Тоҷикистон ва Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Март 13, 2025 13:58

ДУШАНБЕ, 13.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз аз рӯйи натиҷаҳои гуфтушунидҳои сарони давлатҳои Тоҷикистон ва Қирғизистон Барномаи ҳамкорӣ байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон дар соҳаи сиёсати ҷавонон барои солҳои 2025-2027 ба имзо расид.

Тавре дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд, барномаи мазкур ба таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон ва рушди неруи ҷавонон равона шудааст.

Ҳадаф аз барнома низоми устувори ҳамкорӣ дар соҳаи сиёсати ҷавонон ва дастгирии ташаббусҳои ҷавонон мебошад. Ҳамзамон дар доираи барнома лоиҳаҳои муштарак ва ташкили форуму конфронсҳои ҷавонон дар назар аст. Инчунин табодули таҷриба ва омӯзиши мутахассисон оид ба сиёсати ҷавонон, дастгирии ташкилоти ҷавонон ва рушди ҳаракати волонтёрӣ, татбиқи платформаҳои рақамӣ барои ҳамкорӣ ва паҳнкунии иттилоот ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон дар доираи барнома чорабиниҳои гуногун, аз қабили мубодилаи ҳайатҳои ҷавонон барои иштирок дар барномаҳои таълимӣ ва фарҳангӣ, ташкили машваратҳои омӯзишӣ ва тренингҳо барои табодули таҷриба, дастгирии ташкилоти ҷавонону волонтёрон ва тақвияти ҳамкории иттилоотӣ-рақамӣ дар назар дошта шудааст.

Барнома бояд ба афзоиши чорабиниҳои ҷавонон, таҳкими ҳамкории ташкилоти ҷавонон, рушди малакаҳои ҷавонон ва ташаккули имиҷи мусбати кишварҳо мусоидат намояд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2013 дар шаҳри Душанбе Ёддошти тафоҳум дар соҳаи сиёсати ҷавонон байни Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг, иттилоот, варзиш ва сиёсати ҷавонони Ҷумҳурии Қирғизистон ба имзо расида буд.

Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақомоти давлатии соҳаи кор бо ҷавонон ва варзиши Ҷумҳурии Қирғизистон ҳамкории судманд намуда, дар ин доира созишномаҳои соҳавӣ ба имзо расидаанд.

Ҳамзамон 27 майи соли 2013 дар шаҳри Бишкек Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ба имзо расидааст.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон/ АМИТ «Ховар»

Март 13, 2025 13:58

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Суди Олии Тоҷикистон дар Форуми байналмилалии судяҳо оид ба моликияти зеҳнӣ иштирок намуданд
Оид ба стратегияи ҳамкории Тоҷикистон ва Корея машғулияти академӣ доир шуд
Лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бостоншиносӣ» баррасӣ гардид
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Русия бо донишҷӯёни тоҷик вохӯрӣ намуданд
Дар Панҷакент иншооти иҷтимоӣ ва хизматрасонӣ ифтитоҳ гардиданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо Гурҷистон дар такмили низоми нафақа густариш меёбад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Муассисаҳои тандурустии шаҳри Хуҷанд ба мавсими сармо ҳамаҷониба омода мешаванд
Ҷумҳурии Тоҷикистон Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи ҳуқуқҳои маъюбонро тасдиқ кард
Забони тоҷикӣ дар фазои рақамӣ: аз пайкараи матнӣ то истилоҳоти ягона
Дар Душанбе симпозиум доир ба соҳаи онкология оғоз гардид
Барои маблағгузории нафақа беш аз 4 миллиард сомонӣ равона гардидааст
Форуми байналмилалии ҷавонони СҲШ оид ба ҳамкорӣ барои ояндаи устувор доир шуд