Ҷаласаи якуми ҳайати Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар соли 2025 баргузор гардид
ДУШАНБЕ, 12.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷаласаи якуми ҳайати Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» дар соли 2025 таҳти раёсати раиси комиссияи озмун, муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Дилрабо Мансурӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Муовини Сарвазири Тоҷикистон иброз дошт, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» таҳти назорат ва cарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баргузор гардида, бо мақсади рушди тафаккури техникӣ, тарғиби ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайванди илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён, магистрантону докторантон аз рӯйи ихтисос (PhD), ходимони илмӣ ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ, ҳамчунин дарёфт ва муаррифии истеъдодҳои нав дар ин самтҳо гузаронида мешавад.
«Баргузории озмун давоми солҳои 2021-2024 нишон дод, ки байни ҷавонону наврасони мамлакат таваҷҷуҳ ба омӯзиши илмҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ ба маротиб зиёд гардида, барои дарёфт ва тарбия намудани мутахассисони баландихтисоси самтҳои муҳандисию техникӣ замина гардидааст. Бо мақсади боз ҳам такмил ва таҳким бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии бештари иштирокчиён дар соли 2025 дар озмун номинатсияи нав — «зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ» низ илова карда шуда, шумораи ҷойҳо барои ғолибон дар даври ҷумҳуриявӣ аз 132 ба 156 расонида шуд»,- таъкид дошт муовини Сарвазир.
Иброз гардид, ки бо дастури Сарвари давлат ҳаҷми маблағи мукофот барои ҳамаи ғолибони озмун ду баробар зиёд карда шуда, барои озмун аз Фонди захиравии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 9 миллиону 220 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид.
Раиси комиссия доир ба вазифаҳои Комиссияи ҷумҳуриявӣ ва салоҳияти он тибқи Низомномаи Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баромад карда, вазифаҳои комиссияро дар самти баргузор намудани озмун иброз намуд.
Таъкид шуд, ки ба хотири таъмини пурраи шаффофият, пешгирӣ аз ҳолатҳои баҳогузории ғайримеъёрӣ ва қонеъ гардонидани дархости иштирокчиён зарур аст, ки баргузории даврҳои сеюм ва чоруми озмун пурра ба навор гирифта шавад.
Пешниҳод гардид, ки даври якуми озмун нимаи дуюми моҳи апрел дар назди муассисаҳои таълимӣ, илмӣ ва дигар ташкилот баргузор карда шавад.
Ёдовар мешавем, ки озмуни имсола аз 8 номинатсия иборат аст:
– математика (арифметика, алгебра, геометрия);
– физика ва астрономия;
– химия;
– биология (ботаника, зоология, анатомия);
– география;
– технологияи иттилоотӣ;
– зеҳни сунъӣ ва барномасозӣ;
– ихтироъкорӣ ва навоварӣ.
Дар охир ҳайати ҷаласаи озмун барои баргузории даври аввали он ва андешидани тадбирҳои зарурӣ қарорҳои дахлдор қабул намуд.
АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Душанбе Ситод оид ба назорати истеҳсол ва сари вақт харидани либосҳои мактабӣ таъсис дода шуд
Ҳамкории Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон бо Донишгоҳи Оксфорд густариш меёбад
Дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба муносибати Рӯзи илми тоҷик Ҳафтаи илм доир мешавад
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ҷараёни татбиқи лоиҳаи таъсиси Маркази инноватсионии нассоҷӣ баррасӣ шуд
Дар Хуҷанд ғолибони даври шаҳрии озмуни «Омӯзгори сол» дарсҳои намунавӣ пешниҳод намуданд
Фестивал-намоишгоҳи сеюми байналмилалии донишгоҳҳои давлатҳои хориҷӣ дар Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт
Оид ба таҳия ва такмили китобҳои дарсӣ машварати методӣ баргузор шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ оид ба нақши Наврӯз дар ташаккули худшиносии миллӣ конференсияи илмӣ доир шуд
Иди Наврӯзро дар Коллеҷи политехникии ноҳияи Данғара пуршукуҳ ҷашн гирифтанд
Оид ба инкишофи бартарияти рақобатпазирии иқтисодиёти Тоҷикистон дар шароити муосир конференсияи байналмилалӣ доир шуд
Дар Коллеҷи техникию омӯзгории ноҳияи Рӯдакӣ озмоишгоҳи физика ба истифода дода шуд






