РӮЗИ ҶАҲОНИИ ЗАХИРАҲОИ ОБ. Тоҷикистон дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ бо захираҳои обию энергетикӣ дар зинаи якум қарор дорад

ДУШАНБЕ, 22.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон дорои захираҳои бойи обию энергетикӣ буда, дар ҷаҳон баъд аз Чин, Русия, Амрико, Бразилия, Конго, Ҳиндустон ва Канада ҷойи ҳаштум ва дар байни давлатҳои Осиёи Марказӣ зинаи якумро ишғол менамояд. Дар ҳудуди Тоҷикистон дар маҷмуъ 947 дарё бо дарозии 28,5 ҳазор км мавҷуд аст, ки ба ҳавзаҳои Амударё ва Сирдарё дар Осиёи Марказӣ дохил мешаванд.
Замина барои Рӯзи ҷаҳонии захираҳои об
Ҳамасола 22 март ҷомеаи ҷаҳон Рӯзи ҷаҳонии захираҳои обро таҷлил менамояд. Ин сана бори нахуст аз Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд (UNCED), ки соли 1992 дар Рио-де-Жанейрои Бразилия баргузор шуд, ибтидо гирифт. Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид бо қабули қатъномаи 47/193 аз 22 феврали соли 1993 22 мартро Рӯзи ҷаҳонии об эълон намуд.
Ҳадаф — мусоидат ба истифодаи устувори захираҳои оби тоза
Тибқи тавсияҳои Конфронси Созмони Милали Муттаҳид оид ба муҳити зист ва рушд, Рӯзи ҷаҳонии об аз соли 1993 инҷониб таҷлил мегардад. Дар асоси ин қатънома, давлатҳо даъват шудаанд, ки Рӯзи ҷаҳонии обро ба татбиқи тавсияҳои Созмони Милали Муттаҳид ва амалҳои мушаххас дар сатҳи миллӣ бахшанд. Дар маҷмуъ, Рӯзи ҷаҳонии об ҳамасола бо мақсади таъкиди аҳамияти дастрасӣ ба оби тоза ва мусоидат ба истифодаи устувори захираҳои оби тоза дар ҷаҳон доир мегардад.
Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии СММ оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намуд
Тоҷикистон аз соли 2000 инҷониб бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти афзун гардидани таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаҳои об ва муҳимияти захираҳои обӣ барои ноил гардидан ба рушди устувор масъалаҳоро вобаста ба об дар рӯзномаи ҷаҳонии рушд пеш бурда, тавсеа мебахшад. Бо ибтикори Тоҷикистон Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои об нуҳ қатънома қабул намуд ва татбиқи онҳо барои расидан ба ҳадафҳои глобалии ҳамоҳангшуда дар соҳаи об заминаи мусоид гузошт. Дар пешбурди чунин ҳадафҳои глобалӣ давлатҳои аъзо ва ниҳодҳои Созмони Милали Муттаҳид, аз ҷумла аъзои Гурӯҳи дӯстони об нақши муҳим доранд.
Саҳми бузурги Президенти Тоҷикистон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об
Ташаббусҳои глобалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар соҳаи об- «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013», Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028» ва қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид зимни иҷлосияи 77 доир ба эълон намудани Соли 2025- Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ки 14 декабри соли 2022 қабул гардид, дар ҳалли мушкилоти ҷаҳонии об ва ҳифзи пиряхҳо дар шароити тағйирёбии иқлим нақши муассир гузоштаанд. Ин ташаббусҳо бозгӯи саҳми бузурги Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳалли масъалаҳои марбут ба обу иқлим дар сайёра мебошанд.
Тоҷикистон — сарзамини захираҳои фаровони обӣ
Тоҷикистон бо сарватҳои бебаҳои табиии худ, хусусан бо захираҳои фаровони об, ки на танҳо барои ҷумҳурӣ, балки барои тамоми минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти стратегӣ доранд, дар сайёра эътироф гардидааст. Манбаи асосии обҳои ширин дар Тоҷикистон пиряхҳо маҳсуб мешаванд. Миқдори пиряхҳо дар мамлакат 14 ҳазору 509 адад мебошад. Масоҳати умумии пиряхҳо 11 ҳазору 146 километри мураббаъ буда, 8 фоизи ҳудуди мамлакатро ташкил медиҳанд. Захираи умумии ях дар пиряхҳо тақрибан 845 километри мукааб арзёбӣ мегардад.
Дар айни замон 60 фоизи захираҳои оби Осиёи Марказӣ дар ҳудуди Тоҷикистон ташаккул меёбанд, ки аз ин омор Тоҷикистон ҳамагӣ тақрибан 20 фоизи захираҳои обиро истифода мебарад. Дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна ҳамасола тақрибан 64 километри мукааб обҳои рӯйизаминӣ ташаккул меёбанд, аз ҷумла 1,1 километри мукааб дар ҳавзаи Сирдарё ва 62,9 километри мукааб дар ҳавзаи Амударё.
94 фоизи неруи барқ аз манбаъҳои обӣ истеҳсол мешавад
Тибқи арзёбии мутахассисон, захираҳои гидроэнергетикии Ҷумҳурии Тоҷикистон 527 миллиард кВт/соатро ташкил медиҳанд. Дар Тоҷикистон захираҳои бузурги оби тозаи нӯшокӣ мавҷуд мебошанд. Захираҳои об дар таъмини рушди устувори иқтисодиёти мамлакат нақши муассир доранд. Дар айни замон захираҳои об дар ҷумҳурӣ манбаи асосии истеҳсоли энергия буда, 95 фоизи неруи барқ дар Тоҷикистон тавассути манбаъҳои обӣ -неругоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда мешавад. Неругоҳҳои ҳавзаи дарёи Вахш, аз қабили неругоҳҳои барқи обии «Роғун», «Норак», «Бойғозӣ», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2» ва «Сарбанд» қисми зиёди аҳолии мамлакатро бо неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, яъне энергияи «сабз» таъмин менамоянд.
Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад
Бо назардошти захираҳои бойи обӣ дар мамлакат ва дар ин замина рушди соҳаи гидроэнергетика, хусусан бунёди неругоҳҳои хурду бузурги обӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олӣ таъкид намуданд, ки «аз моҳи майи соли 2027 аз ҳисоби истеҳсоли неруи барқ дар «Роғун» ва силсиланеругоҳҳои дарёи Вахш норасоии неруи барқ дар мамлакат пурра бартараф ва Тоҷикистон ба истиқлоли комили энергетикӣ ноил мегардад».
Нақши захираҳои об дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ
Захираҳои обӣ дар соҳаҳои обёришаванда ва истеҳсолӣ тақрибан дар беш аз 80 фоизи маҳсулоти кишоварзӣ, таъминоти оби нӯшокӣ ва санитария, саноат ва моҳипарварӣ, ки дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва дастрасии аҳолӣ ба ғизои босифат нақши муҳим доранд, истифода мешаванд. Захираҳои об дар ҷумҳурӣ ҳамчунин дар таъмини шуғлнокии аҳолӣ низ саҳм мегузоранд. Рушди минбаъдаи соҳаи гидроэнергетика, соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ ва саноат ҷойи нави кориро талаб менамоянд. Аз ин номгӯй муҳимияти бештарро соҳаҳои обёришавандаи кишоварзӣ касб менамоянд, зеро қисмати зиёди аҳолии деҳоти мамлакатро бо кор таъмин менамоянд.
Кишоварзӣ — истифодабарандаи асосии об дар Тоҷикистон
Тибқи «Стратегияи миллии оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040», истифодабарандаи асосии об дар Тоҷикистон соҳаи кишоварзӣ мебошад, ки тақрибан 85 фоизи захираҳои оби аз манбаъҳои табиӣ гирифташударо ташкил медиҳад.
Ба ҳиссаи таъмини оби ошомиданӣ 5 фоизи саноат, 5 фоизи моҳипарварӣ, 0,8-1,5 фоизи ҳаҷми умумии истифодаи об рост меояд. Гидроэнергетика, фароғату истироҳат ва муҳити зист дар воқеъ истифодабарандагони об мебошанд, ки захираҳои обро ба таври бебозгашт истеъмол наменамоянд.
Ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон дар соҳаи об
Тоҷикистон чун аъзои фаъоли ҷомеаи ҷаҳон давоми ду даҳсолаи охир бо ташаббусҳои глобалиаш дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим ба ҳайси давлати пешсаф ҷомеаи ҷаҳонро ба ҳалли буҳрони об дар миқёси сайёра даъват намуда, ташаббусҳои ҷаҳонӣ манзур намуд. Ин ташаббусҳо дар фаҳмиши дурусти масъалаҳо ва мушкилоти марбут ба обу иқлим дар сатҳи ҷаҳонӣ ва ҳалли онҳо барои рушди иқтисодию иҷтимоӣ, таъмини устувории ҳифзи муҳити зист, ба даст овардани субот ва дар маҷмуъ рушди устувор саҳми назаррас мегузоранд.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз