Тоҷикистон анҷоми музокироти Озарбойҷон ва Арманистонро оид ба матни созишномаи сулҳ истиқбол менамояд
ДУШАНБЕ, 19.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон аз анҷоми музокироти Ҷумҳурии Озарбойҷон ва Ҷумҳурии Арманистон оид ба матни созишномаи сулҳ ва барқарории равобити байнидавлатӣ байни ду кишвар истиқбол менамояд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
«Мо итминон дорем, ки таҳкими ҳуқуқии ҳарчи зудтари ин санад қадами муҳим дар роҳи ба эътидол овардани равобити Озарбойҷону Арманистон буда, ба субот ва рушди минтақаи Қафқози Ҷанубӣ мусоидат менамояд»,-омадааст дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон








Идомаи сафари расмии Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар Ҷумҳурии Озарбойҷон
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони ҳамкории рақамӣ вохӯрӣ намуд
Таҳти ҳамоҳангсозии Тоҷикистон ҷаласаи сафирони Гурӯҳи кишварҳои рӯ ба тараққии маҳсур дар хушкӣ доир гардид
Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар якчанд чорабинии сатҳи баланд дар Ню-Йорк иштирок намуд
Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси иҷлосияи 81-уми Маҷмаи умумии СММ мулоқот намуд
Президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев бо Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода мулоқот намуд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Сандуқи кувайтӣ барои рушди иқтисодии арабӣ баррасӣ шуд
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Эрон дар Ню-Йорк мулоқот намуданд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ мулоқот намуд
Созишнома оид ба бекор кардани талаботи раводид байни Тоҷикистон ва Сейшел ба имзо расид
Сафири Тоҷикистон бо Вазири нақлиёт ва инфрасохтори Туркия мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ доир шуд






