РАМЗҲОИ ЗООМОРФӢ ДАР РАСМУ ОИНҲОИ НАВРӮЗӢ. Лаклак аввалин муждарасони баҳор ба шумор меравад
ДУШАНБЕ, 25.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар ҳамаи давру замонҳо дар қатори дигар рӯйдодҳои фараҳбахши зиндагии мардум аз ҳама муҳим фарорасии баҳор буда, ин падида то ҳанӯз боқӣ мондааст. Мардум онро бо тарзҳои гуногун ҷашн мегирифтанд. Вале ҳамагон онро ҳамчун иди эҳёи табиату тантанаи зиндагӣ ва умед ба соли пурфайзу пурсамар қадр менамуданд.
Ходими пешбари илмии Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониши Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон Мумина Шовалиева оид ба Наврӯз, рамзҳои зооморфӣ (ҳайвонотпарастӣ) ва баъзе аломатҳои марбут ба фарорасии баҳор чунин ибрози назар намуд:
— Аҷдодони мо замони фаро расидани баҳор – Наврӯзро на танҳо бо расидани нури Офтоб ба нишонаҳои муқарраршуда ва пайдо шудани аввалин гулҳои зардчаранг – гули баҳман, балки бо аломатҳои гуногуни мардумии марбут ба парандагон ва олами ҳайвонот низ муайян мекардаанд. Тоҷикон мисли аксари мардуми ҷаҳон наздикшавии Наврӯзро, аз ҷумла аз рӯи вақти гашта омадани парандагон, масалан лаклаку турнаҳо аз манотиқи гарм муайян менамуданд.
Лаклак яке аз парандагоне аст, ки аввалин муждарасони баҳор ба шумор меравад. Қатори турнаҳо низ баъд аз лаклак рамзи наздикшавии баҳор ҳисобида мешавад. Тавре маълум аст, ҳардуи онҳо дар охири тирамоҳ ба манотиқи дорои иқлими гарм парвоз намуда, аввали баҳор-дар арафаи Наврӯз парида меоянд.
Бо лаклак инчунин баъзе бозиҳои наврасон дар Наврӯз алоқаманд мебошанд. Масалан, дар баъзе ноҳияҳои кӯҳистон, аз ҷумла дар Дарвоз бозии махсус бо номи «лаклакбозӣ» вуҷуд дорад. Дар ин бозӣ наврасон ба гурӯҳи 2-нафарӣ тақсим шуда, дар болои боми хонаҳо бозӣ мекарданд. Яке аз ин наврасон ба китфи дигаре нишаста, рӯймоли калонеро ба сар мегирифт, ки нӯги он ба поён рафта, китф ва пушти ҳарду наврасро мепӯшонд. Илова бар он, навраси дар китфи бозингари дигар нишаста аз болои рӯймол дар сар тоқӣ мепӯшид. Дар ин шакл онҳо ба лаклак – муждарасони баҳор шабеҳ мешуданд. Дар ин ҳолат ҳар ҷуфти бозингар аз ҷуфти дар пеш истода гузаштанӣ мешуд- бо ҳам пешкунакон мекарданд. Бояд гуфт, ки дар дигар манотиқи Тоҷикистони муосир низ ба ин монанд рақси «лаклакбозӣ» вуҷуд дорад.
Вобаста ба рафтори парандагон дар арафаи Наврӯз аломатҳои гуногуни хоси мардумӣ вуҷуд доштанд. Масалан, дар ҳолати сард омадани рӯзҳои аввали баҳор парандаҳо лонаи худро дар байни дарахтон мегузоштанд, дар акси ҳол лонаашонро болотар мегузоштанд. Агар парандаи ёбоӣ – мурғи фиръавн дар ин рӯз аз пайи ягон кас рафта, ба ҳуштаккашӣ сар кунад, ин аломати бориши рӯзҳои наздик буд. Агар дар рӯзи Наврӯз аз кӯҳҳо парандагони гуногун ба поён фуроянд, ин нишонаи боридани барфи баҳорӣ ё бориши зиёд буд.
