Ҳамкории Тоҷикистон бо ширкатҳои Италия тақвият меёбад
ДУШАНБЕ, 11.04.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкориро бо корхонаҳои ширкати италиявии «Carrera» бештар намуда, дар ин самт лоиҳаҳоро амалӣ менамояд.
Тавре аз хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд ба АМИТ «Ховар» иттилоъ доданд, масъалаи ҳамкории корхонаҳо ва дигар самтҳо зимни вохӯрии Раиси вилояти Суғд бо муассиси корхонаҳои муштараки Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Ҷавонӣ» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «САТН» ва роҳбари ширкати италиявии «Carrera» мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо шароити фароҳамшуда барои соҳибкорону сармоягузоронро ёдовар шуда, барои густариши минбаъдаи ҳамкорӣ ва татбиқи лоиҳаҳои нави муштарак изҳори омодагӣ намуданд.
Корхонаҳои муштараки «Ҷавонӣ» ва «САТН» аз ҷумлаи корхонаҳои муваффақ буда, дар бозорҳои хориҷӣ Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ менамоянд. Маҳсулоти ин корхонаҳо, ки пурра пахтагӣ аст, дар асоси фармоиши мизоҷони аврупоӣ истеҳсол гардида, ба давлатҳои Италия, Хорватия ва қисман ба Федератсияи Русия содирот карда мешавад.
АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд








Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид
Дар Душанбе истифода ва ҳифзи захираҳои обии мамлакат дар шароити тағйирёбии иқлим баррасӣ гардид
Ҷаласаи сеюми Гурӯҳи кории муштараки Тоҷикистону Покистон оид ба савдо, сармоягузорӣ ва нақлиёт баргузор шуд
Бонки миллии Тоҷикистон ба Эъломияи Кейптаун ҳамроҳ шуд
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Восеъ сохтмони иншооти таъйиноти гуногун идома дорад
Дар Душанбе натиҷаҳои COP30 ва раванди такмилсозии NDC 3.0-и Тоҷикистон баррасӣ гардид
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Дар ноҳияи Деваштич Маркази ҷумҳуриявии инноватсия ва технологияҳо дар соҳаи картошкапарварӣ таъсис дода мешавад
Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид






