Ҳамкории Тоҷикистон дар чаҳорчӯби САҲА мавриди баррасӣ қарор дод шуд

Апрель 29, 2025 13:39

ДУШАНБЕ, 29.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 28 апрел Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо раиси Ассамблеяи парлумонии Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) Пиа Каума ва ҳайати вакилони ин ниҳод мулоқот намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар мулоқот доираи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо барои истифодаи имконияти фаровон барои  густариши ҳамкорӣ дар чорчӯби се ченаки Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо – низомӣ-сиёсӣ, иқтисодӣ-муҳитизистӣ ва инсонӣ изҳори омодагӣ намуданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо таҳкими ҳамкории байнипарлумониро барои тавсеаи муносибатҳо муҳим хонданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

 

Апрель 29, 2025 13:39

Хабарҳои дигари ин бахш

РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Тоҷикистон барои пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии об тамоми кӯшишро ба харҷ медиҳад
Тоҷикистон бо Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамкориро тақвият мебахшад
Сафири Тоҷикистон дар мулоқот бо Губернатори замини Штирияи Австрия иштирок намуд
Дар Амстердам Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар Ҷумҳурии Корея таҳти унвони «Наврӯз — пули пайвандгари фарҳангҳо ва тамаддунҳо» ҳамоиш доир гардид
РАВАНДИ ОБИ ДУШАНБЕ. Чорабиниҳои иловагӣ барои таблиғи идеяҳои калидӣ платформаи иловагӣ фароҳам меоранд
Ҷашни байналмилалии Наврӯзро дар шаҳри Ҳамбург таҷлил намуданд
Дар доираи Конфронси Душанбе оид ба Даҳсолаи амал «Об барои рушди устувор» шаш ҷаласаи мавзуӣ баргузор мегардад
Дар Ҷумҳурии Корея Наврӯзро пуршукуҳ таҷлил намуданд
Бақайдгирии намояндагони ВАО барои иштирок дар Конфронси чоруми оби Душанбе оғоз шуд
Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд