Тақвияти ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об баррасӣ шуд

Март 15, 2025 14:37

ДУШАНБЕ, 15.03.2025 /НИАТ «Ховар»/. Маҷмуи масъалаҳои марбут ба ҳамкории дуҷониба дар соҳаи энергетика ва захираҳои об байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикисон Далер Ҷумъа бо Комиссари Иттиҳоди Аврупо оид ба шарикии байналмилалӣ Йозеф Сикела дар Душанбе баррасӣ гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Дар мулоқот ба масъалаи ҷалби маблағ барои татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, мусоҳибон аз сатҳи ҳамкории кунунӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.

Вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон ҷалби маблағҳои грантии Иттиҳоди Аврупо ва қарзҳои имтиёзноки созмонҳои молиявии аврупоиро барои рақамикунонии соҳаи энергетика, пешбурди лоиҳаҳо вобаста ба бозори минтақавии неруи барқ, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва коҳиш додани талафоти неруи барқ муҳим арзёбӣ кард.

Дар фароварди мулоқот, ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои идомаи ҳамкории судманд ва густариши минбаъдаи робитаҳо дар соҳаи энергетика ва захираҳои об иброз доштанд.

АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон

Март 15, 2025 14:37

Хабарҳои дигари ин бахш

Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид
Дар Душанбе Намоишгоҳи байналмилалии универсалии «Тоҷикистон-2026» баргузор мегардад
Дар Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Ҳайати Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон дар «Ҳафтаи бехатарии авиатсионии ИКАО» дар Остона иштирок намуд
Дар Ереван ҳамкории Тоҷикистон бо Арманистон дар самти ҷалби маблағгузории иқлимӣ баррасӣ шуд
Дар шаҳри Гулистон ҳамоиши байналмилалии геологӣ ва конфронси «Micromine-2026» баргузор гардид
Дар Мурғоб стансияи худкори обуҳавосанҷӣ насб гардид
БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ КАБУДИЗОРКУНӢ. Дар татбиқи босамари он саҳми назаррас гузорем