РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ЧОЙ. Чаро дар садсолаи охир талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид?

Май 21, 2026 10:55

ДУШАНБЕ, 21.05.2026. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз, 21 май  Рӯзи байналмилалии чой аст. Чой нӯшокии аз ҳама зиёд истеъмолшаванда дар ҷаҳон буда, аксаран 2 намуди он: чойи сиёҳ ва кабуд  маъмул аст. Дар солҳои аввали пайдоиш,  чой ҳамчун дору истифода бурда мешуд. Дертар бо фаҳмидани хислатҳои ғизонокӣ истеъмоли он зиёд шуд. Дар садсолаи охир баъди он ки мутахассисон ба таври илмӣ ба саломатӣ фоида доштани чойро тасдиқ карданд, талабот ба он боз ҳам зиёдтар гардид.

Дар солҳои охир олимон боз як хусусияти мусбати чойро муайян карда, иброз доштаанд, ки нӯшидани 3 пиёлаи он дар як рӯз 20% эҳтимолияти паст кардани сактаи дилро дошта, ҳамзамон он инсонро аз нурҳои ултрабунафш муҳофизат мекунад. Инчунин нӯшидани чой дар мубориза бо изтироб (стресс) ёрӣ расонида, рагҳоро васеъ ва аз бемориҳои дилу раг пешгирӣ мекунад. Истеъмоли аз ҳад зиёди он барои занҳои ҳомиладор хатарнок мебошад.

Тавре иброз гардид, дар ҷаҳон асосан  2 намуд чой:  сиёҳ ва кабуд бештар маъмул  аст. Ин ду намуди чой аз як растанӣ тайёр шуда, танҳо аз рӯйи муҳлати коркард фарқ мекунанд.

Тибқи маълумоти мутахассисон, чойи кабудро на зиёда аз ду рӯз ва чойи сиёҳро аз ду ҳафта то як моҳ коркард мекунанд. Дар давоми коркард чой тираранг мешавад ва накҳати хоси худро пайдо мекунад. Чойи кабуд ва сиёҳи босифат ба муолиҷаи касалиҳои дилу рагҳо, системаи асаб, меъдаву рӯда, дандон ва милк, мубодилаи моддаҳо дар бадан, саратон, касалиҳои чашм ва касалии қанд мусоидат мекунанд. Таркиби чойи сиёҳ аз танин, кофеин, сафедаҳо ва аминокислотаҳо, фосфор, фтор, калий, карбогидратҳо, пектин ва витаминҳои гуногун бой мебошад.

 Чой таърихи куҳан дошта, 2700 сол пеш аз мелод дар дастнависҳои қадимии чинӣ дар бораи он  маълумот дода  шудааст.  Аз ҳамин сабаб, олимон макони аслии чойро Чин меҳисобанд. Ба гуфтаи мутахассисон, дар бораи он ки ватани аслии чой Чин аст, ҳамаи муаррихон ҳамфикр буда, кай шурӯъ шудани истеъмоли он маълум нест. Баъзеҳо кашфи чойро ба императори Чини Ҷанубӣ Чен Нунгу (2737-2697 то м.) нисбат медиҳанд. Дар Аврупо чой соли 1600 ба туфайли ширкати британиягии «Ост-Ҳинд» пайдо шудааст.

Тибқи иттилои  Вазорати кишоварзӣ,  иқлими Тоҷикистон барои парвариши  чой мутобиқ нест.  Чой намнокии зиёд талаб менамояд ва иқлими ҷумҳурии мо  ба он мувофиқ нест. То ҳол дар  Тоҷикистон чой истеҳсол карда намешавад. Он ҳамчун маҳсулоти хӯрокворӣ аз кишварҳои хориҷӣ ба кишвар  ворид шуда, дар баъзе ҳолатҳо бастабандӣ карда мешавад.

Иттилоъ дода шуд, ки ба ҷумҳурӣ чойи хушк асосан аз Чин, Ветнам, Ҳиндустон ва Индонезия ворид карда мешавад. имрӯз ба чойҳои истеҳсоли Ҳиндустон, Индонезия ва Чин таваҷҷуҳ бештар буда, воридот аз ин кишварҳо зиёдтар аст.

Набояд фаромӯш кард, ки дар баробари фоида доштан,  зиёд нӯшидани чой зарар ҳам дорад. Чойро ба меъдаи холӣ нӯшидан мумкин нест. Чой  «табиати хунук» дорад ва ба меъдаи холӣ ворид шуда, испурч ва меъдаро сард мегардонад, ки баъди ин одамро ҳиссиёти ногувор фаро мегирад. Аз қадим чиниҳо маслиҳат медоданд, ки  «ба дили холӣ чойро нанӯшед!».

Тибқи тавсияи  табибон нӯшидани  чойи сӯзон зарар дорад. Зеро чойи аз ҳад зиёд гарм ба гулӯ, сурхрӯда ва меъда таъсири манфӣ дорад ва ҳангоми муддати зиёд истифода кардан ба касалии ин узвҳо оварда мерасонад. Аз рӯйи тадқиқоти коршиносон,  истифодаи доимии чойи ҳарораташ аз 62 боло девораҳои меъдаро маҷруҳ карда, ба бемориҳои гуногуни меъда оварда мерасонад. Беҳтар аст, ки ҳарорати чой аз 52 поён бошад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки чойро пеш аз истеъмоли таом нанӯшед. Он дар ин вақт ба узвҳои ҳозимаи инсон зарар мерасонад. Агар ташна бошеду чойро 20-30 дақиқа пеш аз оғози истеъмоли таом нӯшед, беҳтар аст. Баъди тановули таом низ дарҳол чой нанӯшед. Ҳам чой ва ҳам дигар нӯшокиҳо дар чунин лаҳза ба суст гаштани кори узвҳои ҳозима сабаб мегарданду инсон худро беҳолу бемадор ҳис мекунад. Айни муддаост, агар шумо баъди хӯрокхӯрӣ 20-30 дақиқа сабр кунеду баъд ба чойнӯшӣ оғоз намоед.

АКС аз манбаъҳои боз

Май 21, 2026 10:55

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар минтақаи Кӯлоб шумораи нафақагирон беш аз 127 ҳазор нафарро ташкил медиҳад
Ба 12 оилаи аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо гардид
ДИПЛОМАТИЯИ СУЛҲОФАРИНИИ ТОҶИКИСТОН: АЗ ТАҶРИБАИ МИЛЛӢ ТО ТАШАББУСИ ГЛОБАЛӢ. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ — ПИРӮЗИИ ТАЪРИХИИ МИЛЛАТИ ТОҶИК. Андешаҳо дар мавриди соҳибистиқлолии Тоҷикистон
Оид ба низоми электронии дипломҳо машваратҳои омӯзишӣ баргузор шуданд
ТАВСИЯҲОИ МУФИД. Доир ба аҳамият ва тарзи тайёр намудани шарбату консерваҳо барои фасли зимистон
Доир ба татбиқи «Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027» ҷаласа баргузор шуд
Арзиши байналмилалии металлургияи миллӣ ва рушди истеҳсоли металлҳои сиёҳ дар Тоҷикистон
ОГОҲӢ! Аз 25 то 27 июл дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон сар задани сел пешгӯӣ мешавад
Кумаки Президенти Тоҷикистон ба сокинони аз офати табиӣ зарардидаи ноҳияи Рӯшон расид
Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд
АДАБИЁТ ВА ВОҚЕИЯТИ ҲАЁТ