Тоҷикистон ва Британияи Кабир хостори таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика гардиданд
ДУШАНБЕ, 14.03.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сатҳи ҳамкории кунунии Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соҳаи энергетика ва захираҳои об дар мулоқоти Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо Cафири навтаъйини Британияи Кабир дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хонум Кэтрин Смиттон баррасӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Вазири энергетика ва захираҳои об иброз намуд, ки Тоҷикистон ҳамчун давлати дорои захираҳои бузурги гидроэнергетикӣ ҳамкории зичро бо шарикони байналмилалӣ, аз ҷумла Британияи Кабир барои пешбурди лоиҳаҳои устувор ва татбиқи технологияҳои пешрафта дар бахши энергетика муҳим мешуморад.
Ҷонибҳо барои густариши ҳамкорӣ ва пешбурди лоиҳаҳои муштарак дар самти энергетика ва захираҳои об изҳори омодагӣ намуданд.
АКС: Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон








Даромади буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2027 80,1 миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст
Дар Душанбе Конфронси байналмилалӣ оид ба зеҳни сунъӣ — AICONF-2026 оғоз гардид
Байни Тоҷикистон ва БАТР ба маблағи беш аз 62 миллион евро созишномаҳои қарзию грантӣ ба имзо расиданд
Пагоҳ ҷаласаи 26-уми Кумитаи роҳбарони воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Шурои роҳбарони хадамоти гумруки ИДМ баргузор мешавад
Дар Душанбе ҷаласаи 25-уми RILO-Москва баргузор гардид
Муовини Сарвазири Тоҷикистон бо вазъи корҳои саҳроӣ дар ноҳияи Зафаробод шинос шуд
Агентии омор: «Дар Тоҷикистон шумораи субъектҳои хоҷагидор зиёд шудааст»
Дар Панҷакент беш аз 400 километр роҳҳои маҳаллӣ таъмир ва мумфарш карда шуданд
Ҳайати Тоҷикистон дар Машварати сеюми роҳбарони мақомоти зиддикоррупсионии кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории исломӣ иштирок намуд
Тағйирёбии иқлим сабаби коҳиш ёфтани ҳосилнокии мева дар Тоҷикистон гардид
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои нави дидбонгоҳи гумрукӣ ба истифода дода шуд
Дар Душанбе масъалаи татбиқи лоиҳаву барномаҳои муштарак бо намояндаи ЮНИСЕФ баррасӣ гардид






