Таҷлили Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид
ДУШАНБЕ, 22.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид бо ташаббуси кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, аз ҷумла Тоҷикистон, Эрон, Афғонистон, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Ҳиндустон, Покистон, Ироқ, Туркманистон, Туркия ва Узбекистон чорабинии тантанавӣ бахшида ба таҷлили Ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид хабар медиҳад.
Дар чорабинии мазкур мақомоти расмии Созмони Милали Муттаҳид, сафирон ва дипломатҳои кишварҳои аъзои Созмони Милали Муттаҳид, намояндагони воситаҳои ахбори омма, шаҳрвандони кишварҳои ҳавзаи Наврӯз иштирок намуданд.
Ба ҳозирин таомҳои гуногуни кишварҳои болозикр, аз ҷумла таомҳои тоҷикӣ ва мусиқии анъанавии тоҷикӣ пешкаш гардиданд. Ҳамзамон толори бузурги чорабиниро мизи «Ҳафт син» оро дод.
Намояндаи доимии мамлакат дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат зимни суханронӣ таърих ва аҳаммияти ин ҷашни ниёгон барои эҳё ва ҳифзи ҳуввият ва арзишҳои миллии Тоҷикистон ва минтақаро иброз намуд.
АКС: Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид













Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Ғолибони шоҳҷоизаҳои мусобиқаи гӯштини миллии ноҳияи Панҷ муайян гардиданд
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҷашни Наврӯз дар ноҳияи Мурғоб бо расму ойинҳои хос таҷлил карда шуд
Дар шаҳри Бӯстон Ҷашни байналмилалии Наврӯз бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид
Кормандони Осорхонаи миллии Тоҷикистон Наврӯзи байналмилалиро сарҷамъона таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
НАВРӮЗ-МАЗҲАРИ ИШҚУ СУЛҲУ ДӮСТӢ. Андешаҳо дар мавриди ҳамдилию ҳамҷавории тоҷикону узбекон
Дар Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷашни байналмилалии Наврӯз таҷлил гардид






