутааллиқ ба тамоми халқҳои сайёраро дар фарҳанги тоҷикӣ ба падидаи фарҳангӣ-маънавии созанда табдил диҳанд. Наврӯз ба ниёзу талаботи иҷтимоӣ, маънавию ахлоқӣ ва ҷаҳонбинии фалсафии оламиён ҷавобгӯй гардид, ки ниҳоят онро ҳамчун ҷашни байналмилалӣ пазируфтанд

Наврӯз ҷашни миллӣ, мероси фарҳангии ниёкони мо, тоҷикон аст, ки маънои рӯзи нав, рӯзи зиндагии нав, рӯзи шодӣ, рӯзи адлу эътидол, рӯзи бахшоиши гуноҳҳои якдигар, рӯзи оштиро дорад. Табиат, таърих ва инсон дар ин рӯз ҷони тоза меёбанд. Ин ҷашн дар моҳи аввали баҳор, ки Фарвардин ном дорад, баргузор мешавад. Рӯзи якуми Фарвардинро рӯзи якуми баҳор, саршавии киштукор, бедоршавии табиат, олами наботот, такмили дунёи нав медонанд. Дар ин маврид донишманд ва олими қарни даҳум Абурайҳони Берунӣ дар китоби машҳури худ «Осор-ул-боқия» меоварад: «Рӯзи Наврӯз ягона рӯзест, ки тағйирнопазир аст». Берунӣ мегӯяд: «ва он рӯзро, ки рӯзи тозае буд, Ҷамшед ид гирифт, пеш аз ин ҳам Наврӯз бузургу муаззам буд». Берунӣ ба таври густурда дар бораи ҷашни Наврӯз сухан мегӯяд ва дар осораш шинохти рамзу рози ойинҳо, маросими гуногун, аз амалинамоии суннатҳои дерина дар рӯзгори худро низ хабар медиҳад ва ошкоро таъкид медорад, ки мардумони давронаш бо покизагардонию навсозии ҳамаи афзор ва дастмояҳои зиндагӣ ва оростану перостани хонаву кошона аз Наврӯз истиқбол менамуданд.

Дар баъзе асарҳои куҳан, аз ҷумла «Шоҳнома»-и Ҳаким Фирдавсӣ ва «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ҳамин маъниро дарёфтан мумкин аст. Дар рисолаи «Наврӯзнома»-и Умари Хайём ба нигариши равшангарона ба Наврӯзи замони қадим ва хусусияту оинҳои он таваҷҷуҳ шудааст. Муҳимтарин нукта он аст, ки пайдоиши Наврӯз ба масъалаи офариниш, арзи ҳастӣ кардани гардиши кайҳонии табиат, ба монанди фасли баҳору эҳёи табиат, ки аҳамияти ҳастибахшӣ ва умумиинсонӣ дорад, вобаста аст.

Абурайҳони Берунӣ Наврӯзро рӯзи мавлуди нахустбашар (Кайюмарс)  ва  Умари Хайём дар «Наврӯзнома»-и худ  он рӯзро рӯзи ба подшоҳӣ нишастани Каюмарс ва оғози таърих номидаанд. Анъанаи хеле қадимӣ будани ҷашни Наврӯз дар бисёр сарчашмаҳои дигар низ баён ёфтааст. Ба монанди «Ал-бидаъ ва-т-таърих»-и Шафеъи Кадканӣ, «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Зайн-ул-ахбор»-и Абусаид Маҳмуди Гардезӣ, «Таърихи Табарӣ»-и Балъамӣ ва ғайра.

Мувофиқи нақли Абуҷаъфар Муҳаммад Ҷарири Табарӣ, «рӯзи ҷашни Наврӯз ба рӯзи ғалабаи Ҷамшед рост меояд». Наршахӣ дар «Таърихи Бухоро» Наврӯзро ҳамчун «оғози соли мардуми Суғд ва ҷашни деҳқонону кишоварзон» ҳисобидааст, ки низ ба рӯзи шашуми офариниш мавсуф аст. Суғдиён, ки аз қавмҳои бостонии ориёӣ мебошанд ва аз гузаштагони аслии тоҷиконанд, ҷашни Наврӯзро аз қадимулайём бошукуҳ ва бо тантанаи хос таҷлил менамуданд.

Пас аз густариши ислом дар Хуросону Мовароуннаҳр низ мардуми бумӣ Наврӯзро бо тантанаю шукуҳ ҷашн мегирифтанд ва дар сарчашмаҳо доир ба ҷашни Наврӯз дар он замон маълумот баён ёфтаанд. Дар бораи ҷашни Наврӯз ривояте мавҷуд аст. Масалан, Берунӣ дар «Осор-ул-боқия» менависад: «Оварданд, ки дар Наврӯз ҷоме пур аз ҳалво барои Пайғамбар (с) ҳадия бурданд. Он ҳазрат пурсид: «Ин чист?». Гуфтанд: «Имрӯз рӯзи Наврӯз аст». Пурсид: «Наврӯз чист?» Гуфтанд: «Иди бузурги эрониён аст». Он гоҳ аз ҳалво тановул кард ва ҷомро миёни асҳоб қисмат кард ва фармуд: «Кош ҳар рӯз барои мо Наврӯз буд». Чунин ривоятҳо аз он дарак медиҳанд, ки Наврӯз ҳамчун ид дар замонҳои қадим ҷашн гирифта мешуд ва иди лоиқи таҷлил низ буд.

