Арабистони Саудӣ аз имзои санадҳои таърихӣ байни Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон истиқбол намуд
ДУШАНБЕ, 02.04.2025 /АМИТ «Ховар»/. 1 апрел Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ аз натиҷаҳои мулоқоти сеҷонибаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон муҳтарам Садир Жапаров ва Президенти Ҷумҳурии Узбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев дар шаҳри Хуҷанд, ки дар доираи он санадҳои муҳими таърихӣ – Шартнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатии се кишвар ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ ба имзо расиданд, истиқбол намуда, дар ин бора изҳороти расмӣ интишор дод. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Арабистони Саудӣ хабар медиҳад.
Дар изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Шоҳигарии Арабистони Саудӣ чунин омадааст:
«Вазорати корҳои хориҷӣ истиқболи Шоҳигарии Арабистони Саудиро аз имзои Шартномаи сеҷониба миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Узбекистон дар бораи нуқтаи пайвастшавии сарҳадҳои давлатӣ ва Эъломияи Хуҷанд доир ба дӯстии абадӣ байни се кишвар баён менамояд.
Шоҳигарӣ табрикоти самимии худро ба ҳукуматҳо ва мардумони Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбекистон дар робита ба имзои Шартнома тақдим намуда, ба онҳо суботу шукуфоии бардавом таманно дорад».
АКС: Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон










Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад
Тоҷикистон ба Конвенсияи СММ бар зидди ҷиноятҳои киберӣ имзо намуд






