Рустам Минниханов: «Тотористон бо минтақаҳои Тоҷикистон фаъолона ҳамкорӣ менамояд»

Апрель 3, 2025 13:02

ДУШАНБЕ, 03.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 3 апрел Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҷумҳурии Тотористони Федератсияи Русия Рустам Минниханов мулоқот анҷом доданд. Дар ҷараёни музокирот ҷонибҳо масоили ҳамкории Тоҷикистон ва Тотористонро баррасӣ намуданд.

Тавре Рустам Минниханов дар брифинг оид ба натиҷаҳои мулоқот изҳор намуд, «бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мулоқоти самимӣ доир шуд, ки зимни он масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Тавре шумо медонед, Президенти Тоҷикистон чанде пеш ба Федератсияи Русия сафари расмӣ намуда, гуфтушунидҳои муҳим анҷом доданд. Дар доираи ҳамкории мутақобили Сарони давлатҳои мо байни минтақаҳо робитаҳои мустаҳкам барқарор шудаанд. Ҷумҳурии Тотористон низ ҳамкориро бо минтақаҳои Тоҷикистон фаъолона густариш хоҳад дод».

Ба таъкиди Рустам Минниханов, дар чаҳорчӯби ин сафар чорабиниҳои муаррифии Ҷумҳурии Тотористон дар Тоҷикистон доир карда мешавад. Шиносоӣ бо якчанд корхона низ дар назар дошта шудааст, ки барои тавсеаи робитаҳои дуҷониба имконияти хуб мегардад.

«Соли гузашта дар Тотористон истиқбол гирифтани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои мо шарафи бузург буд. Ин дар чаҳорчӯби Бозиҳои оянда ва ҳамоиши БРИКС, ки дар Қазон баргузор шуданд, доир гардид», — таъкид намуд Раиси Ҷумҳурии Тотористон.

Рустам Минниханов инчунин иброз дошт, ки муносибот байни Тотористон ва Тоҷикистон на танҳо дар соҳаи тиҷорату иқтисод, балки дар самти фарҳангу маориф низ дар сатҳи зарурӣ рушд менамоянд. Ҳоло беш аз 900 донишҷӯ аз Тоҷикистон дар донишгоҳҳои Тотористон таҳсил доранд. Шаҳрвандони Тоҷикистон, ки дар корхонаҳои Тотористон фаъолият менамоянд, дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ саҳми калон мегузоранд.

Раиси Ҷумҳурии Тотористон мавқеъ ва аҳамияти фаъоли Анҷумани миллии тоҷикони Тотористонро, ки аз пуштибонии ҳамаҷонибаи мақомот бархӯрдор буда, дар баргузории барномаҳои зиёди муштарак иштирок менамояд, махсусан таъкид намуд.

АКС: АМИТ «Ховар»

Апрель 3, 2025 13:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд
Дар Минск таҳти унвони «Нақши Устувонаи Куруши Кабир дар ташаккули ҳуқуқ ва озодиҳои муосири инсон» чорабинӣ баргузор шуд
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо – 2026 дар Париж иштирок намуд