Оростани хони наврӯзӣ бо рамзҳои «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» нишони файзу баракат ва фардои дурахшон ҳисобида мешавад

Март 24, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 24.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Боиси ифтихор ва шодмонии бузург аст, ки ҷашни қадимию суннатии мардуми тоҷик — Наврӯз  чанд сол инҷониб дар саросари ҷаҳон  бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил мегардад.  Наврӯзи хуҷастапай ҷашни накукорӣ бо гуфтору пиндори нек буда, оростани хони наврӯзӣ бо «Ҳафтсин» ва «Ҳафтшин» нишонаи хайру баракат аст.

Ба андешаи мардумшиносон, ҳар маводи дар дастархон гузошта рамзи махсусро ифода мекунад: шаҳд, шир, шароб, шакари ноб, шамъ, шамшод ва шоя (мева).

Рамзи рӯшноӣ- шамъ рамзи пирӯзии некӣ бар бадӣ аст. Дар анъанаи наврӯзии хони «Ҳафтшин» марбут ба ҳар аъзои хонавода шамъ мегиронданд, яъне, дар хонадон чанд нафар аъзо бошад, ҳамон қадар шамъ гузоштан расм будааст.

Дигар рамзи наврӯзӣ шир буда, гузоштани он дар хони наврӯзӣ  сапедӣ ва покиро ифода месозад ва орзую омоли тамоми сол дорои бахти сафед буданро мефаҳмонад. Чуноне ки муаррихи асрҳои VIII-IХ тоҷику форс Мӯсо ибни Исо Ал-Кисравӣ дар асараш «Китоби хислатҳои некӯ ва одатҳо» овардааст, ширнӯшӣ ҳатто дар дарбори шоҳӣ расм буда, касе ба он беэътиборӣ намуда наметавонист.

Шаҳду шакар, ширинӣ ва шарбат дар хони наврӯзӣ мавқеи муҳим доштанд. Ин рамз — рамзи орзуҳои нек нисбат ба соли нав буда, таманно менамуданд, ки дар ин сол орзую омоли неку ширинашон ҷомаи амал пӯшад. Мардум дар остонаи ҷашни Наврӯз ба хешу табор ва ёру дӯстон ширинӣ мефиристоданд.

Гузоштани навдае аз шамшод ва дастае аз рустании кӯҳии шоя (мева) асосан ба эҳёи табиат, сарсабзии он ва идомаю бардавомии ҳаёту зиндагӣ алоқамандӣ дорад.

Ба маротиб гиромӣ доштани шароб дар хони наврӯзии «Ҳафтшин» асосан ба он марбут аст, ки он сабаби хушнудӣ ва тарабу шодӣ аст.

Дар хони наврӯзии аксари мардуми ориётабор «ҳафтсин» низ маъмул буда, он аз санҷид, себ, сабза, суманак, сир, сирко ва сипанд иборат аст ва махсусияти хосро доро аст.

Санҷид бӯи хушу гуворо дошта, рамзи нишони дилдодагӣ ба табиатро ифода месозад. Баъзе аз донишмандон онро ба ғизои ақл маҳсуб медонанд. Ба ин сабаб санҷид ниҳодан ба хони наврӯзӣ рамзи донишу хирад дониста мешавад.

Инчунин себ рамзи дигари ҳафтсин мебошад, ки мардумшиносон онро рамзи тандурустӣ донистаанд. Дар тибби мардумӣ омадааст, ки ҳар кас ҳар рӯз як дона себ хӯрад, ӯро ба пизишк эҳтиёҷ намонад. Рамзи дигар- ин сабза мебошад, ки аз зинда ва бедор шудани табиат дарак медиҳад. Он рамзи сарсабзӣ, нумӯъ ва хуррамии инсониятро бозгӯйӣ менамояд.

Гузоштани суманак дар хони наврӯзӣ нишони ғанӣ будани  зироати кишоварзӣ буда, ғизо гирифтан ва паҳлавониро низ ифода менамояд.

Сирко дар хони наврӯзӣ ифодагари пуртоқатӣ ва хирадмандӣ мебошад.

Сир рамзи саломатӣ буда, донаҳои ҳазориспандро рӯи зарфи наврӯзӣ гузошта, бо фаро расидани Наврӯз онро ба хотири дафъи балоҳо месӯзонданд. Ба қавли машҳур он ба ҳазор дард даво будааст.

Бояд иброз намуд, ки ороиши дастурхони наврӯзӣ аз урфу одатҳои ҳар миллат вобаста буда, дар байни мардуми тоҷик аз замонҳои қадим дар айёми Наврӯз кушодани дастархони «ҳафт мева», таҳияи хӯрокҳои ширӣ, маҳсулоти сафедранг ва таоми баҳорӣ, яъне аз сабзавоти баҳорӣ омодашуда низ маъмул буд. Ҳамин тавр,  анъанаҳои нек бо мурури замон аз насл ба насл интиқол ёфта, ҳар хонавода мувофиқи табъаш хони наврӯзиро оро медиҳад.

Таҳияи Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Март 24, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Исломиддин Раҳмон: «Иҷлосияи тақдирсоз ва Рӯзи Президент саҳифаи тиллоӣ дар таърихи давлатдории тоҷикон мебошанд»
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Иммунизатсия яке аз усулҳои муҳими ҳифзи саломатии кӯдакон мебошад
10 НОЯБР — РӮЗИ МИЛИТСИЯИ ТОҶИК. Барои беҳтар намудани шароити хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ беш аз 1500 иншоот бунёд гардидааст
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН-ЗАМИНАИ ҲИФЗУ ГУСТАРИШИ АРЗИШҲОИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи фармони Президенти Тоҷикистон «Дар бораи ҷашн гирифтани 40-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Ҳунарманди ҷавон Сафина Шодиева: «Ҳунари дастиамро ба шуғли дӯстдошта ва манбаи даромад табдил додам»
ЯК РӮЗ ДАР БОҒЧА. Мураббӣ тарбиятгирандагонро бояд бо чеҳраи кушоду табассум ва суханони меҳрубонона истиқбол намояд
Барномаи рушди чарогоҳҳо барои таҳкими иқтисоди Тоҷикистон замина фароҳам меорад
Дар доираи татбиқи Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ тадбирҳои муҳим андешида шудаанд
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Кумитаи ҳолатҳои фавқулода шаҳрвандонро даъват менамояд, ки корҳои пешгирикунандаро сари вақт гузаронанд
БАРНОМАИ РУШДИ ФУТБОЛ ДАР ТОҶИКИСТОН. Беш аз 15 ҳазор наврасон ба тамрини футбол фаро гирифта шуданд