Парастиши ҳайвонҳо ва мавқеи онҳо дар бозиҳои идона ва фароғатӣ дар Наврӯз нақши бузург дошт.
Ба бозиҳои идона бузкашӣ, аспдавонӣ, асптозӣ ё пойга, хурӯсҷанг, буданаҷанг, кабкҷанг, говҷанг, шутурҷанг, гӯсфандҷанг (қушқорҷанг), сагҷанг ва ғайра дохил мешаванд.
Дар Наврӯз расму оини «шикор» низ вуҷуд дошт. Рамзи чунин бозиҳои ҷангии ҳайвонот — ин муборизаи қувваҳои сиёҳ бо сафед, бадӣ бо некӣ, сардӣ бо гармӣ ва зимистон бо баҳор буд.
Дар гузаштаи на он қадар дур дар манотиқи кӯҳистони Тоҷикистон дар Наврӯз рақсҳои мухталифи марбут ба ҳайвонот низ баргузор мешуданд. Онҳоро асосан мардон иҷро мекарданд, зеро он замон ба занҳо рақс кардан иҷозат набуд. Аз ҷумла рақсҳои «гургбозӣ», «қӯчқорбозӣ»,«нахчирбозӣ», «уқоббозӣ», «кабкбозӣ», «каргасбозӣ», «аспакбозӣ», «лаклакбозӣ» ва ғайра.
«Рақсҳои тасвири парандаву ҳайвоноти гуногун на танҳо робитаи инсон ва табиатро инъикос менамоянд, балки аз қадимӣ будани расму оинҳои марбут ба олами зооморфӣ, инчунин парастиш ва эҳтироми онҳо дар эътиқоди замонҳои қадим дарак медиҳанд», — гуфт Мумина Шовалиева.
АКС аз манбаъҳои боз








МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барги карами хом барои дарди буғумҳо муфид аст
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Давидан барои саломатии инсон чӣ фоида дорад?
Сафари таърихии давлатӣ ба Чин. Натиҷаҳо беш аз 80 санади нави ҳамкорӣ ва ҷалби зиёда аз 8 миллиард доллари амрикоӣ сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон
Махсусияти навини рушди муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории мутақобили судманди Тоҷикистону Чин
Дар домони сабзи Ватан орзуҳои ҷавонон амалӣ мегардад. Эҳдо ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
НИҲОДИ МУҚАДДАСЕ, КИ ДАР ОН АРЗИШҲОИ ИНСОНӢ ТАШАККУЛ МЕЁБАНД. Эҳдо ба Рӯзи байналмилалии оила
Сарфарозгардонии Президенти Тоҷикистон бо унвони профессори фахрии Донишгоҳи Пекин дар пояи 35-солагии истиқлолият – рамзи пайванди илму сиёсат барои ояндаи устувор
ТОҶИКИСТОН — ДАВЛАТИ ТАШАББУСКОР. Иқдомҳои Президенти Тоҷикистон ба пешгирии тағйирёбии иқлим ва обшавии босуръати пиряхҳои минтақаю ҷаҳон нигаронида шудаанд
ҲАМКОРИИ ТОҶИКИСТОН БО FAO. Дараи Алмосӣ, гӯсфанди зоти ҳисорӣ ва ангури тоифии гулобӣ ба Феҳристи «Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ» ворид гардидаанд
ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ ВА РУШДИ ИЛМИ ҲУҚУҚШИНОСӢ. Бо роҳбарии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистон тавонист низоми ҳуқуқии миллӣ эҷод намояд
ҒИЗОИ СОЛИМ. Истеъмоли сабзавот дар фасли баҳор ва тобистон аҳамияти боз ҳам бештар пайдо мекунад
КАСБУ ҲУНАР МЕОМӮЗЕМ! Маркази касбомӯзӣ ва хизматрасонӣ дар ноҳияи Восеъ ба хоҳишмандон касбу ҳунарҳои дар бозори меҳнат талабгорро меомӯзад






