Президенти Тоҷикистон: «Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад»
ДУШАНБЕ, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ муҳимтарин вазифаи ҳар бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад. Чунин иброз доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми шодбошӣ ба муносибати иди саиди Фитр.
Вобаста ба ин, Сарвари давлат зарурати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро бори дигар таъкид намуданд.
«Дар ҳоле, ки ҷаҳон бо мушкилоти гуногуни иқтисодӣ, буҳронҳои молиявӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, аз ҷумла камобиву хушксолии пайиҳам ва болоравии нархи маводи ғизоӣ рӯбарӯ гардидааст, мо бояд ба масъалаи истифодаи оқилонаи имконоти моддиву молиявии худ муносибати ҷиддӣ дошта бошем»,-таъкид доштанд Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Сарвари давлат иброз доштанд, ки ба ҷойи зиёдаравию исрофкорӣ мо бояд имконияти молиявии худро барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, фароҳам овардани шароити беҳтар барои аҳли оилаву фарзандонамон ва таълиму тарбияи онҳо сарф намоем.
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Фиристодаи махсуси СММ: «Давлатҳо бояд сиёсатҳо ва амалҳоро тағйир дода, сармоягузорӣ ва татбиқи лоиҳаҳоро дар соҳаи идораи захираҳои обӣ ба роҳ монанд»
Ҷоизаи байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи об таъсис дода шуд
Сарвазири Бурунди: «Тоҷикистон ба маркази муколамаи глобалӣ оид ба масъалаҳои об табдил ёфтааст»
Пешвои миллат: ««Чаҳорчӯби Душанбе барои об» муҳаррики пешбурди Рӯзномаи ҷаҳонии об пас аз соли 2030 хоҳад шуд»
Президенти Тоҷикистон: «Талаботи ҷаҳон ба оби ошомиданӣ то соли 2050 ҳадди ақалл 25 фоиз зиёд мешавад»
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Ба Конфронси чоруми оби Душанбе беш аз 150 волонтёри ҷавон ҷалб гардидааст
ТАЪРИХ ГУВОҲ АСТ… Эҳдо ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Стратегияи рушди соҳаи алоқа, барномаҳои давлатӣ ва омодагӣ ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ дар маҷлиси Ҳукумат баррасӣ гардид
Президенти Тоҷикистон аз афзоиши тӯфонҳои чанголуд дар минтақаи Осиёи Марказӣ изҳори нигаронӣ намуданд
ТАШАББУСҲОИ МОНДАГОРИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ДАР ШИНОХТ ВА МУАРРИФИИ ТАЪРИХУ ТАМАДДУНИ ОРИЁӢ
Меҳрномаи як ҳамзабон ба Пешвои тоҷикони ҷаҳон Эмомалӣ Раҳмон
ПАРЧАМИ НАНГУ НОМИ МО. Аз барафрохтани Парчами давлатии Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе 14 сол сипарӣ гардид






