Вобаста ба нақши маорифи шаҳри Душанбе дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ ҳамоиш доир шуд
ДУШАНБЕ, 29.03.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар шаҳри Душанбе таҳти унвони «Нақши маорифи пойтахт дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе хабар доданд.
Зимни ҳамоиш иброз гардид, ки коррупсия яке аз масъалаҳои мушкили замони муосир ба ҳисоб рафта, садди роҳи рушду инкишофи тамоми соҳаҳо мегардад.
Таъкид карда шуд, ки яке аз роҳҳои пешгирии амалҳои коррупсионӣ ташаккули шуури зиддикоррупсионӣ ва фарҳанги зиддикоррупсионӣ аз зинаи таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумӣ мебошад. Дар ҷараёни он насли наврас, падару модарони онҳо ва аҳли маориф оид ба зуҳуроти коррупсия ҳамчун воқеияти номатлуби муосир маълумоти муайян пайдо менамоянд ва аз роҳҳои пешгирии паҳншавии он огоҳ мегарданд.
Иштирокчиёни ҳамоиш изҳор доштанд, ки натиҷаҳои амалҳои коррупсионӣ дар соҳаи маориф, новобаста аз он ки бо ташаббуси кӣ ва чӣ гуна ба амал бароварда мешаванд, хатарҳои хеле зиёд ва нобахшиданӣ доранд.
Зеро аҳли маориф ба таълиму тарбияи насли ояндасози миллат сару кор дошта, руҳияи миллатро барои оянда ташаккул медиҳад ва бо ин амали нангин шикаст додани руҳияи қавии насли наврас, ки ояндасози давлату миллат мебошад, нобахшиданӣ аст.
Коррупсия дар раванди тарбияи сиёсии наврасону ҷавонон чунон оқибати баде дорад, ки даҳсолаҳо ба муҳити ҷомеа ва равандҳои иҷтимоию сиёсӣ таъсир мерасонад.
АКС: Сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе








Дар Академияи идоракунии давлатӣ даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» оғоз гардид
Қабули ҳуҷҷатсупории довталабон барои иштирок дар бурсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Индонезия оғоз шуд
Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон бо рафти таҳсилоти олӣ дар вилояти Панҷоби Ҳиндустон шинос гардид
Арзиши хизматрасонӣ дар ИМД-2026 чӣ қадар аст ва барои киҳо имтиёз муқаррар карда шудааст?
Дар Академияи идоракунии давлатӣ оид ба саҳми матбуот дар рушди давлатдории миллӣ ҳамоиши илмӣ-фарҳангӣ доир шуд
Доир ба шароити нигоҳдории солимии психологӣ дар муҳити муассисаҳои таълимӣ ҳамоиш баргузор шуд
Дурнамои ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон бо ширкати нидерландии EISIVIER баррасӣ гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ашъори Робиаи Балхиро бо 9 забони хориҷӣ қироат карданд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Модар сарчашмаи меҳру муҳаббат ва неруи бузурги маънавии ҷомеа мебошад
МОДАР — ЧАРОҒИ РОҲНАМОИ ФАРЗАНД. Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Рӯзи Модар бошукуҳ таҷлил гардид
Дастовардҳои соҳаи мошинсозӣ ва технологияҳои истеҳсолӣ дар конференсияи байналмилалӣ баррасӣ гардиданд






