Президенти Тоҷикистон аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба занон тақдим намуданд
ДУШАНБЕ, 07.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷамъомади тантанавӣ ба муносибати Рӯзи Модар дар шаҳри Душанбе аввалин нусхаҳои нашри пурраи «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсиро ба занону модарон тақдим намуданд.
Сарвари мамлакат зимни суханронӣ иброз намуданд, ки «тақдим намудани ин шоҳасари ҷовидонӣ ба шумо бесабаб нест. Модари тоҷик давоми таърихи чандинҳазорсолаи миллат ҳазорон нафар родмардон, нобиғаҳою шахсиятҳои барҷастаи илму адаб ва қаҳрамонону паҳлавононро ба дунё оварда, ба камол расонидааст».
Ҳамчунин Пешвои миллат ёдовар гардиданд, ки дар адабиёти ғановатманди мо байти машҳуре ҳаст, ки мегӯяд:
Ҳар он кас, ки шаҳномахонӣ кунад,
Агар зан бувад, паҳлавонӣ кунад.
Тавре қаблан иттилоъ додем, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 5 декабри соли 2023 дар Симпозиуми байналмилалӣ ба ифтихори 115-солагии академик Бобоҷон Ғафуров дастур доданд, ки ба хотири огоҳии ҳарчи бештари мардум аз таъриху фарҳанг ва тамаддуни аҷдодонамон «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосим Фирдавсӣ нашр ва ба тамоми хонадони мамлакат дастрас карда шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар бораи арзиши мондагори «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ чунин таъкид намуда буданд: ««Шоҳнома» танҳо китоби базму разм, диловарию қаҳрамонӣ ва ривояту афсона нест. Вай пандномаи беназир, ахлоқнома ва дастури омӯзандаи хулқу атвори ҳасана, хислат ва хусусиёти неки инсонӣ аст. Агар мо бихоҳем, ки ҷовидон дар ин сарзамин руҳи Фирдавсиро зиндаву покиза нигоҳ дорем ва худро вориси воқеии ӯ бидонем, бояд ҳамаи андарзҳои ӯро ҳифз намуда, тибқи онҳо амал намоем, барои оромишу осоиш, ваҳдату ягонагӣ ва пойдор гардидани сулҳ ба ҷон бикӯшем».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/АМИТ «Ховар»








Соли 2026 дар Тоҷикистон чор пойгоҳи бостоншиносӣ ба фаъолият оғоз менамояд
Маҷмааи «Қалъаи Хуҷанд» маркази муаррифии таъриху фарҳанги халқи тоҷик мебошад
Вазорати фарҳанги Тоҷикистон беш аз 78 ҳазор китоб ба табъ расонид
Байни Тоҷикистон ва Узбекистон нақшаи чорабиниҳо оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг барои солҳои 2026-2027 ба имзо расид
«ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ». Фестивали ҷумҳуриявии «Ҳафтаи китоби кӯдакону наврасони Тоҷикистон» доир мегардад
Даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» моҳи апрел оғоз меёбад
Васфу ситоиши Ватан мавзуи аслӣ ва меҳварии тамоми осори Мирзо Турсунзода мебошад
Намояндагони соҳаи фарҳанги Тоҷикистон ва Узбекистон бо орденҳои «Дӯстӣ» ва «Дӯстлик» қадрдонӣ карда шуданд
Дар даври дуюми Бозиҳои Делфии Созмони ҳамкории Шанхай намояндагони Тоҷикистон соҳиби 6 медал гардиданд
Хабарнигорони Қирғизистон аз табиати дилфиреби ноҳияи Варзоб ва бозори «Меҳргон» боздид намуданд
Гурӯҳи хабарнигорони Қирғизистон бо фаъолияти НБО-и «Норак» шинос шуданд
РАНГОМЕЗИИ НАВРӮЗ. Дар Узбекистон намоиши асарҳои рассомони тоҷик баргузор шуд






