КОНФРОНСИ ЧОРУМИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 22.05.2026 /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар доираи Конфронси чоруми оби Душанбе ва рӯзномаи ҷаҳонии об дар шаҳри Душанбе семинари минтақавӣ барои парлумонҳои давлатҳои Авруосиё таҳти унвони «Баррасии масъалаҳои тағйирёбии иқлим ва рушди устувор тавассути амали парлумонӣ» баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маҷлиси намояндагон хабар доданд.
Чорабинӣ бо ташаббуси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди байнипарлумонӣ (IPU) доир шуда, намояндагони парлумонҳои кишварҳои Авруосиё ва Ҷумҳурии Туркия, масъулони Иттиҳоди байнипарлумонӣ, коршиносони байналмилалӣ ва минтақавӣ, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва воситаҳои ахбори оммаро ба ҳам овард.
Дар маркази муҳокима масъалаҳои марбут ба тағйирёбии иқлим, ҳифзи захираҳои об, рушди устувор, коҳиши партовҳои газҳои гулхонаӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ ва нақши парлумонҳо дар татбиқи сиёсати иқлимӣ қарор доштанд.
Зимни ифтитоҳи семинар муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Азиз Гиёзода иброз намуд, ки тағйирёбии иқлим имрӯз аз доираи як масъалаи сирф экологӣ берун рафта, ба омили таъсиргузор ба амнияти миллӣ, рушди иқтисодӣ ва суботи иҷтимоии давлатҳо табдил ёфтааст.
Афзоиши офатҳои табиӣ, обшавии босуръати пиряхҳо, коҳиши захираҳои об ва вайроншавии экосистемаҳо зарурати қабули қарорҳои муштарак, ҳамоҳангшуда ва сиёсиро ба миён овардааст.
Таъкид гардид, ки Тоҷикистон ҳамчун мамлакати кӯҳсор яке аз давлатҳои осебпазир аз тағйирёбии иқлим ба шумор рафта, обшавии пиряхҳо барои минтақаи Осиёи Марказӣ пайомадҳои ҷиддӣ доранд. Изҳор шуд, ки аз беш аз 13 ҳазор пиряхи Тоҷикистон зиёда аз ҳазортои онҳо пурра аз байн рафтаанд.
Дар ҳамин замина аҳамияти ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об ва иқлим махсус таъкид гардид. Аз ҷумла, эълон гардидани соли 2025 ҳамчун Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз ҷониби Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид чун дастоварди муҳими дипломатияи байналмилалии Тоҷикистон арзёбӣ шуд.
Иштирокчиён инчунин иброз намуданд, ки Тоҷикистон дар самти рушди иқтисоди «сабз» ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим тадбирҳои амалӣ меандешад. Қабули “Стратегияи миллии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим то соли 2030” ва “Стратегияи рушди иқтисоди «сабз» барои солҳои 2023–2037” намунаи чунин иқдом номида шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки имрӯз тақрибан 98 фоизи неруи барқи Тоҷикистон аз ҳисоби манбаъҳои гидроэнергетикӣ истеҳсол шуда, кишварро ба яке аз давлатҳои пешсаф дар истифодаи энергияи тоза табдил додааст.
Дар ҷараёни ҳамоиш иштирокчиён зарурати густариши ҳамкории байналмилалӣ, таҳкими механизмҳои маблағгузории иқлимӣ, ҷалби сармоягузории «сабз» ва таъмини дастрасии баробар ба технологияҳои муосири экологиро таъкид карданд.
Дабири кулли Иттиҳоди байнипарлумонӣ Мартин Чунгонг дар паёми видеоӣ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мизбонии семинар ва саҳмгузорӣ дар пешбурди муколамаи байналмилалӣ оид ба иқлим ва рушди устувор изҳори сипос намуд.
Таъкид кард, ки кишварҳои Авруосиё аллакай таъсири мустақими тағйирёбии иқлим, аз ҷумла камбуди об, ифлосшавии ҳаво, ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво ва таҳдид ба амнияти озуқавориро эҳсос мекунанд. Парлумонҳо тавассути қонунгузорӣ, назорати парламентӣ ва ташаккули сиёсати давлатӣ метавонанд дар татбиқи ҳадафҳои рушди устувор ва сиёсати муассири иқлимӣ нақши калидӣ бозанд.
Ҳамчунин баён гардид, ки Иттиҳоди байнипарлумонӣ омода аст минбаъд низ барои рушди ҳамкории байнипарлумонӣ, мубодилаи таҷриба ва таҳкими иқтидори парлумонҳо дар самти мубориза бо тағйирёбии иқлим мусоидат намояд.
Дар ҷараёни мубоҳисаҳои семинар коршиносони маҳаллӣ ва байналмилалӣ доир ба манзараи умумии иқлим ва рушди устувор, ҳифзи захираҳои об, зарурати фаврии мубориза бо ифлосшавии ҳаво ва коҳиши партовҳои метан, инчунин таҳкими нақши парлумонҳо дар татбиқи сиёсати иқлимӣ табодули назар намуданд.
Иштирокчиён ҳамзамон масъалаҳои мубодилаи таҷрибаи байни кишварҳо, омӯзиши дастовардҳо ва мушкилоти мавҷуда, инчунин таҳияи роҳҳои амалии пешрафт дар самти рушди устуворро баррасӣ карданд.
Иштирокчиён ба идомаи мубоҳисаҳои фаъол, мубодилаи ошкорои таҷриба ва истифодаи самараноки платформаи семинар барои таҳкими ҳамкории парлумонӣ дар минтақа даъват шуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён зарурати таъсиси механизмҳои доимии ҳамоҳангсозии ҳамкории байнипарлумонӣ дар масъалаҳои иқлим ва захираҳои обро муҳим арзёбӣ намуда, таҳкими дипломатияи парлумонӣ ҳамчун воситаи муассири ҳалли масъалаҳои глобалии экологиро таъкид карданд.
АКС: АМИТ «Ховар»


















Файзалӣ Идизода бо Раиси Парламенти Туркманистон Дунягозел Гулманова вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар шаҳри Санкт-Петербург бо намояндагони ҷамъияти тоҷикон ва донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуд
Файзалӣ Идизода дар ҷаласаи Шурои Ассамблеяи байнипарлумонии ИДМ иштирок намуд
ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ ВА АДОИ ЭҲТИРОМ БА ҚАҲРАМОНОН. Дар робита ба овардани хоки оромгоҳи қаҳрамонони Тоҷикистон ба Ватан
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Шабакаи «Abu Dhabi TV» ҳадафҳои Конфронси байналмилалии обро шарҳ дод
Ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба шаҳри Санкт-Петербург сафар намуд
Ҳамкории байнипарламентии Тоҷикистон ва Озарбойҷон тақвият меёбад
Ҷаласаи навбатии иҷлосияи дуюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Дар Нишасти Гурӯҳи дӯстони пиряхҳо ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон оид ба об ва ҳифзи пиряхҳо баррасӣ шуданд
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Дар Миср нақши Тоҷикистон дар пешбурди масъалаҳои ҷаҳонии об баррасӣ гардид
Форуми 5-уми намояндагони парламентҳои давлатҳои аъзои гурӯҳи Авруосиё баргузор гардид
Беш аз 300 хабарнигори ватанӣ ва хориҷӣ Конфронси оби Душанбе-2026-ро инъикос менамоянд






