«СУМАНАК БӮИ БАҲОР АСТ…». Раванди омодасозии он хурсандию нишоти ҳамагониро ба вуҷуд меорад

Март 22, 2025 09:00

ДУШАНБЕ, 22.03.2025./АМИТ «Ховар»/. Наврӯз бо ҳама ҳусни табиию заминиаш намунаи фарҳангу тамаддуни олӣ ба ҳисоб рафта, аз давраҳои дерин барои муҳаббату самимият ва ҳамдигарфаҳмию ваҳдати байни инсонҳо заминаи беҳтарини маънавӣ фароҳам овардааст. Яке аз рамзҳо ва шириние, ки ҷараёни омодасозии он шумораи зиёди мардумро ҷамъ намуда, хурсандию нишоти ҳамагонӣ ба вуҷуд меорад, ин маросими суманакпазӣ мебошад. Дар ҷараёни он пиру барно иштирок намуда, бо хондани сурудҳои наврӯзӣ ва рақсу бозӣ ба базм шукуҳу шаҳомати хосса мебахшанд.

Бояд гуфт, ки суманак навъе аз хӯриши наврӯзӣ аст, ки аз сабзаи гандум пухта мешавад. Худи сабза рамзи эҳёи табиат ва зебоию осоиштагии ҳаёт ба шумор меравад. Ду ҳафта қабл аз ҷашни Наврӯз мардум дар хонаҳои худ, дар табақҳо гандумҳоро шуста, месабзонанд ва рӯзи ид ба идгоҳ меоранд. Он ҷо ҳамроҳ бо занҳои дигар дар деги калоне суманакпазӣ мекунанд. Ҷараёни суманакпазӣ як шабонарӯз давом намуда, занҳову духтарон сурудхонӣ, рақсу бозӣ  ва ҳазлу хандаҳо менамоянд. Зеро боваре ҳаст, ки соли навро агар бо хандаю хурсандию шодмонӣ пешвоз гирӣ, ҳамон сол пурра бо хуррамию шодӣ мегузарад.

Сокини 62-солаи ноҳияи Фирдавсии пойтахт Гавҳар Ҳафизова тарзи таҳияи сабза ва пухтани суманакро, ки аз модараш омӯхтааст, ба мо шарҳ дод. Гандумро се рӯз дар оби ҷӯй ё оби борон тар карда, мемонанд. Баъде, ки гандум неш баровард, онро гирифта, дар табақе ҳамвор мегузоранд ва рӯяшро бо докаи тоза мепӯшонанд. Рӯзе, ки борон борид, ба берун мебароранд ва пас аз борон оби зиёдатиашро полонида, боз бурда ба хона мегузоранд.

Холаи Гавҳар мегӯяд, ки «вақте ҷавон будем, модару бибиҳоямон ҳар Наврӯз рӯзи суманакпазиро муайян карда,  3-4 нафар занҳои ҳамсоя бо машварати якдигар дар хонаи яке аз ҳамсоягон ҷамъ меомаданд. Маъмулан онҳо бегоҳӣ ҷамъ мешуданд ва суфраеро боз карда, сабзаҳоро мегузоштанд. Сипас ба буридани сабзаҳо оғоз мекарданд. Дар бегоҳирӯзӣ шираи сабзаҳои порашударо ба дег меандохтанд.

Баъд занҳои солхӯрда ба таги дег оташ афрӯхта, бо навбат дегро бо кафча ё кафгир мекофтанд. Дар дег ҳафт сангча меандохтанд, то тагаш начаспад. Барои он ки вақт хуш гузарад, суманакпазон дар назди оташ нишаста, афсонагӯӣ, чистонёбӣ ва сурудхонӣ мекарданд. Субҳ, вақте ки суманак тайёр мешуд, ҳамаи ҳамсоягонро даъват менамуданд. Занҳою духтарон сурудхонӣ ва ҳазлу хандаҳо мекарданд, то соли нав соли пур аз шодию нишот гардад.

Холаи Гавҳар мегӯяд, ки «ҳоло дар маҳаллаи мо тарзи пухтани суманак чунин иҷро мешавад. Гандум ҳамин, ки бо оби борон дар муддати 5-6 рӯз сабзида, барои ширагирӣ омода шуд, пиразане аз миёни ҳамсоягон сабзаро бо корд бурида, онро ба ҳован меандозад. Сипас, занҳои ҷавонтар онро кӯфта, об зада, шираашро мегиранд. Баъдан кадбону дег монда, ба он об мерезаду равған меандозад. Сипас шираи сабзаи гандумро бо орд махлут намуда, ба дег меандозанд ва дегро бо кафлес мекобанд».

Бояд гуфт, ки ҳангоми кофтани дег таронаи «Суманак»-ро ҳама якҷоя мехонанд, ки он чунин аст:

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Суманак бӯи баҳор аст,
Суманак авҷу барор аст,

Мелаи шабзиндадор аст,
Иди наврӯзӣ муборак!

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

Суманак ширин ёр аст,
Суманак аҷаб нигор аст,

Суманак зеби баҳор аст,
Иди наврӯзӣ муборак!

Суманак дар ҷӯш мо кафча занем,
Дигарон дар хоб, мо дафча занем.

         Ҳамсуҳбати мо гуфт, ки ба деги суманак ҳафт дона чормағз ва баъзан ҳафт сангча меандозанд, то зери он начаспад. Пеш аз дамидани субҳ оташи дегро хомӯш карда, болояшро бо латтаи тоза ё сарпӯш мепӯшонанд. Субҳи содиқ ҳамин, ки занон ҷамъ омаданд, зани кадбону сарпӯши дегро мебардорад ва суманакро ба аҳли нишаст ва ҳамсоягону куҳансолон тақсим менамояд.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Март 22, 2025 09:00

Хабарҳои дигари ин бахш

ПИРЯХИ ТОҶИКИСТОН — БУЗУРГТАРИН ПИРЯХИ КӮҲИИ САЙЁРА. Омӯзиши он бояд ҳамчун вазифаи муҳими илмӣ ва давлатӣ идома ёбад
Имрӯз дар Душанбе Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
Пагоҳ Рӯзи фарҳанги шаҳри Норак, ноҳияҳои Фархор, Ёвон ва Мастчоҳ доир мегардад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. «Тоҷикфилм» истеҳсоли се филми пурраметражи ҳунариро ба анҷом расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Кумитаи забон ва истилоҳот фаъолияти 75 ташкилотро мавриди санҷиш қарор дод
ТОҶИКИСТОН – ПЕШБАРАНДАИ СИЁСАТИ ХОРИҶИИ СУЛҲҶӮЁНА ДАР ҶАҲОН. Андешаҳо дар ин мавзуъ
ТАҲДИДҲОИ МУОСИРИ КИБЕРӢ ВА РОҲҲОИ МУҚОВИМАТ БА ОНҲО. Мулоҳизаҳо дар ин маврид
Ташаббуси байналмилалии Тоҷикистон барои таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда аҳамияти ҳуқуқӣ ва сиёсии хос дорад
Прокурори шаҳри Ҳисор: «Сулҳ масъулият аст ва ташаббуси навбатии байналмилалии Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро ба андеша водор месозад»
Филми ҳунарии «Моҳӣ дар шаст» дар кинофестивали байналмилалии Ярослав соҳиби се ҷоиза шуд
Ҷаҳон дар талоши сулҳи пойдор ва фалсафаи «ман ба Шумо сулҳ меорам!»-и Президенти Тоҷикистон
ФОРМУЛАИ СУЛҲИ ТОҶИКОН ИМРӮЗ БА ЯК КОНСЕПСИЯИ ЭЪТИРОФШУДАИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ТАБДИЛ ЁФТААСТ. Андешаҳои профессор Бахтиёр Маҳмадалӣ дар ин мавзуъ