Омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ иштирок намуданд
ДУШАНБЕ, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи «Шашумин намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва меҳмоннавозии баҳори Синҷон», ки дар шаҳри Урумчии Ҷумҳурии Мардумии Чин баргузор гардид, омӯзгорони Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон дар машварати байналмилалӣ таҳти унвони «Самаранокии соҳаи сайёҳӣ ба рушди давлатҳо» иштирок намуданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин донишгоҳ хабар доданд.
Зимни машварат мутахассисон аз давлатҳои гуногун оид ба нақши сайёҳӣ дар рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии давлатҳо ибрози назар намуданд.
Иштирокчиён аз Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин машварат вобаста ба таҷрибаи рушди соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон ва имконияти густариши ҳамкории байналмилалӣ дар ин самт маъруза намуданд.
Ҳамчунин иштирокчиён доир ба тамоюлҳои нави рушди сайёҳӣ ва стратегияҳои ҷалби сармоягузорӣ мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон








МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд
Дар Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик ҳамоиш доир шуд
Дар Корхонаи воҳиди давлатии «Роҳи оҳани Тоҷикистон» Рӯзи Модарро таҷлил намуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил карда шуд
Ҷомеае, ки занони босавод, фаъол ва худшинос дорад, метавонад ба сӯи ояндаи равшан ва ободу осуда қадам гузорад
Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ҳамкориро бо Донишгоҳи Вестминстер густариш медиҳад
Маркази миллии тестӣ барои дастгирӣ ва осонии кори довталабон дар ИМД-и соли 2026 чӣ тадбир андешидааст?
Давраи якум (асосӣ)-и бақайдгирии довталабон барои иштирок дар ИМД-2026 оғоз гардид
То соли 2030 дар Тоҷикистон 800 муассисаи нави томактабӣ бунёд карда мешавад
Оид ба рушди индустриалӣ-аграрии Тоҷикистон конференсия баргузор гардид
Беш аз 15 ҳазор хатмкунанда бо шароити таҳсил дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон шинос шуданд






