Тоҷикистону Бразилия тақвияти ҳамкории соҳаи экология ва ҳифзи муҳити зистро баррасӣ намуданд
ДУШАНБЕ, 24.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Масъалаи густариши ҳамкорӣ дар соҳаи экология, ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла идоракунии захираҳои табиӣ, тағйирёбии иқлим ва мутобиқшавӣ 22 март зимни вохӯрии раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода ва намояндаии доимии Ҷумҳурии Федеративии Бразилия дар назди Созмони Милали Муттаҳид ҷаноби Серхио Франса Денезе мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд, вохӯрӣ дар доираи таҷлили нахустин Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ва захираҳои об, ки дар қароргоҳии Созмони Милали Муттаҳид шаҳри Ню-Йорк баргузор гардид, баргузор шуд.
Ҳамчунин ҷонибҳо доир ба баргузории 30-умин Конференсия тарафҳои Конвенсияи чаҳорчӯбаи Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлимро, ки дар нимаи аввали моҳи ноябр дар шаҳри Белени Ҷумҳурии Федеративии Бразилия баргузор мегардад, мубодилаи афкор намуданд.
АКС: Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар ноҳияи Мастчоҳ ҷамъоварии ҳосил ва кишти тирамоҳӣ идома дорад
Дар Тоҷикистон истеҳсоли моҳӣ беш аз 5 фоиз зиёд шудааст
ЗАНБӮРИАСАЛПАРВАРӢ. Занбӯрҳо гардолудкунандаи асосии растаниҳо ва дарахтони мевадор мебошанд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ду зеристгоҳи барқӣ ба истифода дода шуд
Рушди ҳамкории байниминтақавии Хатлону Пенза баррасӣ гардид
Тоҷикистон ҳамкориро дар соҳаи саноат бо вилояти Хуросони Разавии Эрон тақвият медиҳад
Дар вилояти Суғд беш аз 2 ҳазор километр роҳ аз таъмир бароварда шуд
Форуми байналмилалии сармоягузории «Хатлон Инвест-2026» бо иштироки беш аз 30 давлат баргузор шуд
Дар Душанбе симпозиуми ҷамъбастӣ ва форуми муштарак баргузор шуд
Дар шаҳри Норак Фестивали анорпарварон баргузор гардид
Дар Душанбе ҷаласаи Шурои ҳамоҳангсозии роҳбарони хадамоти андози кишварҳои аъзои ИДМ доир шуд
Дар Душанбе конференсияи байналмилалӣ оид ба рушди илм ва истеҳсолоти кишоварзӣ баргузор гардид






