Амороти Муттаҳидаи Араб аз имзои Шартнома миёни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол кард

Апрель 2, 2025 18:11

ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 2 апрел Амороти Муттаҳидаи Араб бо нашри изҳорот дар саҳифаи расмии Вазорати корҳои хориҷӣ аз имзои Шартнома миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ истиқбол намудааст. Дар ба хусус АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Амороти Муттаҳидаи Араб хабар доданд.

Вазири давлатии Амороти Муттаҳидаи Араб Аҳмад ибни Алӣ Ас-Сойиғ иброз доштааст, ки Амороти Муттаҳидаи Араб изҳори умедворӣ менамояд, ки ин созишнома ҳамкорӣ ва рушдро дар минтақаи Осиёи Марказӣ таҳким бахшида, сулҳ, шукуфоӣ ва суботро ҳам дар сатҳи минтақавӣ ва ҳам байналмилалӣ тақвият хоҳад дод.

Илова бар ин, Ас-Сойиғ бо ишора ба равобити таърихии наздик миёни Амороти Муттаҳидаи Араб ва се кишвари болозикр, пойбандии ин кишварро барои дастгирии талошҳои онҳо баҳри таҳкими сулҳ ва рушд таъкид кард. Вазири давлатӣ ҳамчунин аҳаммияти муколамаи мусолиматомезро ҳамчун роҳи ягонаи ҳалли буҳрон ва ихтилофот муҳим арзёбӣ намуд.

АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Апрель 2, 2025 18:11

Хабарҳои дигари ин бахш

Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд