35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Ҳисор сохтмони 4 мактаби нав ва 2 муассисаи томактабӣ шуруъ шуд
ДУШАНБЕ, 20.04.2025 /АМИТ «Ховарр»/. Ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар партави сиёсати маорифпарваронаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ноҷии Болои Ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор сохтмони бинои мактаби нав дар назди Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №41 оғоз гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор иттилоъ медиҳад.
Зимни маросими гузоштани санги асос, бунёди мактаби нав дар самти татбиқи сиёсати созандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки соҳаи маорифро дар меҳвари сиёсати иҷтимоии ҳукумати мамлакат қарор додаанд, муҳим арзёбӣ карда шуд. Инчунин хонандагон ба азхудкунии донишҳои замонавӣ, аз ҷумла фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ, риёзӣ ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят гардиданд.
Бинои мактаби нав аз ду ошёна иборат буда, дорои 16 синфхона, як толори маҷлис ва ду утоқи корӣ барои 850 хонанда дар ду баст мебошад.
Соли 2024 дар шаҳри Ҳисор 62 синфхонаи иловагӣ ва ду бинои нави мактаб мавриди истифода қарор гирифт. Ҳоло дар шаҳр бунёди 4 мактаби нав ва 2 муассисаи томактабӣ шуруъ шуда, корҳои сохтмонӣ идома доранд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ҳисор








Дар шаҳри Конибодом нуқтаҳои истироҳатӣ ва осоишгоҳи солимгардонӣ бунёд карда мешаванд
Дар ноҳияи Шаҳристон ба беҳтар намудани сатҳу сифати таълиму тарбия таваҷҷуҳи хосса дода мешавад
Дар шаҳри Ҳисор бинои мактаб, варзишгоҳ ва коргоҳи дӯзандагӣ ба истифода дода шуд
Дар даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳри Кӯлоб 53 бинои муассисаи таълимӣ ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар ноҳияи Ёвон мумфаршкунии роҳҳои маҳаллӣ идома дорад
Дар Исломобод 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҷлил намуданд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ин давра дар Бадахшон 300 муассисаи таҳсилоти умумӣ ба истифода дода шуд
Дар шаҳри Кӯлоб муассисаи таълимӣ баъди таъмиру навсозӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Восеъ иншооти гуногуни иҷтимоӣ ба истифода дода шуданд
СОЛҲОИ РУШДИ САНОАТ. Дар шаҳри Кӯлоб 77 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
ИСТИҚЛОЛИЯТИ ДАВЛАТӢ. То 1 октябр дар шаҳри Кӯлоб 493 иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ба истифода дода шудааст
Дар Минтақаи озоди иқтисодии «Кӯлоб» бинои гузаргоҳи гумрукӣ ва чоҳи амудӣ ба истифода дода шуд