Тоҷикон аз қадимтарин мардумони ориёӣ мебошанд, ки дар сарзамини Варорӯд (Мовароуннаҳр) сукунат варзида, дар рушди тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми бузург доранд. Гузаштаҳои таърихӣ ва фарҳангии муштараки онҳо бо халқҳои ориёӣ аз пайвандҳои устувори фарҳангиашон бо мардумони Эрон ва дигар кишварҳои форсизабон ба шумор меравад. Унсурҳои ин муштаракоти фарҳангӣ маросим ва ҷашнҳои анъанавӣ аст ва Наврӯз аз шукуҳмандтарин ва волотарини онҳост.

Бо ҷаҳонӣ шудани Наврӯз фарҳанг густурда шуда, масъулияти инсонҳоро барои ҳалли мушкилоти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангӣ афзун кард. Вобаста ба ин Сарвари хирадсолори давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд: «Тарғиби фарҳанги Наврӯз метавонад ғоя ва амалияи Роҳи бузурги абрешимро густариш дода, ба эҷоди бозори муштараки кор ва тиҷорат дар минтақа мусоидат намояд. Фарҳанги маърифатпарваронаи Наврӯз ҳамчунин метавонад барои тавсеаи ҳамкории наздик дар соҳаҳои иттилоот, маориф, фарҳанг ва иҷрои тарҳҳои муштараки илмӣ дар бахшҳои гуногун мусоидат намояд».

Наврӯз ягона ҷашни миллии мо аст, ки давоми ҳазорсолаҳо бо ҳама истисмори душманон аз байн нарафта, маҳбубият ва ҳашамату азамати хешро нигоҳ доштааст. Ин ҷашни ниёконро аҷнабиён ҳатто натавонистанд давоми ин ҳама гирудор ва кашмакашу қатлу ғорат аз байн бибаранд. Наврӯзро мардуми ориёӣ давоми ҳазорсолаҳо ҳамчун ҷашни баҳору рӯзи наву соли нав таҷлил мекарданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Муҳаммад Ғоиб барҳақ Тоҷикистонро  Ватани Наврӯз номидааст. Ҷашни ҷаҳонии Наврӯз меҳру муҳаббат, садоқат ба арзишҳои инсонӣ, миллӣ, давлатӣ, ба хотири таъмини зиндагии шоистаи мардум, дурнамои нек, кору пайкор ва самимиятро дар дили ҳар фард ба таври доимӣ маскун менамояд.

Фарҳанги Наврӯз баёнгари покии тан, руҳи озоду озодагӣ, наҷобати пиндори нек, гуфтори нек ва кирдори неки ҷомеа, покиву назофати ҳаво, замин, об ва муҳити зист, сиҳатии инсон, парвариши руҳи солим мебошад. Наврӯз дар дӯстию баҳамойии аҳли сайёра ва дар ҳалли масоили мубрами ҷаҳони муосир саҳмгузор аст. Наврӯз дар ҳавзаи фарҳанги наврӯзӣ ба таҳкими ҳамкории судманди иқтисодӣ ва равобити тиҷоратӣ дар байни кишварҳои минтақа мусоидат намудааст.

Наврӯз баёнгари тафаккури таърихӣ, симои маънавӣ, сиришти ахлоқӣ, орзую ормон ва расму оин буда, давоми мавҷудияташ арзишҳои фарҳангиву миллиро дар таркиби худ ҳифз намудааст. Миллати куҳанбунёд ва соҳибфарҳанги тоҷик Наврӯзро ҳанӯз аз аҳди бостон истиқбол намуда, бо шукуҳу ҷалоли хосса ҷашн мегирад.

Баъди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни Наврӯз эҳё шуд ва ба ҳайси ҷашни миллӣ дар сатҳи давлатӣ таҷлил карда мешавад. Наврӯз ба василаи баланд бардоштани ҳувият ва худшиносии миллии мардуми тоҷик ва ифтихор аз гузаштаи миллат табдил ёфтааст.

Расул МАҶИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 22, 2025 08:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Мактаби сиёсию давлатдории Эмомалӣ Раҳмон – намунаи ибрат барои сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ
Наврӯзи байналмилалӣ дар Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҷлил гардид
Иди Наврӯзро дар дараи Яғноб чӣ гуна ҷашн мегиранд?
Идомаи воридшавии барқияҳои табрикии наврӯзӣ ба унвони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷашни Наврӯз дар Вазорати саноат ва технологияҳои нав бо намоиши дастовардҳои истеҳсолӣ, ихтироот ва инноватсия таҷлил шуд
ТОҶИКИСТОН — ЗОДГОҲИ НАВРӮЗИ ҶОВИДОНӢ. Ин ҷашн рӯзи сулҳу оштӣ, дӯстию бародарӣ ва баробарӣ аст
Таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Истеъмоли пӯдина дарди гурда ва меъдаро рафъ ва вазни зиёдатиро кам менамояд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО бо ташаббуси намояндагиҳои доимии Тоҷикистон ва дигар давлатҳои аъзо маҳфили идона доир шуд
РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ бо захираҳои обию энергетикӣ дар зинаи якум қарор дорад
Дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе Фестивали «Бозиҳои варзишии наврӯзӣ» баргузор мегардад
Имрӯз дар асоси Фармони Президенти Тоҷикистон боз 697 нафар маҳбусон аз муассисаҳои ислоҳии ҷумҳурӣ озод карда шуданд