Ҳайати Тоҷикистон дар Шоҳигарии Баҳрайн таҳкими ҳамкории молиявию бонкиро баррасӣ намуд
ДУШАНБЕ, 25.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. Муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода дар Шоҳигарии Баҳрайн бо як зумра роҳбарони муассисаҳои молиявӣ ва мақомоти танзимкунандаи кишварҳои араб вохӯрӣ анҷом дод, ки зимни он масъалаҳои муҳими марбут ба таҳкими ҳамкории байнибонкӣ баррасӣ шуданд, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Бонки миллии Тоҷикистон.
Фирдавс Шарифзода аз ҷумла бо раиси Шурои парасторони Ташкилоти баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит барои ташкилоти қарзии исломӣ (AAOIFI) Шайх Иброҳим бин Халифа Оли Халифа мулоқот намуд. Зимнан роҳҳои густариши ҳамкории стратегӣ ва татбиқи стандартҳои байналмилалии муҳосибӣ ва аудити исломӣ бо мақсади баланд бардоштани иқтидори касбии кормандони низоми бонкии Тоҷикистон, инчунин масоили таҳкими робитаҳои институтсионалӣ, такмили санадҳои меъёрӣ дар самти сиёсати пулӣ барои муассисаҳои молияи исломӣ ва рушди низоми такофул баррасӣ карда шуд.
Инчунин муовини якуми Раиси Бонки миллии Тоҷикистон бо директори генералии Донишкадаи бонкӣ ва молияи Баҳрайн (BIBF) доктор Аҳмад Аш-Шайх вохӯрда, масъалаҳои таҳкими иқтидори кадрӣ, рушди молияи исломӣ ва рақамисозии низоми бонкиро муҳокима намуданд. Ҷонибҳо ҳамзамон вобаста ба зарурати ташкили даврҳои таълимии фарогир ва таҳияи барномаҳои махсуси омӯзишӣ ибрози назар намуданд.
Дар анҷоми мулоқот байни Бонки миллии Тоҷикистон ва BIBF Пайнавишти ҳусни тафоҳум ба имзо расонида шуд, ки он барои ҳамкории минбаъда дар соҳаҳои молияи рақамӣ, бонкдории исломӣ ва таҳияи стандартҳои касбӣ замина фароҳам меорад. Дар доираи сафари корӣ инчунин бо роҳбарияти Бонки марказии Баҳрайн масъалаҳои марбут ба танзиму назорат, мутобиқсозии заминаҳои ҳуқуқӣ ва кушодани ҳисобҳои муросилотӣ муҳокима гардиданд. Дар ин замина зарурати истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ дар низоми молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардида, ҷониби Баҳрайн барои мусоидат дар таҳияи санадҳои меъёрии мутобиқ ба стандартҳои бонкдории исломӣ изҳори омодагӣ намуд.
Инчунин дар вохӯрии муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Фируз Шарифзода бо директори иҷроияи гурӯҳи «Al Ahli United Bank» ва узви Шурои «Kuwait Financial House» Шади Заҳрон ҷонибҳо доир ба рушди ҳамкории молиявӣ, ҷалби сармоягузорӣ, бонкдории исломӣ, кушодани филиал ва намояндагиҳо, ифтитоҳи ҳисобҳои муросилотӣ мубодилаи афкор намуда, татбиқи таҷрибаҳои муосир, тақвияти ҳамкорӣ бо бонкҳои байналмилалӣ ва ба ин васила табодули таҷриба дар самти молияи исломиро мувофиқи мақсад арзёбӣ намуданд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон










Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад
Ба ифтихори ҷашни Наврӯз дар Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия чорабинии тантанавӣ баргузор шуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад






